arzon replenishment
Ҷабри шавҳар занро зиндагибезор намуд
1264

Солҳои охир хушунату зӯроварӣ алайҳи занону духтарон дар ҷомеаи мо ба мавзӯъи доғи рӯз табдил ёфта, хабари лату кӯби шадид, озор, расонидан то ба худкушӣ ё куштори бераҳмонаи бонувон аз ҷониби шавҳар, падар, бародар ва дигар намояндагони ҷинси зариф тез-тез дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад.

Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти боз як мард барои зӯроварӣ нисбат ба зан хабар додааст. Гумонбаршаванда ҳамсарашро чунон бераҳмона лату кӯб кардааст, ки зан дигар ба ҷабри шавҳар тоб наоварда, қасди худкушӣ намудааст.

Ҳодиса дар ноҳияи Варзоб рӯзи 27-уми январи соли 2024, тахминан соати 17:30-дақиқа сар зада, мард дар манзили истиқоматиашон зани 30-солаашро бе сабаб бо истифода аз лулаи резинӣ (шланг) чунон бераҳмона лату кӯб кардааст, ки зан дигар ба ҷабру зулми шавҳар тоб наоварда, бо мақсади худкушӣ бо корд банди дасти чапашро бурида, 30-адад дорувориҳои гуногун ва маҳлули “Сирко”-ро нӯшидааст.

Ҷавонзанро дар ҳолати вазнин бо заҳролудшавии шадиди бадан ба беморхона бурда, мард барои амалҳои содиркардааш аз ҷониби мақомот боздошт шудааст. Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД