Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2021
2898

 Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳтимоли фиреб хӯрдану ба доми иғво афтиданатон вуҷуд дорад. Зудбоварӣ ба он боис мешавад, ки аз касе вобаста шавед. Ба баҳсу мунозира роҳ надода, аз муноқиша худдорӣ намоед. Танҳо ҳамин рӯз маълум мегардад, ки нафаре шуморо сахт дӯст медораду қадр мекунад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз бо касе муноқиша накунед, хусусан, бо шахсе, ки дӯсташ медоред. Айни замон оташи қаҳру ғазабатон зиёд гашта, ба ҳарфи касе гӯш андохтан намехоҳед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намуда, бештар витамин истеъмол кунеду дар ҳавои тоза сайругашт намоед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ҳангоми робита бо нафароне, ки нав шинос шудаед, боэҳтиёт бошед. Эҳтимоли он ки дузду авбошон ва нафарони бадкирдорро ба худ ҷалб созед, зиёд аст. Қабл аз он ки дар назди нафарони бегона дарди дил кунед, нағзакак андеша намоед. Бо дӯстдоштаи худ баҳсу мунозира накунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи душвор аст. Корҳои нав оғоз намудаатон бебарор анҷом меёбанд. Эҳтимоли асабхаробӣ вуҷуд дорад. Дар тамоми кор кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед, вале натиҷаи хуб ба даст оварда наметавонед. Хабари ногувор хотиратонро парешон намуда, боиси нофаҳмӣ дар хонаатон мегардад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз корҳоеро ба нақша гиред, ки қаблан дастатон намерасид. Айни замон аз ӯҳдаи корҳои зиёде баромада метавонед. Ҷиҳати хуби серкориятон дар он аст, ки бо кор андармон шуда, имкони бо наздикони худ муноқиша карданро намеёбед. Баҳсу мунозира боиси амалҳои беандешаатон мегардад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз нохост сабабгори нофаҳмӣ дар ҷойи коратон мешавед. Як сухани шумо боиси ранҷидани чанд нафар мегардад. Агар узр напурсед, муноқиша тӯл мекашад. Сунбулаҳои муҷаррадро дар сафар вохӯрии аҷиб интизор аст. Агар эҳсос кунед, ки шахси ба дилатон наздикро вохӯрдаед, ӯро аз даст надиҳед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз тамоми вақти худро барои рафъ намудани мушкилиҳои касбу кор равона созед. Айни замон то кадом андоза бароятон муқаддас будани оиларо дарк менамоед. Агар шумо ҳанӯз ҳам муҷаррад бошед, бахти худро рӯзҳои наздик пайдо месозед. Ба меҳмонӣ раведу меҳмон қабул кунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Давраи нави санҷишу имтиҳон фаро мерасад. Тамоми корҳоятон аз шумо кӯшиши зиёд талаб мекунанд. Дар ҳаёти шахсӣ эҳтимоли хиёнат ё кам шудани меҳру муҳаббати дӯстдоштаатон вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои молиявӣ беғаразиро риоя намоед. Баъди нисфирӯзӣ серкор мешавед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад, ба шарте ки худатон мушкилиеро пайдо карда, барои рафъ намуданаш наздиконро ҷалб насозед. Бештар дар ҳавои тоза ва бо касони бароятон азиз вақт гузаронед. Нисбати ҳар гапе, ки ба забон меоред, бодиққат бошед, вагарна ҳамкорон аз шумо меранҷанд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бо кору мушкилии дигарон машғул шуданатон лозим меояд, ки хеле мушкилу хастакунанда мегардад. Баъд аз гуфтугӯ бо дӯстдоштаатон асабатон хароб мегардад. Хиёнати ёрро бахшидан бароятон хеле душвор мешавад, бо вуҷуди ин, саломатӣ ва асабҳоятонро эҳтиёт кунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Корҳои нотамом, хабари ногувор ё фикрҳои мағшуш имкон намедиҳанд, ки истироҳати бофароғат кунед. Барои барқарор сохтани табъи болида ба сайругашт бароед. Дар муносибатҳои ошиқона мушкилӣ сар мезанад, вале кӯшиши тағйир додани чизеро накунед, вагарна андӯҳгин мегардед.   

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз сабаби рафтори ноҷои нафареро, ки қаблан бароятон муаммо буд, муайян месозед. Айни замон танҳо ба қувваи худ умед баста метавонед. Сабаб дар он нест, ки ҳамкорон аз ӯҳдаи кор намебароянд, балки шумо бояд аз тамоми гапу кор бохабар бошед чизеро аз мадди назар дур насозед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД