Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
3050

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз симои аслии худро на танҳо ба шарикони тиҷоратӣ, балки ба атрофиён нишон доданатон лозим меояд. Аз харидорӣ намудани хӯрокаву моли арзон худдорӣ намоед, вагарна ба даст овардани моли бесифат имкон дорад. Агар нияти оиладоршавӣ дошта бошед, кори хайрро ба қафо напартоед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Ҳаёти шахсии нафароне, ки ҳанӯз бахти худро пайдо накардаанд, аз худашон вобастагӣ дорад. Ба нафаре, ки шуморо сидқан дӯст медорад, диққат диҳед. Ҳангоми харид кардан сарфакор бошед, пулҳоятонро пинҳон кунеду ба касе қарз надиҳед. Бегоҳирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона созгор аст.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз дилатон навигариву таассуроти тоза мехоҳад. Ҳушёриро пеша намоед, хатари ҷароҳат ёфтану муноқиша карданатон зиёд аст. Аз харидани ҳайвоноти калон худдорӣ намоед. Бо варзиш машғул шуданро низ тавсия намедиҳем. Ба коре, ки боиси рашки дӯстдоштаатон мегардад, даст назанед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ҳангоми суҳбат бо одамон аз гуфтани сирру асрори дигарон худдорӣ намоед. Пӯхтакориятон боиси пешравии корҳо ва ба даст овардани маблағи хуб мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ба чизҳои майда- чӯйда диққат надиҳед, вагарна воқеаи муҳимеро аз мадди назар дур месозед.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯз барои оиладор шудан, никоҳ кардан ва бастани шартномаҳо номусоид аст. Нафарони воломақом кӯмак мекунанд, вале дар муносибатҳои ошиқонаатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Аз хӯрдани ширинӣ ва сафарҳои дур худдорӣ намоед. Ба қонунвайронкунӣ роҳ надиҳед, вагарна ба вазъияти ногувор меафтед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз тибқи маслиҳати дӯстон амал кунед. Ҳангоми гирифтани ҳаққи хизмат мушкилиҳо сар мезананд. Ба худтабобаткунӣ машғул нашавед, вагарна дубора табобат кардану маблағи зиёд сарф карданатон лозим меояд. Сунбулаҳо муҷаррад бояд аз пайи бунёд кардани хонаи бахти худ шаванд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз аз даст додани маблағи зиёд, дилмондагӣ дар муҳаббат ва рӯҳафтодагӣ дар касбу кор имкон дорад. Дилмонда нагардед, ҳамааш аз худатон вобастагӣ дорад. Барои аз мушкилиҳои ба саратон омада раҳоӣ ёфтан, тамоми гапу хабари фаҳмидаро нағзакак санҷиданатон лозим аст. Нафаре изҳори муҳаббат мекунад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз аз ғайбату бадгӯйии бадхоҳон эҳтиёт шавед, вагарна обрӯятон мерезад. Дар ҳалли мушкилоти рӯзгор ва харидани манзил ба якравӣ роҳ надиҳед, ба маслиҳати шахси бароятон наздик гӯш диҳед.Одамчаспиву ӯҳдабароиятон хуб аст, вале аз ҳад зиёд зудбовар нашавед. На ҳар сурати зебо сирати зебо дорад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи вазнину серташвиш аст. Корҳои майда- чӯйда асабатонро хароб карда, имкони ба доми фиребгарон афтиданатон вуҷуд дорад. Вохӯриву робитаатонро бо нафарони даркорӣ мустаҳкам созед, пешравии корҳоятон ва вазъи молиявӣ аз ҳамин нафарон вобастагӣ дорад. Минбаъд дар ҷустуҷӯи шахси идеалӣ нашавед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар масъалаҳои ошиқона матонату устуворӣ нишон диҳед. Дар ин рӯз тӯйи арӯсӣ ва дигар маъракаҳо хеле хуб анҷом меёбанд. Аз пайи ба даст овардани боигарӣ надавед. Барои харидорӣ намудани асбобҳои техникӣ рӯзи хуб нест. Қайчӣ задан ё ранг кардани мӯй тавсия дода намешавад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Саломатиятон андаке нохуб мегардад, хатари хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад, беҳтараш ба беморхона равед. Мулоқоти ошиқонаатон бо нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудед, хуб мегузарад. Барои харидани хонаву савдои яклухт рӯзи мусоид аст. Сафарҳо бобарор мешаванд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз харидану таъмири асбобҳои техникӣ маслиҳат дода намешавад. Аз гармохунукшавӣ эҳтиёт кунед, вагарна бемор мешавед. Аз гуфтори беҳуда худдорӣ намуда, пул қарз нагиред, дар масъалаҳои пулӣ бо дӯстон додугирифт накунед, вагарна ҳам дӯстиятон хотима меёбаду ҳам пул кор карда наметавонед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД