Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
3111

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Нисбати нафароне, ки беҳбудиятон аз онҳо вобастагӣ дорад, боэҳтиёт ва бодиққат бошед. Барои расидан ба мақсадҳои дар пеш гузоштаатон тамоми кӯшишу маҳорати худро ба харҷ диҳед. Эҳтимоли пайдо шудани беморие вуҷуд дорад, ки ба устухонҳо ва мушакҳо вобастагӣ дорад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз хабарҳои ногаҳонии хушу нохушро мешунавед. Муҳити оилавиятон чандон ором нест. Ба нафароне, ки ба сафар мебароянд, бо нафарони ношинос робита карданро маслиҳат намедиҳем. Ба гапу калочаҳои шахсоне, ки хуб намешиносед, умуман аҳамият надиҳед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба бахиливу ҳасудхӯрии атрофиён гирифтор мешавед. Беҳтарин коре, ки дар ин рӯз ба фоидаи худ карда метавонед, ҳамин аст, ки бурдбориҳои худро ба касе нишон надиҳед. Нафаре аз атрофиён меҳрубонии шуморо ҳамчун шармгинӣ қабул намуда, ӯҳдадориҳои вазнинро ба дӯшатон бор мекунад.   

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хубест барои оғози корҳои нав ва ҷалби ҳамфикрон ба касбу кори худ. Нерӯи худро ба суҳбатҳои хушку холӣ сарф накунед. Яку якбора аз пайи чанд кор шуданро маслиҳат намедиҳем. Барои он ки рӯзро беҳуда нагузаронед, тартибу интизомро риоя намоед ва корҳоятонро пешакӣ ба нақша гиред.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ҳодисае рух медиҳад, ки дергоҳ дар хотиратон нақш мебандад. Пешниҳоди ҳамкорон ё дӯстдоштаи худро дарҳол қабул кунед. Тамоми корҳои дар ин рӯз оғознамудаатон бобарор анҷом меёбанд. Аз ҳад зиёд сергапӣ карда, дар назди касе ҳавобаландӣ накунед, вагарна дӯстони навро аз даст медиҳед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ ва нобарориҳо дар ҳаёти шахсиятон зиёд аст. Сабаб дар бахилии нафаронест, ки нисбати шумо бадхоҳ ҳастанд. Баъзе рафтори нодурусти шумо низ вазъиятро душвортар месозад. Ба камбудиҳои худ диққат дода, ба роҳи хато қадам нагузоред.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Табъи хуш ва нияти неки шуморо баъзеҳо ҳамчун худхоҳӣ қабул мекунанд. Вазъият ба шарте ру ба беҳбудӣ меорад, ки нисбати наздикони худ меҳрубону ғамхор бошед. Барои ҳалли масъалаҳои ҷиддӣ рӯзи созгор нест. Бо корҳое, ки диққати зиёди шуморо талаб мекунанд, машғул шуда наметавонед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз беадолатӣ нисбати шумо зиёд мешавад. Нафаре аз атрофиёнатон боиси ба ғазаб омаданатон мегардад. Одати рӯирост гап задан вазъиятро тағйир медиҳад, вале асабоният ва бетоқатӣ боиси душвор гаштани мушкилӣ мегардад. Масъалаҳои пулие, ки хатарноканд, хисорот меоранд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Вохӯрӣ бо шахси дӯстдошта ва оғози муносибатҳои нави ошиқона бобарор анҷом меёбанд. Рӯзи хубест барои харид кардан ва анҷом додани масъалаҳои хариду фурӯши хона. Тағйиротҳои азиму гуворое рух медиҳанд, ки бо фарзандон ва муваффақияти шахсӣ вобастагӣ дорад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи хеле бобарор аст, имкони бароҳат сохтани хонаву дари худро пайдо мекунед. Дар ин ҷода ҳам пул ба даст меореду ҳам хоҳиши кор кардан зиёд мегардад. Барои қабули меҳмон ва беҳтар сохтани муносибат бо наздикон рӯзи хеле бобарор аст. Қобилиятҳои пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Нафаре аз атрофиён раҳми шуморо оварданӣ шуда, бо ҳамин роҳ ба нафъи худ истифода бурдан мехоҳад. Дар мавқеи худ устувор истода, ба доми макру фиреб наафтед. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намуда, ба хастагӣ роҳ надиҳед, вагарна ба саломатиятон зарар мерасад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз қобилиятҳои корӣ ва майлатон ба ишқварзӣ зиёд мегардад. Нафароне, ки бо ҳам қаҳрӣ будед, роҳҳои оштишавиро бо шумо ҷӯё мешаванд. Саховатмандиро пеша намуда, зиддият нишон надиҳед ва гузашт кунед. Нафароне, ки дилашон ишқу муҳаббат мехоҳад, аз ҳузури дӯстдоштаашон меёбанд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД