Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз дар бораи нақшаву ниятҳо ва нақшаҳои дарозмуддат фикр накунеду уҳдадориҳоеро, ки ба назар дилфиреб менамоянд, ба душ нагиред. Хатари ба дом афтидану аз он раҳо наёфтанатон зиёд аст. Кӯшиш намоед, ки дар вақташ хӯрок хӯрда, сари вақт хоб кунед, вагарна нотоб шуданатон эҳтимол дорад.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи бобарорест барои нафароне ки таваккал накарда, бо маслиҳату роҳнамоии наздиконашон амал мекунанд. Табъатон хира гашта, қаҳру ғазаб боиси ранҷиши атрофиён ва шахси дӯстдоштаатон мегардад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон навигариҳои гуворо имконпазир аст. Ба саломатӣ диққат дода, бештар дар ҳаракат бошед.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Барои шумо рӯзи ғайриодӣ фаро мерасад: ҳатто бо нафаре, ки бори аввал шинос мешавед, забон ёфтанатон осон мешавад. Наздикон дар бисёр корҳоятон дастгирӣ мекунанд. Саломатиро эҳтиёт кунед, ҷароҳати хурд бардоштанатон имконпазир аст. Ба сару либос ва симои худ диққати хоса диҳед, вагарна аз нони даҳонатон мемонед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имкони беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ пайдо мешавад. Сари вақт ба қароре омада тавонистанатон боиси пешравӣ мегардад. Вақти бештари худро дар ҳавои тоза ва доираи нафарони ба дилатон писанд гузаронед. Дар хона боэҳтиёт бошед, бо сабаби фориғболии шумо бисёр чизҳо имрӯз мешикананду вайрон мешаванд.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Дар ин рӯз ҳамагӣ чанд сония кифоя аст, ки шумо сари калобаи худро гумм карда, ба моҷаро гирифтор шавед. Барои ба худ омаданатон вақти зиёд лозим мегардад. Муносибататон бо наздикон бо сабаби хафагиву нобоварӣ вайрон мегардад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Бештар истироҳат намоед ва дӯстдоштаи худро эрка карданро фаромӯш насозед.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Қаҳру ғазаби худро дар назди дӯстон нишон надиҳед, вагарна нафаре аз шумо сахт меранҷад. Хабар ё ҳодисаи ногаҳоние ба зиндагиятон тағйиротҳои куллиро ворид месозад. Ба дарду ғами шахси дӯстдошта ё ҳамсари худ шарик шавед. Нисбати саломатӣ бепарвогӣ зоҳир накунед.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Имрӯз бояд хеле боинтизом бошед, то ки ба хатогиҳо роҳ надиҳед. Маблағҳои худро дар ҳолати саросемагӣ сарф накунед. Мушкилиҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, дар оянда душвориҳои зиёдеро ба саратон меоранд. Ҳар хабаре, ки мешунавед, то кадом андоза ҳақиқат доштанашро муайян намоед.
Ҳут (21 феврал- 20-март)
Дар ин рӯз на танҳо аз уҳдаи тамоми корҳои душвору мушкилиҳо мебароед, балки хоҳиши кор карданатон зиёд мегардад. Меҳнатҳои кардаатон самараи нек медиҳанд. Дар ин рӯз истироҳатро низ фаромӯш накунед, вагарна саломатиро аз даст медиҳед.