Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2020
2388

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз нафарони эҳтиёҷманд ба шумо муроҷиат мекунанд. Аз ёрӣ расонидан ба онҳо худдорӣ накунед. Рӯзатон дар зери парчами меҳрубонӣ мегузарад. Наздиконатон дар муносибат бо шумо дағалгуфтор буда метавонанд. Аз чунин муносибат наҳаросед, зеро айбе надоред. Танҳо рӯз чунин аст.

Савр (21 апрел-20 май)

Барои фароғату истироҳат, дар маҷмӯъ, барои ҳамагуна тағйирот айёми муносиб фаро расидааст. Имрӯз худро аз ҳад зиёд ба дасти кор надиҳед, балки табъи идона дошта бошед. Ваъдаҳоеро, ки ба шумо дода буданд, фаромӯш накунед. Даромади на он қадар зиёди иловагӣ дар назар аст.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз ба реҷаи хӯрокхӯрии худ диққати махсус диҳед. Бештар ғизоҳои солимро истеъмол намоед. Аз иҷрои корҳое, ки баъдан нофаҳмиҳоро ба миён меоранд, даст кашед. Дар худ қувваи ноаёнеро эҳсос мекунед. Ҷавзоҳои танҳо ҷуфти муносиби худро дар наздиктарин фурсат пайдо хоҳанд кард.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз агар аз чизе норозӣ бошед, дарҳол ба шикоят кардан сар накунед. Барои вохӯрӣ бо дӯстон дар фазои кушод рӯзи хубу ҳаловатбахш аст. Кореро, ки ба нақша нагирифтаед, иҷро накунед. Мулоқот бо дӯстон ба шумо лаззат мебахшад ва ҳамагуна эҳсоси манфиро фаромӯш хоҳед кард.

Асад (23 июл-22 август)

Корҳоятон бомуваффақият анҷом меёбанд, ба шарте ки софдилона амал кунед. Бо роҳи фишор овардан ё фиреб додан нафареро ба роҳи рост ҳидоят карда наметавонед. Асадҳои муҷаррад ба нафаре дил мебанданд, аммо ҷуръат карда, ҳарфи дилашонро гуфта наметавонанд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз ҷони шумо дар хатар аст. Ҳар муноқишаи куҳна аз сифр оғоз шуда метавонад. Аз наздикони худ тамаъ карданро бас кунед, бе ин ҳам онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро карда истодаанд. Касеро таҳқир накунед, вагарна ба сари худатон бало мехаред. Даромади пулӣ дар назар нест.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз агар нафаре шуморо бо суханҳои таҳқиромез озор диҳад, аҳамият надиҳед. Ба шумо кори сердаромад пешниҳод мекунанд, аммо онро қабул карда наметавонед, зеро кулли нақшаҳоятон барбод мераванд. Дар назди худ мақсадеро гузоред, ки бароятон аз ҳамам чиз муҳимтар бошад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз шумо ба маслиҳати атрофиён ниёз пайдо мекунед. Барои пурсидани кӯмак аз аҳли оила ва дӯстон шарм надоред. Баъзе зодагони зери ин бурҷ дар лаҳзаҳои ҳассос низ кор карда метавонанд. Кӯшиш кунед, ки ба эҳсосот дода шуда, дигаронро наранҷонед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки эҳсоси худро хуб гӯш карда, мувофиқи он амал намоед. Некӣ кунед, дар ҷавобаш ҳатман некӣ хоҳед дид. Рӯзро дар муҳити орому осуда ва бароҳат паси сар кунед. Шомгоҳон аз сайру гашт ва тамошо дида, хоб бароятон муфидтар аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз барои ҳалли масъалаҳои гуногун як қатор ҳаракатҳои ғайричашмдоштро истифода баред. Баъзе ҷаддиҳо нисфи хоҳишҳои худро амалӣ карда наметавонанд. Аз танқид ҳеҷ гоҳ хафа нашавед. Нисбат ба бемориҳое, ки вақтҳои охир шуморо азият медиҳанд, бепарво набошед ва ба духтур муроҷиат намоед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Қабули қарорҳои муҳимро ба вақти дигар ба таъхир гузоред, зеро имрӯз барои анҷоми ин кор муносиб нест. Симои худро дигаргун кардан мехоҳед, то диққати ҷинси муқобилро ба худ ҷалб созед. Маслиҳат медиҳем, ки мӯятонро аз ҳад зиёд серранг накунед. Ҳангоми вохӯрӣ бо нафарони ношинос эҳтиёт кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда имрӯз мубодилаи ахбор карданатон лозим аст. Барои истироҳат ва суҳбат бо дӯстони дерина вақти хуб аст. Агар бо нафаре суҳбат кардан хоҳед, мунтазири зангаш нашуда, худатон занг занед. Вақти он расидааст, ки аз бепулӣ натарсед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД