arzon replenishment
Қадрдонии сарбози ҳалокшуда аз ҷониби Президенти кишвар
542

Ба падари сарбози шаҳид Сабриддин Ҷумаев, ки сокини деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсуми ноҳияи Рашт мебошад, медали «Ҷасорат» супорида шуд.

Дар маросим супоридани мукофот меҳмонон, кормандони дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ва пайвандони сарбози шаҳид иштирок намуда, иброз доштанд, ки хидматҳои афсарон ва сарбозоне, ки ҳангоми ҳимояи марзи давлатӣ ба шаҳодат расидаанд, сарфи назар нагашта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Ин мукофоти давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти кишвар ба падари сарбози шаҳид Ҷумаев Сабриддин тақдим шуд, нишони равшан ва барҷастаи арҷ гузоштан ба хизмати афсарон ва сарбозонест, ки марзи давлат, Ватан ва миллати худро ҳимоят мекунанд ва дар таъмини сулҳ субот ва амният саҳми назаррас мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо медали «Ҷасорат» хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсон барои ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар вазъияти барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои шадид, ки бо наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошад (ҳангоми ғарқшавӣ, сўхтор, офатҳои табиӣ), сарфароз гардонида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД