Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз худро барои иҷрои коре маҷбур карда наметавонед, зеро фикру хаёлатон ба дӯстдоштаатон банд аст. Ба корҳое, ки боиси шармандагиатон мешаванд, даст назанед. Барои рафъи мушкилиҳои молиявӣ тамоми қувваи худро сарф кунед. Шом ба меҳмонӣ меравед, аммо бо мошини шахсии худ наравед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз аз вохӯрӣ бо нафарони ношиносу тасодуфӣ худдорӣ намоед. Аз нафаре, ки қаблан муносибатҳои наздик доштед, ҷудо шуда наметавонед. Худро ба даст гирифта, вазъиятҳои ногуворро сарбаландона паси сар кунед. Баъди нисфирӯзӣ ба шумо кори нав пешниҳод мекунанд, онро рад накунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз ба маслиҳати дӯстонатони наздикатон гӯш диҳед. Хусусан, агар мушкилиҳои молии худро мустақилона ҳал карда натавонистед. Даромади иловагӣ дар назар аст, вале на он қадар зиёд. Дар ҳаёт қарори қатъие қабул мекунед, ки чӣ гуна сурат гирифтани ояндаатон аз он вобастагӣ дорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Далерона аз пайи амалӣ кардани мушкилиҳои касбӣ шавед. Дар ҷойи кор нафаре иштибоҳан аз рӯйи шумо шикоят мекунад, ки боиси тафтишоти ногаҳонӣ мешавад. Давоми рӯз аз рафтан ба ҷойҳои серодам ва ҷашну маросимҳо худдорӣ намоед. Беҳтараш, рӯзро бо пайвандонатон сипарӣ кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз тамоми нақшаҳоятонро амалӣ месозед. Хотири ҳар нафареро, ки бароятон азиз аст, шод намоед. Дар оилаатон нофаҳмӣ рух медиҳад ва дӯсти наздикатон вазъиятро ором мекунад. Меҳрубон бошед, он гоҳ атрофиён низ бо шумо меҳрубон мешаванд. Ба ҳама чиз бо шубҳа нигаристанро бас кунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз кори сунбулаҳои олим ва донишманд барор мегирад. Агар имкон дошта бошед, пас аз корҳои фикронӣ ба истироҳат машғул шавед. Барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ рӯзи бобарор нест. Аммо барои амалӣ кардани нақшаҳои эҷодӣ рӯзи хуб аст. Корҳои ақлонӣ ҳалли худро ёфта, натиҷаи хуб медиҳанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз муборизаи шумо бо рақибонатон сар мешавад. Гуфтугӯи рӯ ба рӯ масъаларо ба фоидаи шумо ҳал карда метавонад. Фикре, ки рӯзона ба саратон меояд, маблағи шуморо дучанд зиёд мегардонад. Барои оромии асабҳоятон истироҳат кунед. Дар бораи нақшаҳоятон ба ҳеҷ ваҷҳ ба дигарон нақл накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз миёни шумову ҳамкори дигаратон барои аз худ кардани вазифа рақобат ба вуҷуд меояд. Асабӣ шуда, қаҳру ғазаби худро фурӯ бурда наметавонед ва онро ба сари касе рехтан мехоҳед. Дар оила ҷангу ҷанҷол бо ҳамсаратон имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ аз хона баромада, ба ҷое рафтанро тавсия намедиҳем.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Субҳи содиқ аз роҳи дур хабари хуш мешунавед, ки табъатон болида мегардад. Дар масъалаи зиёд кардани манбаъҳои даромад ба маслиҳати каси дигар гӯш надиҳед, танҳо бо амри дили худ кор кунед. Шомгоҳон аз тарафи шахсе, ки дербоз дар ишқаш месӯхтед, хабари хуш мешунавед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз мушкилиҳои зиёд думболи шуморо мегиранд. Дар хона бо ҳамсаратон аз рӯйи кӯдакон муноқиша мекунед. Ба ҳаёти шахсии дигарон бинӣ нахалонед, вагарна тамоми гуноҳро ба сари шумо бор хоҳанд кард. Агар хоҳед, ки то охири моҳ бепул намонед, дар харҷи маблағ сарфакор бошед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Ба мушкилиҳое, ки имрӯз садди роҳи шумо мегарданд, умуман диққат надиҳед. Ба наздикӣ ин мушкилиҳо бе иштироки шумо низ ҳалли худро меёбанд. Нафаре, ки аз шумо қарз гирифта буд, онро бо фоизҳояш бармегардонад. Нисбати дӯстдоштаатон меҳрубон бошеду ба ҷудоӣ роҳ надиҳед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз аксари мушкилиҳоро бо кӯмаки дӯстони наздикатон рафъ карда метавонед, зеро дар танҳоӣ коре аз дастатон намеояд. Нисбат ба саломатии худ беаҳамиятӣ зоҳир накунед, чун дардҳои пешина аз нав хуруҷ мекунанд. Агар хоҳед, ки дӯстдоштаатонро аз даст надиҳед, нисбаташ хушмуомила бошед.