Ҳамал (21 март-20 апрел)
Агар зодагони мучали ҳамал то ба имрӯз дар касбу кори худ душвориҳоро эҳсос мекарданд, имрӯз сабукиро ҳис мекунанд. На ҳар кас дар зиндагӣ пешво шуда метавонад, аз ин лиҳоз, худро азият надиҳед. Аз шахси дӯстдоштаатон ҷудо шуда метавонед, аммо ин муваққатист, на барои ҳамеша.
Савр (21 апрел-20 май)
Зодагони мучали саврро лозим аст, нисбати нафароне, ки ба муддати дароз ҳамкорӣ карданашон лозим меояд, дағалӣ накунанд. Беҳтараш касбияти худро нишон диҳед. Ба нишонаҳои аввалини бемории зуком бе таваҷҷуҳ набошед. Табобатро сари вақт оғоз намоед, вагарна беморӣ шуморо аз по меафтонад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз чӣ гуна гузаштани вақтро эҳсос намекунед. Эҳтимол, зуд-зуд ба шаҳру ноҳия сафар карданатон лозим меояд. Агар дар соҳаи иқтисод чизеро ба нақша гиред, пули зиёдро аз даст медиҳед. Агар қарздор бошед, сари вақт қарзи худро баргардонед. Ҳатто аз камтарин мушкилӣ худро канор гиред.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз нафароне ба иззати нафсатон мерасанд, ки ба дастгирияшон умед баста будед. Худро барои коре, ки накардаед ва ҳатто дар гӯшаи хаёлатон ҳам набуд, гунаҳкор насозед. Ба мушкилоти ночиз диққат надода, ба танқиду эроди касе низ гӯш надиҳед. Эҳтимоли сар задани дарди сар вуҷуд дорад.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз шуморо шиносоиҳои нав ва сафарҳои дарозмуддат интизор аст. Азбаски нерӯятон дар ин рӯз зиёд аст, ба сафар баромада, хато намекунед. Дар масъалаҳои ошиқона саҳланкорӣ накунед. Агар дӯстдоштаи худро шод кардан мехоста бошед, армуғони ошиқонаро ба ёд биёред.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Зодагони мучали сунбула дар ин рӯз бо коре машғул шудан нахоста, танҳо дар фикри истироҳат мешаванд. Бо вуҷуди хоҳиши истироҳат карданатон баъди нисифрӯзӣ ташвиши рӯзгор зиёд мешавад. Ташрифи меҳмонони нохондаро интизор шавед. Ба ҳолати асбобҳои техникии хона диққати хоса диҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар дарк намоед, ки нисбати дӯсти худ аз ҳад зиёд танқиду интиқодро раво дидаед, беҳтараш кунҷи танҳоӣ ихтиёр намоед. Рафтори худро таҳлил намоед, он гоҳ сари қарори дуруст омада метавонед. Рӯзи бобарорест барои машғулиятҳои варзишӣ. Агар дар худ бемориеро ҳис кардед, фавран ба духтур муроҷиат намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи пур аз рӯйдод аст, вале тамоми фикру хаёли шумо банди ишқу муҳаббат мегардад. Кор ҳатто ба ҷое мерасад, ки супоришҳои роҳбарият ба гӯшатон намедарояд. Нисбати дӯстону рафиқони худ бодиққат бошед, эҳтимол, нафаре дар ниқоби дӯст аз пайи бадии шумо аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Нисбати кору ӯҳдадориҳое, ки аз ҷониби роҳбарият мегиред, боэҳтиёт амал кунед. Муҳим он аст, ки корро фавран неву босифат анҷом диҳед. Дар ҳаёти оилавӣ бо сабаби норасоии маблағи пулӣ воҳимаву муноқиша имконпазир аст. Барои он ки боз дучори нофаҳмӣ нагардед, мушкилоти пешомадаро рафъ созед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Табъи кориятон дар ин рӯз хушу болида аст. Рӯзи хубест барои рафтан ба назди машшотаву сартарош. На танҳо фикру андеша, балки афту башараи худро низ ба тартиб оварданатон лозим аст. Баъди нисфирӯзӣ ба таври ногаҳонӣ маблағ ба даст меоред, вале дар масрафаш саросема нашавед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Ба назар чунин мерасад, ки шумо ғизоҳои кӯчагиро аз хӯроки хонагӣ авлотар мешуморед. Ба ҷои он ки мисли кӯдак инҷиқӣ кунед, беҳтараш худатон хӯрокпазиро ёд гиред. Муҳим он аст, ки меъдаро эҳтиёт намуда, бо хӯрокҳои сахт худро бемор накунед. Ҳамёнатонро аз чашми бади дуздон эҳтиёт кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар маҷлисе, ки дар корхонаатон баргузор мегардад, мушкилоти маош дар ҷои аввал қарор мегирад. Масъалаи баланд бардоштани маошатонро на ҳама дастгирӣ мекунанд, вале сардор таваҷҷуҳи худро нишон медиҳад. Дар муносибатҳои ошиқона аввалин шуда, ташаббусро ба даст гирифтанатон лозим аст.