Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки “ҳамасола 100 нафар донишҷӯёни фаъол ва аълохон аз маблағи шартнома озод карда мешаванд. Ҳамзамон донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойи аввал ва ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, 50%-75% аз маблағи шартнома озод карда шуда, бо сипосномаю туҳфаҳои хотирмон ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд”.
Дар идомаи нишаст ректор афзуд, ки “дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” 1 нафар донишҷӯйи ДДМИТ аз рӯйи номинатсияи технологӣ ва технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи аввал, 1 нафар аз рӯйи номинатсияи технологӣ ва технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи дуюм ва дар озмуни “Беҳтарин барномасоз” 1 нафар аз рӯйи номинатсияи лоиҳаи инноватсионӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯйи номинатсияи “Даставӣ-амалӣ” ҷойи якум, аз рӯйи номинатсияи “Даставӣ-назариявӣ” бошад, ҷойи дуюмро сазовор гардиданд”.
Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳ айни ҳол беш аз 341 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, давлатҳои ҳамсояамон Афғонистон, Чин ва Федератсияи Россия дар зинаҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд.