Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз қисми зиёди нафароне, ки дар мучали ҳамал ба дунё омадаанд, бо корҳои таъмиру тармими хонаву дари худ машғул мешаванд. Агар дар фикри иваз намудани ҷойи кори худ бошед, дар ин рӯз имкони мусоид фароҳам меояд. Пешниҳоди дар ин рӯз гирифтаатон хеле бобарор мегардад.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз аз пай корҳое шавед, ки дар тӯли як ҳафта ҷамъ шуда, ҳалли ҳатмиро талаб мекунанд. Нақшаҳои тиҷоратӣ дар ин рӯз бобарор ба анҷом мерасанд. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале серкориву ташвиши зиёд таъсири худро ҳатман мерасонанд. Ба ҳамин хотир, кам-кам истироҳат низ кунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Барои нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи бобарор аст. Аз таваккал кардан наҳарсоед. Бо вуҷуди ба ғалат роҳ доданатон ҳодисаи ҷиддие рух намедиҳад. Хуб мебуд, ки дар ин рӯз ба вазъи молиявии худ бештар диққат дода, аз пайи рафъи мушкилиҳои молиявӣ гардед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи бобарор аст, нақшаҳои беҳтарини худро дар амал татбиқ намуда, аз комёб шудан умедвор шавед. Дар ҷойи кор ба ҳамкорон имкон надиҳед, ки шуморо барои иҷрои коре саросема намоянд ё вақтатонро беҳуда гиранд. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат хабарҳои хуш мешунавед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз дар масъалаҳои касбӣ ва рӯзгор ягон мушкилие садди роҳатон шуда наметавонад. Бо ҳуҷҷатҳои муҳим кор карда, дар гуфтушунидҳо бурд карда метавонед. Шуморо вохӯриҳои гуворо ва истироҳати бофароғат дар муҳити осуда интизор аст.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ягон кори ҷиддиро ба нақша нагиред, монеаҳои ногаҳон пайдошуда табъатонро хира мегардонанд. Айни замон бо роҳбарияти коргоҳ, ҳамкорон, ёрдамчиён забон ёфтанатон душвор гашта, дар натиҷа на танҳо корҳоятон пеш намераванд, балки асабатон хароб мегардад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ҳунару маҳорати доштаатон ба кор меравад. Нисбати пешниҳодҳои аз ҷониби нафарони бо бадӣ номбароварда ё шахсоне, ки хуб намешиносед, ҳушёрӣ пеша намоед. Оташи қаҳру ғазаби худро ба сари нафароне, ки бароятон азизанд, пош надиҳед. Ба саломатиатон диққат диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз аз баҳсу мунозира бо роҳбарияти коргоҳ ва ҳамкорон худдорӣ намуда, беҳтараш диққати худро ба корҳое равона созед, ки дар ҳақиқат фоидаашон ба шумо мерасад. Ба корҳое, ки дар танҳоӣ аз ӯҳдаашон баромада наметавонед, беҳтараш даст назанед ва ба таъхир гузоред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз ҳангоми рафъи мушкилиҳои худ касеро ҳамроҳ насозед. Дар оилаатон ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо гашта, аз муҳити орому осудаи хонаводагӣ роҳат мекунед. Муваффақият дар ҷодаи муҳаббат ҳамсафари шумо мегардад, ба шарте ки дар дил ниятҳои ғаразнок надошта бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз миёни обу оташ мемонед. Пешакӣ роҳҳои аз вазъиятҳои ногувор баромаданро дида, чораандешӣ намоед. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати ёратон меҳру навозиши зиёд менамоед, вале бар ивазаш бепарвоии ёратонро дида дилхун мегардед. Нисбати наздикони худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯзро рӯзи тақдирсоз номидан ғалат аст, ягон воқеаи муҳим рух намедиҳад. Ба умеди касе нашуда, муҳити корӣ ва лаҳзаҳои фароғатии худро гуногунранг гардонед. Барои сар кардани табобати бемориҳо рӯзи мусоид аст, вале сергапӣ карданро маслиҳат намедиҳем.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Бо вохӯриву корҳои муҳим машғул шуда метавонед. Аз маъракаву пешниҳодҳои нафарони шубҳанок дурӣ ҷуед. Муносибатҳои ошиқона ва ҳаёти шахсиятон хуб ҷараён мегирад. Ба беморие, ки чанд муддат азиятатон медиҳад, фориғболӣ накунед, вагарна табобаташ вақту маблағи зиёдро талаб мекунад.