arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2020
2704

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз танҳо худро ба назар гирифта, манфиати шахсони наздикатонро зери по мекунед. Ба оянда хушбинона назар кунед ва аз амалӣ кардани нақшаҳои бузург наҳаросед. Чанд орзуятон ба наздикӣ ҷомаи амал хоҳанд пӯшид. Нафаронеро пушту паноҳ бошед, ки шуморо дӯст медоранд.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз ба навгонӣ даст назанед, зеро рӯз барои корҳои нав мусоид нест. Корҳоеро, ки қаблан оғоз карда будед, имрӯз ба итмом расонед, вагарна ҳамин тавр нотамом боқӣ хоҳанд монд. Фикрониро як сӯ гузошта, асабҳои худро каме ором кунед. Ба ҳавои тоза ва тамошои табиат бароед, чун тобистон ҳам ғанимат аст.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар паси худ ҳамчун муҳофиз девори сангинро эҳсос мекунед, зеро оилаатон бо шумо ва дар фикри шумо ҳастанд. Ба эҳсос ва толеи худ боварӣ дошта бошед. Дӯстони худро бо пешгӯии ғайричашмдоште ба ҳайрат меоваред. Ҷавзоҳои оиладорро лозим аст, ки дар фикри ҳамсару фарзандонашон бошанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз корҳои ояндаро ба нақша гиред ва барои истироҳат низ ҳатман вақт ҷудо намоед. Шом дар атрофи худ касеро ҷамъ накунед ва кӯшиш кунед, ки тани танҳо бошед. Зиёдтар об бинӯшед, то организматон тоза шавад. Саратонҳои муҷаррад бояд аз паси пайдо кардани ҷуфти муносиб шаванд.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз имкон доред, то вазъи молиявиатонро аз пештара хубтар кунед. Барои истироҳату фароғат барномаи хубе тартиб доданатон лозим аст. Коратон якранг мегузарад, ки ин шуморо дилгир кардааст. Ситораҳо мегӯянд, ки барои ба кори дигар гузаштан айёми хубу бобарор аст.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки дар ин рӯз оқибати корро фикр накарда, ба нафаре қарз медиҳед. Шом танҳо бошед ва дар оромӣ ба эҳсоси худ гӯш диҳеду дар бораи ояндаатон фикр кунед. Дар муносибатҳои шахсӣ ба кор рӯ ба роҳ аст, воҳима карданатон шарт нест. Даромади иловагиро интизор набошед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз барои расидан ба ҳадафҳои худ кӯшиш кунед. Инсондӯстиатон ба шумо кӯмак мекунад, то дӯстони нав пайдо кунед. Иҷоза надиҳед, ки наздиконатон аз рӯйи гуфтаи нафари бегона кор кунанд. Имрӯз қарз додану қарз гирифтанро ба шумо тавсия намедиҳем. Барои харид низ рӯзи бобарор нест.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои рафъи асабоният имрӯз ба варзиш ва корҳои ҷисмонӣ машғул шавед. Ҳам ором мешавед ва ҳам фикрҳои ноҷоро аз сар дур мекунед. Вақти он расидааст, ки ба рафторҳои худ аҳамият диҳед ва онҳоро ба танзим дароред. Дар ҳаёти шахсӣ ҳеҷ мушкилие имрӯз шуморо интизор нест, дар ҳарос набошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои такмили ихтисос ва омӯхтани донишҳои нав рӯзи хуб аст. Мушкилоти кориро на бо ҳамкорон, балки худатон ҳал кунед. Барои таъмир ва хариду фурӯши хона рӯзи бобарор аст. Даромади пулӣ шуморо интизор нест, бинобар ин, сафакор бошед, вагарна то охири моҳ сахт бепул хоҳед монд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз бахт ба рӯйи шумо механдад, онро аз ҳама ҷиҳат истифода баред, то баъдан пушаймон нашавед. Ҷаддиҳои муҷаррад зудтар аз пайи кофтани ҷуфти худ шаванд ва онҳое, ки оиладоранд, ба қадри ҳамсари худ бирасанд. Аз муошират бо наздикон худдорӣ накунед, балки дар ҳама ҳолат дар паҳлӯяшон бошед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки имрӯз бо мақомдорони баландпоя баҳс накунед. Баръакс, то метавонед худро дар назди онҳо хубу хоксор нишон диҳед. Ҳарчанд бароятон писанд нест, аммо ба харҷи иловагӣ омода бошед. Мушкилии молиявиатон дар кӯтоҳтарин фурсат ҳалли худро меёбад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Агар ба суханҳои худ аҳамият диҳед, чанд ҳодисаи ногуворро пешгирӣ карда метавонед. Баъзе чизҳои кӯҳнаро партофта, ба ҷояш чизҳои нав харед. Ин дигаргунӣ ба ҳолати рӯҳиятон таъсир хоҳад расонид. Ҳангоми муомилаву муошират бо нафарони бегона эҳтиёткор бошед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД