Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар бораи васеъ кардани доираи фаъолиятатон фикр кунед. Аз нафарони ҷанҷолӣ худро канор гиред, вагарна феълу рафтори онҳо ба шумову кори шумо таъсир хоҳад расонид. Орзуву ҳавасҳоеро, ки амалӣ шуданашон аз имкон берун аст, аз сари худ дур созед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз кӯшиш накунед, ки масъулияти дигаронро бар дӯши худ бигиред. Нафаре дар ҷои кор мехоҳад, ки меҳнати шуморо қадр кунад. Эҳтиёт кунед ва ба шахсони шубҳанок бовар накунед. Дӯстонатон ба кӯмаки шумо ниёз пайдо мекунанд, ба ёрии онҳо шитобед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз бисёре аз ҷавзоҳо аз кори худ дилгир шуда, кори дигар меҷӯянд. Маълум аст, ки аз ташвишҳои кору рӯзгор хаста шудаед. Ба шумо истироҳат карданро тавсия медиҳем. Шуморо лозим аст, ки муваққатан баъзе саволҳоро беҷавоб гузоред ва ба худ машғул шавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ба корҳои таъҷилӣ диққати бештар диҳед. Хавотир нашавед, дӯстону ҳамкорон дар баратон ҳастанду ба шумо ёрӣ мерасонанд. Овозатонро баланд карда, ба саломатии худ зарар расонида метавонед. Асабҳоятон ором нигоҳ доред. Агар масъулият ҳис кунед, натиҷаи олӣ ба даст меоред.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки аз кормандони мақомотҳои болоӣ худро эҳтиёт кунед. Рӯз барои оғози тиҷорат бобарор нест, ба ҳамин хотир, ин корро ба вақти дигар ба таъхир гузоред. Наздиконатон ба шумо маслиҳат дода, мушкилиҳоятонро осон мекунанд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз дар ҷои кор аз баъзе амалҳои қаблан кардаатон хиҷолат мекашед. Беҳуда худро асабӣ мекунед, ки оқибати хуб надорад. Оилаи шумо ба кӯмакатон ниёз дорад, дарди дили онҳоро ҳам гӯш кунед, зеро вақтҳои охир ба кор дода шуда, нисбати онҳо бепарво ҳастед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯз барои сафари роҳи дур хуб аст. Барои гуфтушунидҳои корӣ низ рӯзи бобарор аст. Вақти худро ба масъалаҳои дувумдараҷа сарф накунед. Беҳтараш корҳои муҳимро дар мадди аввал гузоред. Даромади пулӣ дар назар аст, аммо хариҷи беҳуда накунед, вагарна бепул мемонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз бо ҳар нафаре, ки суҳбат мекунед, боэҳтиёт бошед. Баъзе ҳамсуҳбатони шумо гург дар либоси гӯсфанданд. Бо нафарони ношинос дарҳол дӯстӣ накунед, эҳтимол онҳо қаллоб бошанд. Хушмуомила ва суботкор будан калиди муваффақияти шумо хоҳанд буд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз ба васвасаҳо дода шуда, интихоби нодуруст мекунед, ки баъдан пушаймон хоҳед шуд. Боварӣ ба худ имкон медиҳад, ки корҳоятонро дар вақташ ба сомон расонед. Нафаре, ки ба ӯ эътимод мекардед, аз дӯстӣ бо шумо даст мекашад. Ба саломатиатон бештар диққат диҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз хабари хуши мешунидаатон табъи шуморо болида месозад. Саломатии худро аз боду ҳавои номусоид эҳтиёт кунед. Эҳтимоли аз лоторея бурд кардани маблағи на он қадар калон вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои корӣ бо шарикони боэътимод ҳамкорӣ кунед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Агар ба корҳои худ диққати ҷиддӣ диҳед, ба осонӣ ба ҳадафҳои худ мерасед. Кӯшиш намоед, бо нафароне, ки ба шумо пайваста кӯмак мерасонанд, муносибати хубу самимӣ дошта бошед. Далвҳои муҷаррад дар ин рӯз бахти деринтизори худро пайдо карда метавонанд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯз барои тағйир додани муҳит созгор аст. Масалан, шумо метавонед, ки корҳоятонро як сӯ гузошта, ба истироҳату дилхушӣ машғул ва аз кор фориғ шавед. Машғул шудан ба варзиш ба шумо фоида дорад. Ба касе қарз надиҳед ва аз касе ҳам қарз напурсед.