Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2022
2450

 Ҳамал

Рӯзи чандон бад нест, аз таҷрибаи дигарон сабақ гирифта, барои худ бозёфтҳои нодире кашф мекунед. Нафаре аз меҳрубонии шумо истифода бурдан мехоҳад. Ҳангоми фориғ аз кор наздикони худро фаромӯш насозед. Меҳрубонии шумо дили дӯстдоштаатонро бештар гарм месозад. Саломатӣ дар ин рӯз ташвиш намедиҳад. Вазъи молиявӣ бе тағйир мемонад.

 

Савр

Рӯзи хеле бобарор аст. Аз тамоми имкониятҳо барои худ фоида ба даст меоред. Бо осонӣ рақибонро мағлуб намуда, душманонро дар ҳоли ногувор мегузоред. Шубҳаву гумонҳое, ки нисбати шахси дӯстдошта пайдо шуда буданд, рафъ мегардад. Ба бемории гурда ва дарди миён фориғболӣ накарда, зуд аз пайи табобат шавед. Маоши худро яку якбора сарф накунед.

 

Ҷавзо

Маблағи худро барои хариди беҳуда сарф накунед. Шубҳаву гумонҳое, ки нисбати шахси дӯстдоштаатон вуҷуд дорад, бо маслиҳати дӯсти беҳтарин рафъ сохта метавонед. Таҷрибаву дониши доштаатон дар роҳи тиҷорат кӯмак мерасонанд. Кӯшиш намоед, ки аввалин нишонаҳои бемории зукомро табобат намуда, ба реша давондани беморӣ имкон надиҳед.

 

Саратон

Дар ин рӯз орзуву хаёлҳои дастнорасро аз сар дур созед. Дар ҷодаи муҳаббат ба шахсе ошиқ шавед, ки ба қадри ишқатон мерасида бошад. Саломатиятон хуб аст, вале ба ҳар ҳол ба хасташавӣ роҳ надиҳед. Маблағи пулиеро, ки интизор ҳастед, дар ин рӯз ба даст оварда наметавонед.

 

Асад

Рӯзи бобарор аст, комёбиҳои корӣ камбудиву ғалати рӯзҳои пешинро рафъ месозад. Мушкилиҳои молиявие, ки аз рӯзҳои пеш боқӣ мондаанд, яку якбора роҳи ҳалли худро меёбанд. Дар муносибат бо шахси дӯстдошта ҷонфидо бошед, муҳаббататон ҳатман қадр карда мешавад. Ба бемории меъдаву рӯда диққати хоса диҳед.

 

Сунбула

Дар масъалаҳои молиявӣ аз тамоми роҳу воситаҳои дастрас истифода бурда, муваффақ шуда метавонед. Дар ҷодаи муҳаббат шитоб карданатон лозим аст, вагарна ёрро аз даст дода, сахт руҳафтода шуда, чанд муддат ба худ омада наметавонед. Бемории меъда баногаҳ хуруҷ намуда, иштиҳоро гум мекунед.

 

Мизон

Дар назди нафароне, ки пайваста гуноҳу камбудии шуморо меҷӯянд, аз комёбиҳои касбу кор ва маоши худ ҳарф назанед. Маблағи пулиеро, ки ба даст меоред, овоза накунед. Агар сабабгори ҷангу муноқиша будан нахоҳед, нисбати наздикони худ танқидро раво набинед. Агар ошиқ шуда бошед, дӯстдоштаи худро аз даст надиҳед. Бегоҳирӯзӣ барои муносибатҳои ошиқона созгор аст.

 

Ақраб

Рӯзи серташвиш аст, рафти ҳодисаҳои имрӯзро тағйир дода наметавонед. Бе дастгириву кӯмаки дӯстону наздикон аз уҳдаи коре баромада наметавонед. Дар масъалаҳои молиявӣ тағйирот дида намешавад. Аз бепарвоиву серкориятон шахсе, ки дӯсташ медоред, меранҷад. Бехобиятон бо сабаби нооромии асабҳо ва ташвиши зиёд аст.

 

Қавс

Дар масъалаҳои молиявӣ хеле эҳтиёткор бошед, эҳтимоли аз даст додани маблағи калон вуҷуд дорад. Танҳо ба ҳамкорони дилпур бовар кунед. Эҳтимоли бо шахси дӯстдошта муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Ба шахсе, ки ошиқ мешавед, хубтар зеҳн монед, вагарна ба доми фиреб меафтед. Бо дӯсти наздикатон муноқиша мекунед. Лимучой бо асал на танҳо хобатонро бароҳат, балки хастагиро рафъ месозад.

 

Ҷаддӣ

Бо сабаби ҷамъ шудани мушкилиҳои зиёд, рӯзи вазнин меояд. Ба шахсе, ки дӯсташ медоред, туҳфаи қиматбаҳо тақдим кардан мехоҳед. Агар вазъи молиявиатон имкон медода бошад, харидани туҳфаро ба таъхир нагузоред. Дар мушкилиҳои ба саратон омада, ба маслиҳати дӯстон гӯш андозед.

 

Далв

Дар ҷодаи касбу кор муваффақиятро интизор бошед. Дар ҳаёти далвҳои ошиқ мушкилоти зиёде сар мезанад. Дар ҳолати асабонияту инҷиқӣ ба меҳмонӣ рафтанро тавсия намедиҳем. Дар масъалаҳои молиявӣ бошад, пешравиҳо дида мешавад. Аз пайи ташвиши рӯзгор саломатиро фаромӯш насозед.

 

Ҳут

Дар ин рӯз аз мушкилиҳои пешомада наҳаросед. Танбалӣ кардану кори имрӯзро ба фардо гузоштанро маслиҳат намедиҳем. Бурдбории молиявиатон аз корчаллонии шумо вобастагӣ дорад. Асабонияти пайдошударо рафъ кардан душвор мегардад. Аз пайи мустаҳкам сохтани вазъи саломатӣ шавед. Аввалин шуда, бо шахси дӯстдоштаатон оштӣ шавед ва ҳарфҳоеро, ки боиси ранҷишаш мегардад, ба забон наоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД