arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2021
3251

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Бо сабаби серкорӣ вазъи саломатиатон бад мегардад. Эҳтимоли ба даст овардани маблағи пулӣ дар назар аст. Ҳатто нафароне, ки дар соҳаи тиҷорат таҷриба надоранд, бурд мекунанд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ бештар дар ҳаракат бошед. Оббозӣ дар оби гарм ва чойи лимӯдор хобатонро бароҳат месозад.

Савр (21 апрел-20 май)

Аз нигоҳи иқтисодӣ субҳи бобарор меояд, метавонед бемалол ба мағозаву бозор равед. Сафарҳои ғайринақшавӣ бобарор анҷом меёбанд. Дар муносибат бо шахсе, ки дӯсташ медоред, бо сабру таҳаммул бошед ва аз муноқиша худдорӣ намоед. Ба парҳез машғул шуда, саломатиро нисбатан беҳтар месозед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи хубест барои хариди калон. Агар бо амри дил амал намоед, имкони ба даст овардани маблағи хубро пайдо месозед. Ба варзиш машғул шуда, субҳгоҳон машқи бадан кунед. Вақт пайдо намуда, ба дӯстдоштаи худ изҳори муҳаббат намоед. Корҳои нотамом шуморо лаҳзае ором намегузорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бадхоҳонатон дар ин рӯз Шуморо бадгӯӣ мекунанд. Тамоми овозаву бӯҳтонро рад кунед, вале аз гапи ҳақ сарпечӣ накунед. баъзан муносибати атрофиён нисбати Шумо боадолатона нест. Эҳтимоли аз даст додани маблағи калон дар назар аст. Чизи қимматбаҳоеро гум мекунед. Ғизои солим бояд дар ҷойи аввал истад.

Асад (23 июл-22 август)

Аввали рӯз корҳои муҳимро ба нақша нагиред. Нимаи дуюми рӯз корҳои шахсӣ ва молиявиатон чунон барор мегиранд, ки рашки атрофиён меояд. Вазъи саломатӣ аз табъи хуш ва болидарӯҳӣ вобастагӣ дорад. Шахси дӯстдоштаатон ба меҳрубонии Шумо ва Шумо ба меҳрубонии ӯ ниёз доред.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст, имкони беҳтар сохтани вазъи зиндагиро пайдо месозед. Атрофиён аз шумо кӯмак мепурсанд. Кӯмак расониданатон хуб аст, вале аз аз меҳрубониятон истифода бурданро иҷозат надиҳед. Аз хасташавӣ ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намуда, саломатиро хуб нигоҳ доред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар давоми рӯз касбияти худро чандин бор нишони доданатон лозим меояд. Ба рашку шубҳа роҳ надиҳед. Дӯстдоштаи Шумо хоҳиши танҳо буданро дорад. Аз ҳад зиёд ғами саломатиро нахӯред. Кори вазнин Шуморо хаста намекунад, балки болидарӯҳ месозад. Мабалғи пулӣ дар назар аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Бо атрофиён нофаҳмӣ имкон дорад. Ҳатто бо дӯстони қарин забон ёёфтанатон душвор мегардад. Аксари ақрабҳо аз сухани гуфтаи худ пушаймон мешаванд. Эҳтимол, кори муҳимеро фаромӯш месозед .саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Машқи бадан ва сайругашт тавсия дода мешавад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба саволҳои зиёде, ки вақтҳои охир ташвишатон медоданд, посух ёфта метавонед. Бо наздикон муноқиша имкон дорад, вале ба ҷанҷоли калон роҳ намедиҳед. Дарди сари Шумо бар асари каҷшавии сутунмӯҳра ва ҷамъшавии намак сар зада метавонад. Барои табобат маҳс кардану машқ карданатон мебояд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бо нафарони калонсоли оилаатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Муносибати ошиқонае, ки дар ин рӯз сар мезанад, то ақди никоҳ мерасонад. Аз хӯроки дӯшворҳазм худдорӣ намуда, бештар меваву сабзавот истеъмол намоед. Барои харидорӣ намудани лавозимоти рӯзгор рӯзи мусоид аст.

Далв (21 январ-18 феврал)

Барои ба мақсад расидан кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Бо ҳамкорон муноқишаву бо дӯстон баҳсу мунозира имкон дорад. Мулоқоти ошиқонаи нимаи дуюми рӯз хеле гуворо мегузарад. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Пойафзоли паст пӯшида аз мавзеъҳои хатарнок дурӣ ҷӯед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нуқтаи назари худро иброз намуда, боиси ранҷиши нафарони зиёде мегардед. Ҳатто бо нафарони воломақом баҳс намуда, ба худ душман мехаред. Безобитагӣ боиси бехобӣ ва асабонияти Шумо мегардад. Шумо бояд танҳо ба нафароне робита намоед, ки боиси болидарӯҳиятон мегарданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД