sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ ДЕКБАРИ СОЛИ 2022
2116

 

                                      Ҳамал

Дар ин рӯз қобилияти сарварӣ кардану атрофиёнро ба коре ҷалб намуданро пайдо месозед ва дар ҳама кор масъулият эҳсос менамоед. Баъди нисфирӯзӣ бо корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед.

 

Савр

Дар ин рӯз пулро зиёд сарф мекунед. Аз тамоми шириниҳои ҳаёт лаззат бурданӣ шуда, маблағи зиёд хароҷот мекунед. Сабукфикрӣ карда, хариди беҳуда накунед, вагарна рӯзҳои наздик аз бепулӣ сахт азоб мекашед.

 

Ҷавзо

Имрӯз ҳама чиз бароятон аҷиб намуда, бар замми фаъол шуданатон дар ҳама кор кунҷковӣ зоҳир менамоед. Атрофиён ғайриихтиёр дилашонро ба шумо кушода сиру асрори худро фош месозанд.

 

Саратон

Дар ин рӯз ба назаратон чунин менамояд, ки корҳоятон худ ба худ роҳи ҳалли худро пайдо месозанд. Вале ин маънои онро надорад, ки ягон монеа садди роҳашон намегардад. Ба ташвишҳо нигоҳ накарда, барои идҳои солинавӣ омодагӣ бинед.

 

Асад

Рӯзи хубест барои рафъ намудани бемориҳо. Агар табобати интихобнамудаатон фоида набахшад, усули дигарро интихоб намоед. Барои ором сохтани асабҳо бегоҳирӯзиро дар танҳоӣ гузаронед.

 

Сунбула

Дар ин рӯз орзуҳои деринаи худро амалӣ кардан мехоҳед. Муваффақият дар корҳои тиҷоратӣ ва корӣ аз он вобастагӣ дорад, ки шумо то кадом андоза аз шиносҳоятон истифода бурда метавонед.

 

Мизон

Бегонаҳоро ба нақшаҳои худ ҷалб насохта, даҳони худро аз сергапӣ нигоҳ доред, вагарна ба худатон зарар мерасонед. Даву този зиёд ба саломатиятон беасар намемонад, аз ин лиҳоз бештар витамин истеъмол намоед.

 

Ақраб

Аз ҳар чизе, ки сади роҳи пешравию рушд ёфтанатон мегардад, худдорӣ намоед, он гоҳ ба осонӣ ба мақсад мерасед. Шармгиниро аз худ дур намоед. Шумо шахси боҳунару сазовори зиндагии беҳтар ҳастед.

 

Қавс

Имрӯз мушкилиҳои зиёд меорад, хусусан дар робита бо атрофиён. Боэҳтиёт бошед, имрӯз имкони рух додани муноқишаву ранҷидани наздиконатон зиёд аст. Барои он ки рӯзро оромона паси сар намоед, аз танқид худдорӣ намоед.

                          Ҷаддӣ

Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Бо сабабҳои ногаҳонӣ муноқишаву низоъ зиёд мешавад. Ба нафаре некӣ карданӣ шуда ҷавоби рад мешунавед. Эҳтимоли рух додани садама, корношоям шудани техника, вайрон шудани нақлиёт зиёд аст.

 

Далв

Дар ин рӯз нисбати ҳамсуҳбату ҳамсафарони худ бодиққат бошед. Ба коре, ки зарараш ба шумо намерасад, даст назанед ва ин амалро имрӯзу фардо ва чанд рӯзи дигар риоя намоед.

 Ҳут

Ба ҳар гапу кори атрофиён асабиёна ҷавоб надиҳед. Бисёр корҳо дар сари эҳсос рух медиҳанд, вале ин ба шумо дахл надорад. Агар роҳу равиши корро аз худ намоед, даромадатон дучанд мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД