arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2021
3309

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Диққати бештари худро ба кӯдакон равона созед. Робита бо онҳо на танҳо табъатонро болида, балки ба дилатон фараҳу шодӣ меорад. Ҳамалҳои ошиқ имкони оиладор шуданро пайдо мекунанд, вале саросема шуданро маслиҳат намедиҳем. Аз робита бо нафароне, ки табъатонро хира месозанд, дурӣ ҷӯед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз бадбахтиҳо аз каноратон мегузаранд. Нафаре дар роҳатон чоҳ канданӣ шуда, билохира худаш ба чоҳи кандааш фурӯ меравад. Хотири худро ҳатман шод гардонед, руҳафтодагӣ зеби саврҳо нест. Ба нафароне, ки дӯсташон медоред, ранҷу азоб наоред ва бо сабабҳои ночиз аз эшон наранҷед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз заҳматҳоятон қадрдонӣ мегарданд. Қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед. Вақти бештари худро бо нафаре гузаронед, ки дӯсташ медоред, зеро вохӯрии шумо ба ҳардуятон таъсироти мусбӣ мерасонад. Дар ҳаёти шахсӣ ба баъзе тағйиротҳои ногаҳонӣ омода бошед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз даромади хуб ва ҳамкориҳои судманд дар назар аст. Баъди нисфирӯзӣ маблағ ба даст меоред ва барои наздикон туҳфа хариданро фаромӯш накунед. Эҳтимоли рух додани муноқишаи калон ё нофаҳмӣ бо дӯстон вуҷуд дорад. Тундӣ ва дағалиятонро атрофиён қабул карда наметавонанд.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз аз муваффақиятҳои кори худ қаноатманд мегардед. Мутаассифона, дар ҳаёти шахсиятон беҳбудӣ дида намешавад. Муноқишаҳои паиҳам бо дӯстдоштаатон боиси асабхаробӣ ва бад шудани вазъи саломатиятон мегардад. Шахсе бо дастгириаш хотири шуморо якбора шод мегардонад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Мушкилиҳоеро, ки шуморо азият медоданд, рафъ карда метавонед. Маблағи зиёдатон барои илмомӯзӣ ва табобат сарф мегардад. Дар ҳаёти шахсӣ аз рӯи реҷа зиндагӣ карданатон ғалат аст, зеро муносибатҳоятон якрангу бемаънӣ мегарданд. Имкониятҳои аҷиби корӣ вазъи молиявиатонро беҳтар месозанд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар масъалаҳои пулӣ ба корҳои хатарноку таваккалӣ роҳ надиҳед. Ҳамзамон, ба нафароне, ки хуб намешиносед, пул қарз надиҳед. Дар ҳаёти шахсӣ ба баъзе тағйиротҳои гуворо омода бошед. Оромиву қаноатмандии худро нишонаи заифӣ ва нодорӣ шумориданатон комилан ғалат аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ҷодаи касбу кор рӯзи бобарор аст. Атрофиёну наздикон ба асабатон расида, аз корҳои муҳим шуморо дур сохтан мехоҳанд. Сабру таҳаммулро пеша намуда, нисбати эшон дағалӣ накунед. Нафаре ба мулоқоти ошиқона даъват мекунад, ки оташи меҳраш кайҳо боз дар қалбатон шӯъла афрӯхтааст. 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Зудбоварии аз ҳад зиёд дар касбу кор мушкилӣ эҷод намуда, дар оила низ боиси моҷаро мегардад. Табъатон нохуш гашта, асабиву дарундор мегардед. Фишори ботиниро идора кардан душвор мегардад. Нисбати дӯстдоштаатон ба танқид роҳ надиҳед. Агар нафареро дӯст медошта бошед, камбудиҳояшро низ қабул кунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба нафароне, ки ҳамкорӣ мекунед, хубтар зеҳн монед. Эҳтимол, аз пуштатон ғайбату дасисабозӣ мекунанд. Меҳрубониву самимият мушкилии дар байни шумову дӯстдоштаатон рухдодаро рафъ месозад. Бо нафарони ношинос ба муноқиша роҳ надода, худро дар ҳама ҳолат ба даст гиред.  

 

Далв (21 январ-18 феврал)

Имкониятҳои зиёдеро барои хубтар сохтани муносибат бо наздикон пайдо месозед. Агар нисбати яке аз наздикон дағалӣ карда бошед, вақте расидааст, ки узрхоҳӣ кунед. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед. Ҳамагуна хасташавӣ, якравӣ, дасткашӣ аз манфиатҳои шахсӣ дар роҳатон монеа эҷод мекунанд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нақшаву ниятҳоятон амалӣ мешаванд. Ҷиддият нисбати кор ва ҷидду ҷаҳд тамоми монеаҳоро аз роҳатон нест мекунад. Агар дӯстдоштаатонро бо ҳарфҳои пурмуҳаббат мафтун карда бошед, дар ин баробар, ишқатонро бо амал собит намоед. Ба тағийротҳои гуворои тақдир омода бошед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД