Formula novemver 2024
27 -сирри хушбахтии оилавӣ
3388

Аксарият аз зиндагии худ шиква мекунанд. Ин шиквакуниҳо бо гузашти айём, бешак ба хушунати хонаводагӣ оварда мерасонад.

Сабаби хушунат дар бештари оилаҳо ин дуруст ба роҳ намондани муошират миёни зану шавҳар аст. Донишманди маъруф, Дейл Карнегӣ дар китоби худ "Ойини дӯстёбӣ" (ва рамзи нуфуз дар мардум), якчанд нуктаҳоеро қайд мекунад, ки барои хушбахт шудани оилаҳо мусоидат мекунанд. Ӯ тавсияҳои худро дар ду бахш "барои шавҳарон" ва "барои хонумҳо" баён менамояд, ки ҳамагӣ барои саодатманд шудани оилаҳое, ки дар гирдобӣ нофаҳмӣ ғарқанд, кӯмак хоҳад кард. Ҳамчунин ӯ ҳафт дастури муҳимеро қайд менамояд, ки барои мустаҳкам шудани оила мусоидат мекунанд.

Барои шавҳарон

1. Оё ҳанӯз ҳам бо додани дастагуле гоҳ-гоҳ зани худро мавриди лутфу меҳрубонӣ қарор медиҳед? Ва бо ба хотир овардани рӯзи таваллудашу рӯзи издивоҷатон ва бо изҳори таваҷҷӯҳи ғайричашмдошт ӯ хонуматонро мавриди лутфу дӯстдорӣ қарор медиҳед? Ва дӯстиву муҳаббати худро ба ӯ изҳор мекунед?
2. Оё эҳтиёт мефармоед, ки дар ҳузури дигарон ӯро сарзаниш накунед?
3. Оё пуле дар ихтиёраш мегузоред, то барои эҳтиёҷоти шахсии худаш сарф кунад?
4. Оё ҳангоме, ки хаставу дилтанг ва дучори заъфу асабоният аст, ба ӯ ҳамдардӣ мекунед?
5. Оё ҳадди ақал ниме аз соатҳои истироҳати худро сарфи сӯҳбат бо ӯ менамоед?
6. Оё аз муқоисаи ошпазиву хонадории ҳамсари худ бо модаратон ва ё хонумҳои дӯстонатон худдорӣ мекунед, ба ҷуз ҳангоме, ки ин муқоиса барои пешрафти ӯ бошад?
7. Оё нисбат ба зиндагии ақлониву хушгузаронии ӯ аз қабили хондани китобҳо, рафтан ба анҷуманҳо ва изҳори ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ изҳори майл мефармоед?
8. Оё бидуни он ки аз худ рашку ҳасаде нишон бидиҳед, иҷоза медиҳед, ки бо дигарон таваҷҷӯҳоти дӯстона дошта бошад?
9. Оё омода ҳастед, то ҳамвора ӯро тарғибу ташвиқ намуда ва мавриди ситоиш қарор бидиҳед?
10. Оё аз вай ба хотири хурдтарину кӯчактарин коре, ки бароятон анҷом медиҳад, монанди дӯхтани тугмаву фиристодани либосҳоятон ба либосшӯй ва таъмири ҷӯробҳоятон ташаккуру қадрдонӣ менамоед?
Барои хонумҳо
1. Оё ба шавҳаратон озодии комил барои расидагӣ ба корҳои идориву бозаргонии ӯ медиҳед ва аз интиқоду сарзаниш кардан дар бораи интихоби котиба ва дер омадани ӯ ба хона худдорӣ мефармоед?
2. Оё беҳтарин кӯшиши худро барои ҷаззоб сохтану зебо кардани хона ба харҷ медиҳед?
3. Оё метавонед ғизоҳои гуногунранге бипазед, ки шавҳаратон қабл аз нишастани сари миз қодир ба тахмин задани ин ки дар сурфа чист набошад?
4. Оё саъй мекунед, то аз кори шавҳаратон маълумоте ба даст оваред, то дар ҳангоми зарурат бо бинишин вофир бо вай ба гуфтугӯ машғул шавед ва бо изҳори ақидаи худ ӯро кӯмак намоед?
5. Оё тавоноӣ доред, ки шуҷоъона бо тангдастиву мушкилот мубориза намоед. Ва шавҳари худро аз шикастҳое, ки дучораш шуда сарзаниш накунед ва ҳаргиз ӯро бо мардони комёбу муваффақ муқоиса накунед?
6. Оё самимона саъй мекунед, то бо модари шавҳару дигар хешовандони ӯ созгор бошед?
7. Оё дар интихоби либосу ранги онҳо завқу салиқаи шавҳари худро дар назар мегиред?
8. Оё барои ин ки ҳамоҳангие дар зиндагиатон ба вуҷуд биояд, аз ихтилофи назарҳои ҷузъӣ чашмпӯшӣ мекунед?
9. Оё саъй кардед, бозиҳоеро, ки шавҳаратон дӯст дорад, биомузед ва бад ин тартиб дар истироҳати ӯ саҳмгузор бошед?
10. Оё аз ахбори рӯз ва китобҳои навину ақидаҳову афкорт илмии тоза огоҳӣ меёбед, то бад-ин васила ҳамсӯҳбат шудан ва ҳамнишаст гаштан бо шумо судманду ҷолиби таваҷҷӯҳ бошад?
Ҳафт дастур барои он, ки зиндагии хонаводагии худро саодатманд кунед:
1. Ҳаргиз ва ҳаргиз маломату сарзаниш накунед.
2. Талош накунед, то ҳамсари худро тағйир диҳед, балки ӯро ҳамон тавр ки ҳаст бипазиред.
3. Аз интиқод кардан бипарҳезед.
4. Самимона аз ҳамсари худ қадрдонӣ кунед.
5. Бо лутфу меҳрубониҳои ҷузъӣ ба нуктаҳои ҳассоси зиндагии заношӯӣ таваҷҷӯҳи бештаре намоед.
6. Нисбат ба ҳамсари худ боадаб бошед.
7. Китобҳои муфиду судмандеро, ки дар бораи масъалаҳои ҷинсӣ нигошта шудаанд мавриди мутолиа қарор бидиҳед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД