Ҳамал (21 март-20 апрел)
Омода бошед, мушкилу ташвишҳои зиёде ба саратон меоянд. Маҳз дар ҳамин рӯз аз шахси бароятон наздике, ки метавонад вазъи молиявиатонро беҳтар созад, хушхабар мешунавед. Ҳамалҳои муҷаррад нафареро аз нигоҳи аввал дӯст медоранд. Андаке худро нотоб ҳис карданатон нишонаи хастагии зиёд аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар робита бо ҳамкорон пухтакору зирак бошед, он гоҳ мушкили зиёдеро рафъ кардан бароятон муяссар мегардад. Бояд аз ӯҳдаи ҳама кор ба хубӣ баромада тавонеду барои истироҳат низ вақт пайдо кунед. Дар сурати ибрози ақида намудан, нуқтаи назари дигаронро низ гӯш кунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз бояд аз пайи мукаммал сохтани савияи дониши худ гашта, аз ташхиси пурраи тиббӣ низ гузаред. Ҳардуи ин масъала бояд барои шумо хеле муҳим бошанд. Агар бо нафаре қаҳрӣ бошед, барои оштӣ шуданатон рӯзи мусоид аст. Минбаъд низ шумо бояд оқила бошеду гузашт карда тавонед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз хоҳиши тағйир додани тамоми ҳодисаҳои атрофро мекунед. Саросема нашавед, вагарна гузаштаро баргардонида наметавонед. Дағалгуфториву танқиди шумо нисбати шахси дӯстдошта боиси ҷудо гаштанатон мегардад. Барои мустаҳкам сохтани ҳолати равонӣ ба мутахассисон муроҷиат кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Ҳар қадаре нисбати мушкилоти майда-чуйда бодиққат бошед, ҳамон андоза ба мақсад наздик мешавед. Дар сафар, таълими фарзандон ва харидани мебели нав маблағи калон сарф мекунед. Барои нағзакак истироҳат кардану ором гаштани асабҳо бегоҳирӯзиро дар муҳити сокиту ором гузаронед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз дар бораи чӣ қадар даромади пулӣ ё маош гирифтанатон ба касе нагӯед. Муносибати баъзе ҳамкорон бо шумо нохуб гашта, табъатон хира мегардад. Саломатиятон бо сабаби шамол хӯрдан ва хурӯҷ кардани бемориҳои куҳна бад мегардад. Гуноҳи дӯстатонро дар рӯяш бигӯед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз бо рафъ намудани мушкилоти молиявӣ машғул шавед, вагарна на танҳо азоби бепулӣ мекашед, балки муносибататон бо ҳамсаратон вайрон мегардад. Камбудиҳои рӯзгор асабҳоятонро пурра хароб месозанд. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯйи манбаи нави даромад ҳастанд, дар ин рӯз бурд мекунанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ба коре, ки аз ӯҳдааш намебароед, даст назанед. Ташвишатон зиёд гашта, наздикону ҳамсояҳо аз шумо кӯмак мепурсанд. Масъалаи фурӯши хонаро бо кӯмаки миёнаравҳо ба зудӣ ҳал мекунед. Агар бемории фишорбаландӣ дошта бошед, барои ба назди табиб рафтан таъхир накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз на танҳо кори худро, балки ӯҳдадориҳои дигаронро низ иҷро карданатон лозим меояд. Ҳамкорон ё баъзе нафарони хира ба гарданатон бор мешаванд. Агар ба шумо чунин вазъият писанд бошад, ба касе шиква накунед. Рафту аз чунин рафтори эшон розӣ набошед, ҳамаро ба ҷойи худ гузоред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз корҳои зиёдеро, ки дар ду ҳафтаи охир ба анҷом расонида наметавонистед, иҷро мекунед. Фаъолнокии зиёд ба фоидаи шумост, дар ҳама кор ташаббус нишон диҳед. Ба ҷаддиҳои оиладор ишқбозиро тавсия намедиҳем, танҳо нафарони муҷаррад дар ин рӯз метавонанд табъи дил рафтор намоянд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Ба сафаре, ки кайҳо боз дар нақша доштед, метавонед омодагӣ бинед. Барор ҳамсафари шумо мегардад. Агар ба фиребу дасисабозӣ дода нашавед, вазъи молиявиатон хуб гашта, ҳаққи ҳалоли худро соҳиб мегардед. То замоне ки собиқ дӯстдоштаи худро фаромӯш накунед, бахти худро пайдо карда наметавонед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз амалӣ шудани тамоми нақшаву ниятҳоятон аз кӯшишу ғайрати шумо ва дастгирии чанд нафари даркорӣ вобастагӣ дорад. Агар аз сирру асрори нафаре воқиф бошед, беҳтараш ба касе лаб накушоед, вагарна аз боварии атрофиён мебароед. Ба дӯстдоштаи худ бештар бовар кунед.