Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар интизори хушбахтӣ набошед, зеро ба гуфтаи ситораҳо, ҳоло ба шумо навбат нарасидааст. Кӯшиш кунед, ки бо дӯстдоштаатон бештар вақт гузаронед ва иҷоза надиҳед, ки ҳар касу нокас ба муносибатҳои шумо дахолат кунад. Аз вохӯрӣ бо нафарони ношинос ва шубҳанок худдорӣ намоед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз ягон кори ҷиддиро ба нақша нагиред. Дар муносибатҳои шахсӣ бинобар гуногун будани нуқтаи назари шумову ҳамсар ё дӯстдоштаатон якчанд мушкилиҳо пеш меоянд. Дар пайи ҷустуҷӯву ислоҳи айбҳои худ бошед, на аз дигарон. Одати худбинӣ доред, ки инро ҳама атрофиёнатон медонанд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Тавре рафтор мекунед, ки гӯё душманони худро намебинед, аммо набояд ин тавр рафтор кард. Ҳеҷ душворие садди роҳи шумову корҳоятон шуда наметавонад. Таваккал карда, худро дар маркази диққати дигарон қарор диҳед ва ташаббус намуда, баъзе корҳорои муҳимтарро шурӯъ кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои муносибат бо хонавода ҳамарӯза вақт ҷудо карданатон лозим аст, вагарна меҳру муҳаббат аз байн рафта метавонад. Ба дӯстони пешинаи худ боварӣ карда метавонед. Онҳо роҳҳои нави пешравиро ба шумо нишон хоҳанд кард. Барои сарф кардани маблағ шитоб накунед. Ба наздикӣ кори дигар меёбед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз шумо бояд нисбат ба корҳои худ бодиққат бошед. Аз кор худро канор нагиред, вагарна чизеро ба даст намеореду аз ҳар чизе ҳаст, маҳрум мешавед. Барои истироҳату фароғат айёми мусоид аст. Дар баробари ин, ба тиҷорат низ машғул шуда метавонед, аммо корҳоятонро омехта накунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Шуморо рӯйдодҳои пешгӯинашаванда ва ҷолиби тақдир интизор аст. Истеъдоди волои шумо ба дигарон сахт таъсир мерасонад, ба шарте ки онро дуруст ва бамаврид истифода бурда тавонед. Ба саломатиатон таваҷҷуҳи бештарро равона созед ва агар вақт ёфтед, ҳатман ба қабули табибон шитобед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз як қисми корҳои шумо чунон тез ҷараён мегиранд, ки худатон дар ҳайрат мемонед. Аммо баъзе аз мушкилиҳо дар ҷои кор ба таври номатлуб ҳалли худро меёбанд. Барои барқарор кардани қувваи аз даст рафта, барои худ танаффус эълон карда, дар танҳоӣ ва оромӣ истироҳат намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар то ҳол танҳо зиндагӣ мекунед, пас имрӯз ба ҷустуҷӯи ҷуфти ба худ муносиб бароед ё бо нафаре вохӯрда, изҳори муҳаббат кунед, ки дар оянда хушбахтиро эҳсос карда тавонед. Нисбат ба саломатии худ бепарво набошед, зеро муҳимтар ва қимматтар аз он чизе нест. Даромади иловагӣ шуморо интизор аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз бо вазъияти ногувор рӯ ба рӯ шуданатон эҳтимол дорад. Кӯшиш кунед, ки ба ҷангу ҷанҷоли одамони ношинос ҳамроҳ нашавед. Боварӣ ба шарики худ ба ҳардуятон имкон медиҳад, ки мушкилиҳоро паси сар карда, аз бӯҳрони иқтисодӣ ба зудӣ бароед. Шом хабари хуш шунида, ҳама мушкилиҳоро фаромӯш мекунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ҳама кори шумо баръакс, яъне бар зидди худатон мешавад. Ҷаддиҳои муҷаррад дар ин рӯз бо нафаре вохӯрда, ҷуфти муносиби худро пайдо мекунанд. Аз ҳимоя кардани ҳуқуқҳои худ дар назди дигарон наҳаросед. Қадру қиммати худро ба ҳеҷ ваҷҳ паст назанед ва ба ҳар кас сар нафароред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз бидуни нақша кор карданро ба шумо тавсия намедиҳем. Кори шумо бояд реҷаи муайян дошта бошад. Кӯшиш кунед, ки вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон гузаронед. Зеро чунин ба назар мерасад, ки муносибатҳоятон сард шудааст. Дар ҷодаи муҳаббат шуморо лаҳзаҳои гуворо интизор аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Барои таҳсил кардану дониш омӯхтан ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Ба ҳамин хотир, барои идомаи таҳсилатон монеа эҷод накунед. Барои таъмири кадом як асбоб пешпардохт накунед ва аввал сифати корро санҷида бинед. Вохӯрӣ бо нафароне, ки дер боз якдигарро надида будед, табъатонро болида мегардонад.