Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2021
3434

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бештар ба наздикони худ ғамхорӣ зоҳир намоед. Барои хариди калон, таъмиру тамизи хонаву дар рӯзи мусоид аст. Дар ҳаёти шахсӣ нисбати дӯстдоштаатон бепарво набошед, вагарна ин амалатон бахшида намешавад. Хабаре мешунавед, ки рӯҳатонро болида месозад. Ба истироҳат ниёз доред.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз дастатон ба ягон кор намечаспад, вале ба ҷои он ки рӯзро бо бекориву танбалӣ мегузаронед, камбудиҳои дар оила сарзадаро рафъ намоед. Дар ҷодаи муҳаббат ҳам ашки шодӣ мебинеду ҳам ноумедӣ. Бо нафаре вомехӯред, ки дар зиндагиятон мавқеи зиёд ва муҳимро ишғол мекунад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз зиндагии ором насиби шумост. Хатари ҷароҳат бардоштанатон то бегоҳ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, боэҳтиёт бошед. Мушкилиҳои молиявиро дӯсти наздикатон рафъ месозад, дар танҳоӣ амал накунед. Дар ҳаёти шахсӣ аз рӯйи зарбулмасали “Ором зистан кафили зиндагии пурнишот аст” амал намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз вазъиятро тезутунд насозед, балки сабру таҳаммулро пеша намоед. Дар масъалаҳои пулӣ ҳисобу китоби дақиқ лозим аст, вале дар муносибатҳои ошиқона ошкору самимӣ бошед. Фаъолнокии аз ҳад зиёд ҳам дар зиндагӣ ва ҳам ҳангоми ҳаракат дар роҳ бар зарари шумо буда метавонад.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ба барор гирифтани коратон умед набандед, вагарна бисёр чизҳоро аз даст медиҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ таваккал накунед. Нисбати шахсони аз худатон калонсол боэҳтиром бошед. Бонувон бояд муҳаббати дар дилашон пайдошударо пинҳон намоянд. Маслиҳати наздикон бароятон муҳим мегардад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз бо нафаре вомехӯред, ки дар рафъи мушкилиҳои сарзада кӯмакаш мерасад. Бо сабаби зиёд шудани мушкилиҳои рӯзгор бо наздикон муноқиша мекунед. Тамоми душвориҳои сарзадаро бо амри дил ва майли худ рафъ намоед, вагарна умре зери таъсири дигарон мегардед. Шом барои саломатӣ хатарнок аст.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Тамоми нерӯи худро ба мушкилоти оилавӣ равона сохта, нофаҳмиҳои зиёдеро рафъ карданатон лозим аст. Агар пулҳои худро босуръат сарф кардан гиред, вазъи молиявиатон нохуб мегардад. Беҳтараш диққати худро ба вазъи саломатӣ равона сохта, аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз тасодуфан бо шахсе шинос мешавед, ки сабабгори куллан тағйир ёфтани зиндагӣ ва одатҳоятон мегардад. Боз як манбаи нави даромад пайдо мекунед, вале пулро сарфа кунед. Дар роҳ ҳангоми мошин рондан ва аз роҳ гузаштан хеле боэҳтиёт бошед. Эҳтимоли садама ва ҷаримабандӣ вуҷуд дорад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи беташвиш аст, ба шарте ки худатон монеаҳоро пайдо насозед. Нисбати нафароне, ки аз шумо кӯмаки молиявӣ мехоҳанд, меҳрубонӣ зоҳир намоед. Бо сабаби он ки бо кори зиёд машғул шуда, барои оила вақти кофӣ ҷудо намекунед, нофаҳмиву ташвишатон зиёд мегардад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз чунон корҳоятон зиёд мешаванд, ки мушкилиҳои муҳими худро фаромӯш месозед. Бар замми ин, ҳодисае рух медиҳад, ки нақшаҳои худро тағйир доданатон лозим меояд. Аз нафароне, ки ба наздикӣ шинос шудаед, худро дур гиред. Рашк сабаби нофаҳмӣ бо дӯстдоштаатон мегардад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Ҳодисаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, нағзакак таҳлил намоед, то ки баъдан атрофиёнро гунаҳкор накунед. Ҳавои баҳорӣ ба муносибатҳои ошиқонаатон таъсир мерасонад, вале ба саросемагӣ роҳ дода, фикри оиладор шуданро накунед. Аз робита бо шахсони нодаркор худдорӣ намоед. Хатари хиёнат диданатон имкон дорад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар назди худ мақсадҳои дастнорас нагузоред, вагарна дучори монеаву душвориҳо мегардед. Муноқишаҳои доимӣ бо наздикон садди роҳи пешравиҳоятон мегардад, аз ин рӯ, ҳамагуна нофаҳмиҳоро оромона ва бе садои баланд рафъ намоед. Аз ҷойҳои серодам худро дур гирифта, саломатиро эҳтиёт кунед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД