Vegapharm
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
2841

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз мисли оҳанрабо дигаронро ба худ ҷалб месозед. Атрофиён бо мушкиливу хурсандиҳояшон ба шумо муроҷиат мекунанду дар ҷавоб кӯмак ва дастгириятонро мебинанд. Некиҳои шумо ҳатман бармегарданд ва бар ивазаш нафареро пайдо месозед, ки сахт дӯсташ медоред.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз аз мушкилиҳои ногаҳоние, ки эҳтимоли дар ҳаётатон пайдо шуданро доранд, эҳтиёт шавед. Нимаи аввали рӯз нисбати атрофиён дағалӣ накунед, вагарна боиси ранҷиши наздикон мегардед. Ҳар як мушкилӣ роҳи ҳалли худро дорад ва баъзан гузашт кардан ба фоидаи шумо хоҳад буд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ба ҳар коре, ки дар ин рӯз даст занед, муваффақ мегардед. Тамоми нақшаву ниятҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Ҷасурона аз пайи корҳое шавед, ки то ба имрӯз аз паяш нашуда будед ё ба таъхир мегузоштед. Баъзе нафарони дар ин мучал тавлидёфта аз дӯстдоштаашон хабари хуш мешунаванд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Чанд муддат аст, ки бо шахси бароятон азиз аз таҳти дил ҳамсуҳбат нашудаед ва байнатон нофаҳмиву хафагӣ пайдо шудааст. Барои ислоҳ намудани вазъият имрӯз ба коре, ки боиси бадтар гаштани вазъият мегардад, даст назанед. Суҳбат сари як пиёла чой нофаҳмиҳоро рафъ намуда, меҳру муҳаббатро дучанд мегардонад.  

Асад (23 июл-22 август)

Асабонияту рӯҳафтодагиро танҳо баъди холӣ кардани дили худ рафъ карда метавонед. Як чизро фаромӯш накунед, ки ҳар як рафтори дар ин рӯз содиркардаатон оқибати нохушро ба бор меорад. Ба ҳамин хотир, қабл аз кореро кардан нағзакак оқибаташро андеша намоед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз барои ба сайругашт, кино ё мағоза рафтан хубу мусоид аст. Орзуҳоятон амалӣ нашаванд ҳам, эҳсоси қаноатмандӣ меоранд. Сунбулаҳое, ки худро аз ҷашну маъракаҳо дур мегиранд, сахт пушаймон мешаванд. Имкониятро аз даст надода, дилхушӣ кунед, то баъдан пушаймон нашавед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз бо роҳи сулҳу дӯстӣ мақсад наздик шудан мехоҳед, хусусан, агар мақсадатон ба даст овардани маблағ бошад. Касе наметавонад шуморо аз ниятҳоятон дур намояд. Тамоми имкониятҳои хубтар намудани вазъи молиявиро дар ин рӯз пайдо менамоед. Вазъи саломатиатон хуб пешгӯӣ карда мешавад. 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи пур аз баҳсу мунозира мегардад. Аз ҳар гапу кор ранҷида, беҳуда худро таҳқиршуда ҳисоб накунед. Агар тамоми рӯзро бо ҷангу муноқиша гузаронидан нахоҳед, пас бо тамоми ҳастӣ аз мавзӯҳои баҳсбарангез дурӣ ҷӯед. Оббозӣ дар ҳаммоми гарм ва чойи кабуд асабониятро рафъ мекунанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ба пӯхтакориву зиракии худу атрофиёнатон умед набандед. Аз муноқишаву зиддиятҳо ва ҳатто муҳокимаи мавзӯҳои бемаънӣ худро канор гиред. Дар ҷодаи муҳаббат ҷасуру дурандеш бошед, он гоҳ ба мақсад расида метавонед. Қавсҳои муҷаррад бояд аз пайи дарёфти бахти худ шаванд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ақидаҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, аҷоибу олиҷаноб менамоянд. Мутаассифона, баъди чанд рӯз вазъият тағйир ёфта, тамоман фикру андешаатон тағйир меёбад. Агар истироҳат кардан хоҳед, ба кино ё мулоқоти ошиқона равед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед, ки курта-курта гӯшт мегиред.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Аз шумораи зиёди корҳое, ки иштироки шуморо талаб мекунанд, бояд якеро интихоб намуда, аз пайи муҳимтараш шаведу дуюмдараҷаашро аз мадди назар дур намоед. Баъди нисфирӯзӣ вазъият ва хотиратон аз шунидани хабар ва таъсири нафарони бароятон писанд хуш мегардад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз қурбонии бесаранҷомии худ мегардед. Ақидаву ниятҳоятон чунон зиёд мегарданд, ки тамоми қувваву маҳорати худро барои яку якбора амалӣ сохтанашон равона месозед, вале натиҷае ба даст оварда наметавонед. Беҳтараш аз пайи кори бароятон муҳимтар гардед, то зарар набинед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД