- Виӣ, ин Абдурозиқ нест?
- Ба фикрам худи худаш.
- О чӣ хел, вай бе Барон дар кӯчаҳо қадам намезанад?!
- Пас ин кӣ бошад! Наход Абдурозиқ “двойник” дошта бошад?
-Ин суолҳое буданд, ки ман ва ҳамкорам Наврӯзмоҳ байни худ атрофи он баҳс мекардем. Тоқати Наврӯзмоҳ якбора тоқ шуда, "ҳар чӣ бодо бод" Абдурозиқ гӯён исмашро бо садои баланд фарёд кард, вале ӯ як маротиба ба пасаш нигаристу роҳашро идома додан гирифт. Пиёдароҳро гузаштан замон, баногоҳ Абдурозиқ аз пеши чашмонамон ғайб зад. Куҷо шуд, наход ӯро дигар набинем, ақаллан як - ду сухан баҳри хонандагони сомонаи “Оила” мегуфтам ба Наврӯзмоҳ.
Баногоҳ чашми ҳамкорам ба онҳо афтод, ки зинапояҳои дорухонаи рӯ ба рӯи маркази савдои “ЦУМ”-ро поён мешуданд.
Ина, ёфтам гӯён Наврӯзмоҳ маро сарзаниш кард, ки “ борҳо ба ту гуфтам, ки каме дав то шикамат хароб шавад, агар ҳамин хел мулоим роҳгаштан гирӣ, шикамат аз Шрек бадтар мегардад” ҳазлкунон гуфта, маро маҷбур кард, ки сурати роҳгардиямро тезонам.
Ҳамин тавр мо ба осонӣ онҳоро дар дохили дорухона дарёфтем.
-Салом Абдурозиқ , наход моро нашиносӣ? Ин қадар дар бораат менависему аз навигариҳоят ба мухлисонат хушхабар медиҳем.
-Бубахшед, ман саросема будам, овозатона дар ин ғалоғулаи талабаҳои мактаб нашунида мондам.
-Ҳеҷ гапне, бо шумо як акси хотиравӣ гирем, розиед?
-Бе чуну чаро марҳамат, ман низ мехоҳам бо шумо акс бигирма.
Баъди аксбардорӣ Абдурозиқ гуфт, ки мехоҳам ба воситаи сомонаи “Оила” таманиёти хешро бахшида ба “Рӯзи дониш”ба ҳамаи мухлисонам ва маҳз онҳое, ки имрӯз қадами аввалини худро ба боргоҳи дониш мегузаронанд бирасонам.
“Ҳамаатон зинда бошетон!
Бигзор рӯзи аввали хонашатон бобарор бошаду соли охири таҳсилро бо муваффақият бо баҳои хубу аъло ба анҷом расонед ва дуогӯи онам, ки Худованд зудтар аз сари мардуми кишварамон ин коронавируси аждаҳорсифатро дур гардонад. Боқӣ, сиҳатманду обод бошед!
Раҳматномаи худро ба Абдурозиқ баён намуда, барояш қуллаҳои аз ин баландтаринро орзу намудем.