Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯз барои тағйир додани муҳит созгор аст. Масалан, шумо метавонед, ки корҳоятонро як сӯ гузошта, ба истироҳату дилхушӣ машғул ва аз кор фориғ шавед. Машғул шудан ба варзиши сабук ба шумо фоида дорад. Дар давоми рӯз ба касе қарз надиҳед ва аз касе ҳам қарз напурсед.
Савр (21 апрел-20 май)
Агар ба корҳои худ диққати ҷиддӣ диҳед, ба осонӣ ба ҳадафҳои худ мерасед. Кӯшиш намоед, бо нафароне, ки ба шумо пайваста кӯмак мерасонанд, муносибати хубу самимӣ дошта бошед. Саврҳои муҷаррад дар ин рӯз бахти деринтизори худро пайдо карда, шоду масрур мешаванд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз хабари хуши мешунидаатон табъи шуморо болида месозад. Саломатии худро аз боду ҳавои номусоид эҳтиёт кунед ва бештар об нӯшед. Эҳтимоли аз лоторея бурд кардани маблағи на он қадар калон вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои корӣ бо шарикони боэътимод ҳамкорӣ кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ба васвасаҳо дода шуда, интихоби нодуруст мекунед, ки баъдан пушаймон хоҳед шуд. Боварӣ ба худ имкон медиҳад, ки корҳоятонро дар вақташ ба сомон расонед. Нафаре, ки ба ӯ эътимод мекардед, аз дӯстӣ бо шумо даст мекашад. Ба саломатиатон аз пештара бештар диққат диҳед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз бо ҳар нафаре, ки суҳбат мекунед, боэҳтиёт бошед. Баъзе ҳамсуҳбатони шумо гург дар либоси гӯсфанданд. Бо нафарони ношинос дарҳол дӯстӣ накунед, эҳтимол, онҳо қаллоб буда метавонанд. Хушмуомила ва суботкор будан калиди муваффақияти шумо хоҳад буд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Рӯз барои сафари роҳи дур хуб аст. Барои гуфтушунидҳои корӣ низ рӯзи бобарор аст. Вақти худро ба масъалаҳои дувумдараҷа сарф накунед. Беҳтараш корҳои муҳимро дар мадди аввал гузоред. Даромади иловагӣ дар назар аст, аммо хариҷи беҳуда накунед, вагарна сахт бепул мемонед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар ҷои кор аз баъзе амалҳои қаблан кардаатон хиҷолат мекашед. Беҳуда худро асабӣ мекунед, ки оқибати хуб надорад. Оилаи шумо ба кӯмакатон ниёз дорад. Дарди дили онҳоро ҳам гӯш карда, хостаҳояшонро амалӣ созед, зеро вақтҳои охир ба кор дода шуда, нисбати эшон бепарво шудаед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки аз кормандони мақомотҳои болоӣ худро эҳтиёт кунед. Рӯз барои оғози тиҷорат бобарор нест, ба ҳамин хотир, ин корро ба вақти дигар ба таъхир гузоред. Наздиконатон ба шумо маслиҳат дода, мушкилиҳоятонро осон мекунанд. Шом хушхабаре табъатонро болида мекунад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ба корҳои таъҷилӣ диққати бештар диҳед. Хавотир нашавед, дӯстону ҳамкорон дар баратон ҳастанду ба шумо ёрӣ мерасонанд. Овозатонро баланд карда, ба саломатии худ зарар расонида метавонед. Асабҳоятон ором нигоҳ доред. Агар масъулияти бештар ҳис кунед, натиҷаи олӣ ба даст меоред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз бисёре аз ҷаддиҳо аз кори худ дилгир шуда, кори дигар меҷӯянд. Маълум аст, ки аз ташвишҳои кору рӯзгор хаста шудаед. Ситораҳо ба шумо истироҳат карданро тавсия медиҳанд. Шуморо лозим аст, ки муваққатан баъзе саволҳоро беҷавоб гузоред ва ба саломатии худ машғул шавед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз кӯшиш накунед, ки масъулияти дигаронро бар дӯши худ бигиред. Нафаре дар ҷои кор мехоҳад, ки меҳнати шуморо қадр кунад. Эҳтиёт кунед ва ба шахсони шубҳанок бовар накунед. Дӯстонатон ба кӯмаки шумо ниёз пайдо мекунанд, агар имкон доред, пас ба ёрии онҳо шитобед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз дар бораи васеъ кардани доираи фаъолиятатон фикр кунед. Аз нафарони ҷанҷолӣ худро канор гиред, вагарна феълу рафтори онҳо ба шумову кори шумо таъсир хоҳад расонид. Орзуву ҳавасҳоеро, ки амалӣ шуданашон ғайриимкон аст, аз сари худ дур созед. Беҳтараш роҳҳои осонро ҷустуҷӯ намоед.