Ҳамал (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯзҳо ба пули калон ниёз пайдо мекунед, аз ин рў, пешакӣ аз паи ҷустуҷўи сарчашмаи даромад шавед, вагарна аҳволатон бад мешавад. Нимаи дуюми рӯз нафарони коргарро баландравӣ дар вазифа дар назар аст. Муносибатро бо ҳамкоронатон хубтар кунед, вагарна хавфи афзудани сафи душманон ба вуҷуд омада, мансаби хубро аз даст медиҳед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ҷодаи ишқ баъзеҳо ба нокомӣ дучор мегарданд. Рашк боиси сар задани ҷангу ҷидол байни ошиқон ва низоҳои оилавӣ мегардад. Барои худсафедкунӣ кўшиш накунед, зеро ин коратон болои оташ равған рехтанро мемонад. Охири рӯз хастагиро ҳис намуда, саврҳои роҳбар майли истироҳат мекунанд, вале корҳои нотамом дарди сар мешаванд.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Мушкиливу нобарориҳое, ки аввали рӯз дучори он мегардед, ба зудӣ рафъ мегарданд, аз ин рӯ, дарҳол руҳафтода нагардед. Миёнаи рӯз нафаре ба кӯмаки шумо ниёз пайдо мекунад. Шиносоии тасодуфӣ нафарони муҷаррадро чунон хушбахт месозад, ки тамоми мушкилоташонро фаромўш мекунанд. Агар зиракӣ кунеду муносибатро қавитар гардонед, шояд пӯшидани ангуштарини никоҳӣ насибатон гардад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи нав ба мушкилӣ ва нобарориҳо муқобилият карда, дар зиндагиатон дигаргуниҳоро ворид намудан мехоҳед. Дурандешӣ намуда, ҳаётатонро ширину биҳиштосо гардонда метавонед. Нимаю дуюми рӯз душманон бо мақсади нопок саратонҳои кордонро дар назари роҳбарият сиёҳ карданӣ мешаванд. Худро ба даст бигиред, асабҳоятонро эҳтиёт кунед, вагарна саломатиятонро аз даст медиҳед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар масъалаи пул эҳтиёткор бошед, вагарна тиҷорататон касод мешавад ё ба моҷарои судӣ гирифтор мешавед. Ҳангоми имзо гузоштан дар ҳуҷҷатҳо ҳушёр бошед. Нимаи дуюми рӯз орзуи деринатон ҷомаи амал мепўшад, вале мушкиле пеш меояд, ки хурсандиатонро тира месозад. Озурда набошеду сарриштаи корро ба даст бигиред.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Бо наздикон бесабаб дағалӣ карда, онҳоро наранҷонед. Нафарони муҷаррадро хушхабар интизор аст. Ошиқатон таклифи изидивоҷ мекунад. Зиёд фикр накунед, зеро айёми беҳтарин барои никоҳ фаро расидааст. Ошиқатонро наранҷонед, вагарна хавфи аз даст додани ишқу бахт гиребонгиратон мегардад. Нафареро вомехӯред, ки чанд муддат дар ҷустуҷӯяш кафшҳоятон ғалбер гашта буданд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ҳис мекунед, ки ошиқатон сарду бепарво гаштааст. Албатта чунин рафтори азизи дил аламовар аст, вале аз таънаю маломат худдорӣ намоед. Рашку шубҳаю гумонро дар дилатон ҷой надиҳед. Оташи ишқи ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ хомўш намешавад. Бо кӯмаки дӯстон каме даромад ба даст меоред. Кўшед, ки маблағро барои ободии рўзгоратон сарф кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи нав дар касбу коратон мушкилӣ сар мезанад. Дар назди ҳамкорон роҳбариятро ғайбат накунед, вагарна ҷои гарматон сарду аз кори сердаромад маҳрум мегардед. Нимаи дуюми рӯз дар роҳ эҳтиёт бошед, чунки ба садама дучор шуданатон аз эҳтимол дур нест. Умуман, бояд саломатии худро сахт эҳтиёт намоед. Барои хариди ашё ва камбудиҳои рўзгор ба бозор наравед, вагарна аз пул танқисӣ мекашед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, дар муносибат бо шарикони тиҷоратӣ дучори мушкилиҳо мегарданд. Агар дағалӣ ва интиқомҷӯиро бас накунед, тамоми меҳнататон барбод меравад. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат корҳоятон чандон хуб нест. Рашк бархе аз зодагони бурҷи қавсро аз дилдодаҳояшон ҷудо месозад. Хавфи сар задани моҷароҳои оилавӣ ҳам вуҷуд дорад, аз ин рў, бахтатонро аз даст надиҳед. Кӯшиши табобат кардани бемориҳои музминро бо усули худтабобаткунӣ накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи нав нафароне, ки бо кори савдо ва тиҷорат машғуланд, даромади калони пулӣ ба даст меоранд. Нимаи дуюми рӯз бо кўмаки дўстонатон бо шахсе шинос мешавед, ки дари комёбиҳоро ба рўятон мекушояд. Ҷумъа дар оилаатон каме нофаҳмӣ сар зада муносибатҳоро сард месозад. Агар ақлро кор фармоеду ғазабатонро фурў нишонед, моҷаро бо хушӣ ҳал мешавад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Агар корҳоятонро сари вақт ба анҷом нарасонед, мушкилиҳои нав пайдо шуда, асабҳоятонро хароб хоҳанд кард. Нимаи дуюми рӯз вазъи саломатиятон каме бад мешавад. Хавфи баланд гаштани фишори хун ва ба сактаи дил гирифтор шудан вуҷуд дорад, вале аз ташхиси духтур гузашта, хурӯҷи бемориҳоро пешгирӣ намудан мумкин аст. Охири рӯз ошиқатон бо туҳфаи хурд, вале арзишноке табъатонро болида мегардонад. Барои гуфтани рози дил айёми беҳтарин аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Аввали рӯз мекушед корҳоеро, ки пештар аз уҳдааш намебаромадед, ба анҷом расонед. Барор гирифтани корҳоятон рашки душманонро меорад. Нимаи дуюми рӯз меҳмонҳоро интизор бошед. Омадани онҳо дари бахтро ба рўятон мекушояд. Охири рӯз даромади калони пулӣ имкони баргардонидани қарзҳоятонро медиҳад.