Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз вақти бештаратонро ба худатон бахшед ва дар бораи рушду ташаккули ояндаатон фикр кунед. Кӯшиш намоед, ки бо одамони хашмгин ва бахил суҳбат накунед. Ҳар қадар аз онҳо дур бошед, ҳамон андоза беҳтар аст. Оқилу кордон бошед, зеро бо ин хислатҳо диққат ҷалб кардан осонтар аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз шиносоиҳои ғайриоддӣ ва дӯстони нав рӯзи шуморо фараҳбахшу хотирмон мекунанд. Сюрприз низ ҳаст, аммо эҳтимол, он ба шумо он қадар писанд намеояд. Ба истироҳат машғул шавед ва кӯшиш кунед, ки худро аз ҳалқаи одамон дур гиред. Шӯру мағал ба асабҳоятон бетаъсир намемонанд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз ба дигарон каме хашмгинии худро нишон диҳед ва ҳангоми суҳбат низ аз ҳад зиёд меҳрубон нашавед. Нисбати онҳое, ки ба шумо кӯмак кардан мехоҳанд, бепарвоӣ зоҳир накунед. Шахсе, ки кайҳо аз ӯ шубҳа мекардед, ба даст меафтад ва кӣ будану барои кӣ кор карданашро ҳама мефаҳманд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз барои саратонҳо рӯзи бобарор аст. Қарорҳои қабулкардаатон бо муваффақият амалӣ мешаванд. Сараввал нақшаи кори худро тартиб диҳед ва аз рӯйи он амал намоед. Пас аз кори зиёд ба варзиши навъи йога машғул шавед ва нӯшидани каме шаробро низ тавсия медиҳем, зеро он шуморо сабук мекунад.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз барои ба даст овардани натиҷаҳои қаноатбахш шумо бояд аз меъёр зиёдтар кор кунед. Ҳатто агар ҳамин кори ҳаррӯзаатонро аз сидқи дил анҷом диҳед, бурд насиби шумост. Ҳар кореро, ки имрӯз анҷом дода натавонистед, ба пагоҳ гузоред ва худро зиёд хаста накунеду дар фикри саломатиатон бошед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз ситораҳо ба шумо ҳушдор медиҳанд, ки дар зиндагӣ устувор бошед, зеро эҳтимоли бо чанд ҳодисаи бад рӯ ба рӯ шуданатон вуҷуд дорад. Агар баъзе вохӯриҳоятон бо нокомӣ анҷоманд, рӯҳафтода нашавед, чунки ин маънои бетақдир будани шуморо надорад. Инсондӯст ва ошкорбаён бошед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки натиҷаҳои хуби кориро ба даст оварда наметавонед. Ягона чизе, ки бо он ноил мешавед, асаби вайрону харобгашта мебошад. Шумо бояд ба тартиби хӯрокхӯриатон тағйирот ворид намоед. Бештар чормағз истеъмол кунед, он ба майнаи сар фоида дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз дар ҳаёти шумо дигаргуниҳои мусбат зиёд рух медиҳанд. Инсони хуб бошед ва ҷони худро дар хатар нагузоред. Ба ҳар нафаре, ки аз шумо кӯмак мепурсад, ба қадри имкон ёрӣ расонед. Баъди ин қадар хубиҳову кӯмакҳоятон ҳеҷ кас шуморо бад дидаву бо чашми бад нигариста наметавонад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз барои сар кардан ё машғул шудан ба тиҷорат рӯзи мусоид аст. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат тағйироте ба назар намерасад. Нимаи дуюми рӯз хабари хуш мешунавед, ки шуморо болидарӯҳ месозад. Мақоли халқии “вақт ба пул баробар аст”-ро ба ҳеҷ ваҷҳ аз хотиратон набароред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз зарурияти фавран қабул кардани қароре ба миён меояд. Вазифаҳои гузошташударо ба таври дақиқ анҷом диҳед, он гоҳ дар ҳамагуна фаъолият муваффақ хоҳед шуд. Дӯстдоштаатон дар бисёр корҳо ба шумо дасти кӯмак дароз кардан мехоҳад ва шуморо зарур аст, ки ӯро дар канори худ ҷой диҳед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз ба васвасаи атрофиён дода шуда, нафареро танқид накунед, зеро дар сари қаҳру эҳсос касеро аз худ хафа карданатон мумкин аст. Дар дилатон хоҳиши ба кори дигар гузаштан пайдо мешавад. Ба тиҷорати хатарноке сармоягузорӣ кардан мехоҳед. Дар ин ҳолат ба маслиҳати бузургон гӯш диҳед.
Ҳут (19-феврал-20 март)
Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки бо одамони наздикатон аз ҳарвақта меҳрубонтар бошед. Бо дӯстону наздикон ва ё ҳар касе ки аз ҳама бештар дӯсташон медоред, зиёдтар вақт гузаронед. Якчанд пешниҳод ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ дар назар аст, аммо дарҳол тасмим нагиреду боақлона фикр кунед.