Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ ИЮЛИ СОЛИ 2020
2356

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз тибқи пешгӯии ситораҳо шумо метавонед, ки ғамгин шавед. Кӯшиш кунед, барои истироҳату фароғати худатон вақт ҷудо кунед ва зиндагиатонро давоми рӯз рангину зебо паси сар намоед. Пеш аз қабули ҳар қарору қонун бо нафароне, ки ҳамфикри шумо ҳастанд, машварат кунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз барои вохӯрӣ ва шиносоиҳои ҷадид рӯзи бобарор нест, бинобар ин, аз чунин корҳо дар тӯли рӯз худдорӣ кунед. Бо аъзоёни оила, хусусан, бо нафарони калонсол дар ҳар гуна мавзӯъҳои муҳим баҳс карданатон лозим нест. Дар ниҳоят шумо мефаҳмед, ки дӯстдоштаатон бароятон чӣ қадар азиз аст ва ӯро бештар қадр мекунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз ҷавзоҳо корҳоеро анҷом медиҳанд, ки баъдан аз кардаи худ пушаймон мешаванд. “Сад бор чен куну як бор бур” гуфтаанд. Пеш аз оғози ҳар коре ҳамаҷониба фикр карданатон шарт ва зарур аст. Барои хариди чизе ҳам шитоб накунед. Надониставу насанҷида туҳмат кардан аз рӯйи одоб нест.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз ба вазъияти ногувор дучор мешавед ва сабабаш боварии кӯр-кӯронаи шумо ба дӯстонатон аст. Эҳтимол, гапатон бо як-ду рафиқи наздикатон низ мегурезад. Босабр бошед, ин ба шумо зарар намерасонад, балки барои қабули қарорҳои дуруст дар оянда мусоидат хоҳад кард.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ситораҳо мегӯяд, ки шумо имкони хубе доред, то вазъиятро аз нуқтаи назари куллан дигар нигоҳ кунед. Чизеро кашф мекунед, ки то ин дам ба назар аён набуд. Агар корҳоятонро дуруст ва бе камбудӣ ба роҳ монед, ба тиҷорататон сармояи хориҷӣ ҷалб карда метавонед. Муваффақият бо шумост, аз ин рӯ ҷасур бошед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз вақти он расидааст, ки ба ҳаёти якрангатон тағйирот ворид созед. Ба касе умед набандед, танҳо ба гуфтаи дили худ гӯш диҳед. Барои сунбулаҳои муҷаррад айёми хуб аст, то касеро дӯст доранду ошиқ шаванд. Рӯзро пурра ба худу оилаи худ бахшед ва ғамхориро ба онҳо арзонӣ доред. Саломатӣ бояд дар ҷои аввал бошад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз барои анҷом додани ҳамагуна кор рӯзи мувофиқу мусоид аст. Ба асабонити зиёд роҳ надиҳед. Дар муносибатҳои ошиқона хушбахтӣ пешгӯӣ карда мешавад, ба ҳамин хотир, нақшаи ҷолиберо тарҳрезӣ кунед. Агар дӯстдошта надоред, пас кӯшиш кунед, ки ин ҳиссиётро дар худ бедор созед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз атрофиён кӯшиш мекунанд, ки ба мушкилиҳои шумо расидагӣ кунанд ва барои ҳалли онҳо камар банданд. Дар ҷои кор мушкилии бузурге ҳалли худро меёбад, ки фоидаи калон ба даст меоред. Аз нишон додани норозигии худ дар ҳарос набошед ва фикри шахсии худро дошта бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона ва оилавӣ чанд санҷиш шуморо интизор аст. Ба бозиҳои хатарнок даст назанед ва ба шарики худ эътимод дошта бошед. Ҳисси бадиву бахилиро аз худ дур кунед, ин ба шумо зебанда нест. Барои иҷрои коре, ки аз ӯҳдааш намебароед, ваъдаи пешакӣ надиҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз аз рӯи пешгӯии ситораҳо ҳеҷ ҳодисаи манфӣ, ки ба рӯҳияи шумо таъсири бад мерасонад, ба вуқӯъ намеояд. Ғолибият танҳо ба нафароне кафолат дода мешавад, ки аз таҳти дил кор мекунанд. Кори ғайриимконеро аз дигарон талаб накунед, вагарна дар охир пушаймон хоҳед шуд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз шумо бояд қоидаи “сад бор чен куну як бор бур”-ро риоя кунед. Дар масъалаҳои ба пул алоқаманд эҳтиёткору бодиққат бошед. Бархе аз далвро дар ҷодаи ишқу муҳаббат ноумедӣ интизор аст. Ҳангоми ба нақша гирифтан ва ҷобаҷогузории корҳо ба саросемагӣ роҳ надиҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз ҳама корҳои худро бомуваффақият паси сар мекунед ва дар шумо хоҳиши боз кор кардан пайдо мешавад. Агар ба рухсатӣ баромада, ба истироҳат рафтан мехоҳед, пас интихоби маконро ба зиммаи ҳамсаратон гузоред. Масъалаи саломатиро нодида нагиред ва худро ҳатман аз муоина гузаронед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД