Ҳамал (21 апрел-22 май)
Рӯзи ноорому пурмоҷарост, нимаи дувуми рӯз воқеаҳои гуногун ҷараён мегиранд. Тавакалӣ кор накунед, аз ҳангомаҷӯӣ дур бошед. Корҳои муҳиму масъулиятнокро беҳтараш ба ягон вақти дигар гузоред. Дар муносибатҳои ошиқона баъзе мушкилиҳо сар мезананд ва корҳоятон нотамом мемонанд.
Савр (21 апрел-22 май)
Ин рӯзро пурра ба истироҳат ва санъат бубахшед. Ба мулоқотҳои ошиқона равед. Агар аз хариди калон худдорӣ намоед, беҳтар аст, зеро хатари сарфи бисёр ва харидани моли бесифат зиёд аст. Эҳтимол баъзе моҷароҳои нохуш рӯй диҳанд, вале то охири ҳафта роҳи ҳалли онҳоро пайдо хоҳед кард.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз баъзе низоъҳои оилавӣ шуморо ташвиш медиҳанд. Сабаби асосии нофаҳмиву ҷанҷолҳо мушкилоти иқтисодӣ ва ба якдигар гузашт накардани зану шавҳар аст. Фаромӯш насозед, ки барои хӯҷаини хона шудан бояд бофаҳм ва таъмингари 100 % -и оила бошед. Бо дӯғу пӯписа ин кор ба шумо муяссар нахоҳад шуд. Охири рӯз даромади хуби пулӣ ба даст меоред.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯз нисбатан ором ва бобарор мегузарад. Нафароне, ки ба савдо машғуланд, бурди калон мекунанд. Мушкилоти дерин ба осонӣ ҳал мешаванд. Барои хариди калон рӯзи мувофиқ аст. Аз истеъмоли зиёди хӯрокҳои вазнинҳазм ва бирёнӣ худдорӣ намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи пурҳаводис буда, пур аз воқеаҳои хотирмон аст. Нимаи аввали рӯзро барои рафъи мушкилоти корӣ сарф намоед. Нафарони муҷаррад метавонанд ба дӯстдоштаи худ изҳори муҳаббат намоянд ё ба хостгорӣ раванд. Дарди миён ва сутунмӯҳра дер боз шуморо азият медиҳад. Беаҳамиятӣ накунед, ба назди духтур равед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар дар иҷрои корҳо саросема нашуда, ба асабоният роҳ надиҳед, муваффақият насибатон мегардад. Рафтори беандеша боиси сар задани нохушиҳо гашта метавонад. Дар муошират бо пайвандон таҳаммул ва сабрро пеша кунед. Охири рӯз ситораҳо сафари роҳи дурро пешгӯӣ мекунанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Нисбат ба рӯзҳои гузашта имрӯз бобарортар хоҳад буд. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат воқеаҳои хеле аҷиб рух медиҳанд. Шумо ғайри чашмдошт ошиқу шайдои касе мешавед ва дилатон шабу рӯз ба ёдаш гум хоҳад зад. Мизонҳои эҷодкор ба барору муваффақиятҳои зиёд ноил мешаванд. Охири рӯз ба сафари берун аз шаҳр равед. Дилдодаатонро ба тамошои филм даъват кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Барои амалӣ намудани идеяҳои тоза рӯзи мувофиқ аст. Дар ҳалли масъалаҳои ҷиддӣ ба фикри ҳамсаратон гӯш диҳед. Сирри касеро, ки ба шумо бовар кардааст, фош насозед. Фаромӯш насозед, ки ҳар амалеро подошест. Ба дудилагӣ роҳ надиҳед, қадамҳоятонро ба сӯйи мақсад устуворона гузоред. Саломатиатон хуб буда, давоми рӯз ташвиш намедиҳад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз дар ҳаётатон тағйиротҳои куллӣ ба амал меоянд. Воқеаҳои хушу хотирмони имрӯзро шумо дер боз аз хотир намебароред. Зиёд ба хислати кунҷкобиатон дода нашавед вагарна ба саратон бало меоварад. Давоми рӯз аз додан ва гирифтани қарз худдорӣ намоед. Фикри хиёнат кардан ба ҳамсарро аз сар дур кунед. Фаромӯш насозед, ки агар ҳавасатон ба моли бегона шавад, моли шуморо низ рабуданашон мумкин.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ин рӯз ҷаддиҳо бояд нисбатан эҳтиёткор бошанд. Нохушиҳо ногаҳонӣ яке пайи дигар сар задан мегиранд. Барои эмин мондан аз мушкилот ва осеб надидан аз ҷойҳои серодам ва сафари роҳи дур худдорӣ намоед. Аз муошират бо одамони бегона дурӣ ҷӯед. Ронандагон дар роҳ ва барқчиён ҳангоми кор бо қувваи электрикӣ эҳтиёткор бошед. Ба меҳмонӣ рафтанро низ тавсия намедиҳем.
Далв (21 январ-20 феврал)
Шумо бояд мушкилиҳои оилавиро дар мадди аввал гузоред. Хонаатонро таъмир кунед, масъалаҳои вобаста ба манзилро ҳал намоед. Ҳамеша фикру хаёлатон ба кор банд буда, аз наздикон фарсахҳо дур шудаед. Ҳарчанд зери як бом умр ба сар мебаред, аз дарди дили ҳамсаратон хабар надоред. Сафари берун аз шаҳр ҳамроҳи наздикон ба манфиати кор хоҳад буд. Саломатиатон низ хуб аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Ҳутҳо нисбати зодагони дигар бурҷҳо батолеъ ҳастанд. Ягон ҷамъомади дӯстона бе ширкати шумо хуш намегузарад. Рӯз барои харид низ мувофиқ аст. Дар коргоҳ ҳарчанд ягон навгонии хуше дар назар нест, вале мушкилоте низ дида намешавад. Барои пешгирӣ аз хурӯҷи бемориҳои ирсӣ нисбат ба он чизе, ки истеъмол мекунед бодиққат бошед. Вохӯриҳои ошиқона дар назар нест.