sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 24-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
3307

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ҳаёти оилавӣ ба эҳсосот дода нашавед ва оқилона рафтор намоед. Аз шахси бароятон азиз туҳфаи қимматбаҳо мегиред. Барои ҳамалҳои оиладор лаҳзаҳои хотирмон фаро мерасад. Бештар ба варзиш машғул шавед. Ҳаёти ҳамалҳои муҷаррад баъди шиносоӣ бо нафаре комилан тағйир меёбад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи олиҷанобест барои нафароне, ки нияти ба хонаи нав кӯчидан ва таъмири онро дар нақша доранд. Дар оилаатон хурсандиву нишот аст, дар оилаи баъзе саврҳо сафи фарзандон зиёд мегардад. Вохӯрии тақдирсоз имкон дорад. Дар ҷои кор шартномаи муфид баста, даромади пулӣ ба даст меоред.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз корҳоятонро дақиқ ба нақша гирифта, аз дастгирии дӯстон рӯ нагардонед. Дар коргоҳатон бо ҳамкорон якҷоя меҳнат карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед, аз ин рӯ, дар танҳоӣ амал накунед. Барои мустаҳкам сохтани масунияти бадан шарбатҳои мевагиро истеъмол кунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз ба муноқишае ҳамроҳ мешавед, ки зарараш то дер шуморо ором намегузорад. Меҳнати шуморо қадр мекунанд, вале ба корҳое, ки боиси сар задани душвориҳо мегарданд, даст назанед. Саратонҳое, ки аз вазни зиёдатӣ азоб мекашанд, бояд парҳезро риоя намоянд. Дар муносибатҳои ошиқона ҷасурона амал намоед.

Асад (23 июл-22 август)

Бо нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудаед, нақшаҳои хуб тартиб медиҳед. Аввал шиносатонро нағзакак омӯхта, баъдан ҳамкорӣ кунед. То вақте ки корҳои ба ӯҳда доштаатонро ба анҷом нарасонед, ба даромади калон умед набандед. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имконпазир аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз шириниҳои зиндагӣ лаззат бурда, шоҳиди рӯйдодҳои фараҳбахш мегардед. Такягоҳи саховатмандеро пайдо мекунед, ки аз ҷиҳати моддиву маънавӣ шуморо таъмин месозад. Муноқишаи дар коргоҳатон сарзадаро бо ҳазлу шӯхӣ бартараф карда метавонед. Бегоҳирӯзӣ омадани дӯсти деринро интизор шавед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст, пешниҳодҳои аҷиби корӣ ва даромади пулӣ имкон дорад. Дар оилаатон оромиву нишот ҳукмфармо гашта, танҳо бо суҳбатҳои беҳудаву шубҳаву гумон метавонед муносибати худро бо ҳамсафари ҳаётӣ вайрон созед. Ба умеди туҳфаи тақдир нашавед, беҳтараш худатон ба дигарон кӯмак расонед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ҳаёти шахсии ақрабҳо давраи ором фаро мерасад. Аз чунин ранг гирифтани вазъият шод гашта, аз пайи пайдо намудани кори иловагӣ мешавед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед ва саломатии худро эҳтиёт кунед. Барои он ки одати рӯирост гап заданатон боиси ҷанҷол нашавад, нерӯи худро ба ягон кори безарар равона созед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар вазъи молиявиатон субҳ беҳтар нагардад, мунтазири кӯмаки касе нашуда, аз пайи пайдо намудани манбаи даромад шавед. Рафтори шоистаи дӯстдоштаатон ҳам табъатонро болида месозаду ҳам дилпур мегардед. Аз он ки дӯстдоштаатон шуморо сахт дӯст медораду ба хотири шумо ҷонфидоӣ мекунад, ба ҳайрат меоед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар байни коргарон ба рафтори дағалона роҳ надиҳед, вагарна обруву нуфӯз ва мавқеи худро, ки бо душвориҳои зиёд пайдо намудаед, аз даст медиҳед. Рӯзи бобарорест барои хариди калон, сафар ва робитаҳои тиҷоратӣ. Дар ҷодаи муҳаббат душворие дида намешавад, вале ҷаддиҳои серкор вақти ишқбозӣ надоранд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар муносибатҳои оилавиятон мушкилиҳо пеш меоянд. Аз нафарони оқил дастгириву маслиҳат пурсида метавонед. Бигзор наздикон дар ин ҳолат ба шумо кӯмак расонанд. Сайругашти бегоҳирӯзӣ рӯҳатонро болида мегардонад. Ба нафаре, ки имрӯз изҳори муҳаббат мекунад, аз таҳти дил бовар накунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба ишқбозиҳои бемаънӣ роҳ надиҳед. Тамоми мушкилиҳоятон бо ҳамин сабаб пайдо мешаванд. Беҳтараш бо корҳои молиявӣ машғул шавед, хусусан, агар ба рухсати меҳнатӣ баромаданӣ бошед. Бадгумониву нобоварӣ хоси ҳутҳо нест, вале дар ин рӯз ба дилатон роҳ меёбад. Шомгоҳон каме худро нотоб ҳис мекунед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД