sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
3114

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Хастагии аз ҳад зиёд боиси рух додани ҳодисаҳои нохуш мегардад. Ҳангоми рафъи дилхоҳ мушкилӣ танҳо ба қувваи худ такя намоед, ба дастгирии нафаре умед набандед. Бо шахси дӯстдоштаатон муноқиша карда, эҳтимоли ҷудо шуданатон вуҷуд дорад. Сабру таҳаммулро пеша кунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Шиоратон дар ин рӯз муҳаббат, оромӣ ва нишот аст. Рӯзи хубест барои сафару саёҳат ва истироҳат. Тамоми вақти холии худро бо дӯстдоштаи худ гузаронед. Баъди нисфирӯзӣ хабари ногаҳонӣ боиси тағйир додани нақшаву ниятҳоятон мегардад. Маблағи худро барои камбудиҳои рӯзгор сарф кунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Ба касе қарз надиҳед, вагарна пулатонро дигар баргардонида наметавонед. Манбаи даромади худро ба касе нагӯед. Нафароне, ки ба қабули табиби чашм ва дандон рафтан мехоҳанд, беҳтараш ин корро ба рӯзи дигар гузоранд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз аз ҳиллаву найранги бадхоҳон эҳтиёт шавед. Кореро, ки аз ӯҳдааш намебароед, ба дӯши худ нагиред ва ба касе чизе ваъда надиҳед. Бо наздикони худ дағалӣ накунед, рафту худро ба даст гирифта натавонистед, ҳатман бахшиш пурсед. Баъди кор дар танҳоӣ сайругашт карданро маслиҳат намедиҳем.  

Асад (23 июл-22 август)

Қабл аз васеъ намудани доираи фаъолияти худ ё банақшагирии истироҳат имкониятҳои хешро ба назар гиред. Дар бораи нақшаву ниятҳоятон ба касе чизе нагӯед, вагарна диққати душманонро ба худ ҷалб месозед. Айни замон муносибати худро бо роҳбарият ва ҳамкорон вайрон накунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи хеле бобарор аст, тамоми мушкилиҳои худро рафъ карда метавонед. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявиро пайдо месозед. Дар ин рӯз эҳсосоти худро назорат намоед. Баъзе нафаронеро вомехӯред, ки табъатонро нохуш месозанд. Ҳангоми робита бо нафарони калонсоли оилаатон нофаҳмӣ имкон дорад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз тамоми вақти худро ба мушкилоти рӯзгор ва наздикон бахшиданатон лозим меояд. Вазъиятро дуруст ҳаллу фасл намоед, он гоҳ роҳи дурустро пайдо месозед. Ба эҳсосот дода нашавед ва ба нуқтаи назари дигарон гӯш накунед. Бо амри дили худ амал карданатон беҳтар аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз бонувон имкони нишон додани ҳунару маҳорати худро доранд. Зиракиву ҷозибаи худро нишон дода, дилхоҳ мушкилиро рафъ карда метавонед. Мардҳо бо дӯстони деринаи худ вомехӯранд. Кӯшиш намоед, ки муноқишаҳои пешина, нофаҳмиҳо ва ранҷишро ба хотир наоред. Хобҳоятон амалӣ мегарданд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ эҳтиёт шавед. Қувваву пули худро захира кунед. Баъзеҳо ҷойи кори худро иваз кардан мехоҳанд, вале айни замон барои ин амал мувофиқ нест. Аз нӯшидани машрубот ва ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, вагарна ба доми фиребгарон меафтед. Мулоқоти ошиқона табъи дилатон сурат мегирад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҳангоми ба нафаре ваъда додан хеле боэҳтиёт бошед. Мавқеятон дар ҷойи кор чандон хуб нест, аз ғайбату туҳмат эҳтиёт шавед. Нафаре дар фикри бадии шумост. Ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед ва ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ ҳушёриро пеша намоед. Бо худ гардонидани пули калонро тавсия намедиҳем.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз пешниҳоди хуби корӣ мегиред, ки онро бояд нағзакак ҳаллу фасл намоед. Иваз намудани ҷои кор ё ҷӯстани даромади иловагӣ маслиҳат дода намешавад. Аз омад накардани коратон асабӣ нашавед, баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Далвҳои муҷаррад сахт ошиқ мешаванд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз мардҳо барои ба даст овардани дили ҳамсар ё дӯстдоштаашон бояд тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода баранд. Барои дил бастану ошиқ шудан рӯзи мувофиқ нест. Пеш аз оғози ҳар кор нақшаи онро тартиб диҳед, вагарна барои иҷрояшон вақт пайдо карда наметавонед. Саломатӣ ташвиш намедиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД