Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ДЕКБАРИ СОЛИ 2022
2135

Толеъномаи 25 декабр

Ҳамал

Имрӯз бисёр чизҳо бароятон муаммои сарбастаро мемонад, ки зудтар гиреҳашро кушодан мехоҳед. Агар гумон намоед, ки ҳақиқатро рӯйи об баровардаед, хато мекунед. Баъзан ғалатҳои худро ба гардан гирифтанро омӯзед.

 

Савр

Беҳуда ғам хӯрданро бас карда, ба мушкили худ аз як тараф нигаред. «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» мегӯянд, аз ғам хӯрданатон муроде ҳосил намегардад. Беҳтараш барои болида сохтани хотири худ ягон хӯроки бомаза омода кунед.

 

Ҷавзо

Воқеаҳои ин рӯз чунон ногаҳониву ғайриодиянд, ки дар аввал сари калобаатонро гум карда, чӣ кор кардан чӣ гуна рафтор карданро намедонед. Хабаре, ки баъди нисфирӯзӣ мешунавед, ба рафти корҳоятон таъсири мусбӣ мерасонад.

 

Саратон

Имрӯз метавонед аз ҳар лаҳза ҳаловат бубаред. Корҳои худро як тараф гузошта, бо шуғли дӯстдошта машғул шавед. Дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ надода, аз шириниҳои ҳаёт ҳаловат бардоред. Бо нафарони шубҳанок шинос шуданро тавсия намедиҳем.

 

Асад

Имрӯз ба маънои томаш аз зиндагӣ ҳаловат мебардоред. Ба касе чизеро исбот кардану саросема шудан лозим нест. Ҳатто баъзе корҳоро ба таъхир гузоштанатон лозим меояд. Беҳтараш рӯзро барои робита бо дӯстону наздикон бубахшед.

 

Сунбула

Барои рафъ намудани вазниниҳое, ки аз рӯзҳои пешин боқӣ мондаанд, бо дӯстон дар театр ё қаҳвахона якҷоя дилхушӣ намоед. Аз суҳбати дӯстон, хӯроки болаззат, аз дидори шахси дӯстдошта ё шунидани оҳанги хуб ҳаловат мебардоред.

 

Мизон

Дар ин рӯз қобилияти зуд сари қароре омаданро пайдо намуда, масъулият ҳис карда метавонед ва атрофиёнро барои дар ҳаёт татбиқ намудани нақшаҳоятон ҷалб месозед. Ба ҳар коре, ки даст занед, бе душворӣ муваффақ мегардед.

 

Ақраб

Ситораҳо ҳушдор менамоянд, ки кори муҳимеро аз шумо пинҳон менамоянд. Эҳтимол нафаре аз пушти шумо дасисабозӣ мекунаду худатон хабар надоред ё шахсе дар фикри бадии шумо буда, дар ҳақатон овозаву туҳмат паҳн мекунад. Барои он ки ба кору обрӯятон зарар нарасад, бояд хеле ҳушёр бошед.

 

Қавс

Имрӯз худро боқуввату нерӯи тоза эҳсос мекунед. Қобилияти кориятон баланд гашта, нақшаҳоятонро амалӣ месозед. Рӯзро барои расидан ба мақсад истифода баред, вале дар баробари корҳои нав корҳои пештараро низ ба сомон расонед.

 

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз корҳоятон хеле ба осонӣ пеш мераванд. Вале ин маънои онро надорад, ки монеае сади роҳатон намегардад, танҳо бо ҳазлу шухӣ мушкилиҳои сарзадаро рафъ намуда, баъзеяшро умуман пай намебаред. Сабаби пешравиҳоятон ба садои қалб гӯш дода тавонистанатон аст.

 

Далв

Имрӯз эҳтимоли зиёди пеш омадани баҳсҳои молиявӣ вуҷуд дорад. Агар мушкилоти иқтисодӣ аллакай пайдо шуда бошад, аз он гурехтанро тавсия намедиҳем. Дар акси ҳол муноқиша давомноку дардолуда мегардад.

 

Ҳут

Имрӯз тамоми ҳодисаҳои атроф бароятон аҷиб менамояд. Бо нерӯи дучанду кунҷкобии беандоза ба дили баъзеҳо роҳ ёфта аз тамоми сиру асрори ҳамсуҳбати худ бохабар мегардед. Аз он ки дарди дигаронро гӯш карда метавонед, дӯстони зиёд пайдо мекунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД