Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз аксари мушкилиҳоро бо кӯмаки дӯстони наздикатон рафъ карда метавонед, зеро дар танҳоӣ коре аз дастатон намеояд. Нисбат ба саломатии худ беаҳамиятӣ зоҳир накунед, чун дардҳои пешина аз нав хуруҷ мекунанд. Агар хоҳед, ки дӯстдоштаатонро аз даст надиҳед, нисбаташ хушмуомила бошед.
Савр (21 апрел-20 май)
Ба мушкилиҳое, ки имрӯз садди роҳи шумо мегарданд, умуман диққат надиҳед. Ба наздикӣ ин мушкилиҳо бе иштироки шумо низ ҳалли худро меёбанд. Нафаре, ки аз шумо қарз гирифта буд, онро бо фоизҳояш бармегардонад. Нисбати дӯстдоштаатон меҳрубон бошеду ба ҷудоӣ роҳ надиҳед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз мушкилиҳои зиёд думболи шуморо мегиранд. Дар хона бо ҳамсаратон аз рӯйи кӯдакон муноқиша мекунед. Ба ҳаёти шахсии дигарон бинӣ нахалонед, вагарна тамоми гуноҳро ба сари шумо бор хоҳанд кард. Агар хоҳед, ки то охири моҳ бепул намонед, дар харҷи маблағ сарфакор бошед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Субҳи содиқ аз роҳи дур хабари хуш мешунавед, ки табъатон болида мегардад. Дар масъалаи зиёд кардани манбаъҳои даромад ба маслиҳати каси дигар гӯш надиҳед, танҳо бо амри дил кор кунед. Шомгоҳон аз тарафи шахсе, ки дербоз дар ишқаш месӯхтед, хабари хуш мешунавед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз миёни шумову ҳамкори дигаратон барои аз худ кардани вазифа рақобат ба вуҷуд меояд. Асабӣ шуда, қаҳру ғазаби худро фурӯ бурда наметавонед. Дар оила ҷангу ҷанҷол бо ҳамсаратон имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ аз хона баромада, ба ҷое рафтанро ба шумо тавсия намедиҳем.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз муборизаи шумо бо рақибонатон сар мешавад. Гуфтугӯи рӯ ба рӯ масъаларо ба фоидаи шумо ҳал карда метавонад. Фикре, ки рӯзона ба саратон меояд, маблағи шуморо дучанд зиёд мегардонад. Барои оромии асабҳоятон истироҳат кунед. Дар бораи нақшаҳоятон ба дигарон нақл накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз корҳои мизонҳои олим ва донишманд барор мегирад. Агар имкон дошта бошед, пас аз корҳои фикронӣ ба истироҳат машғул шавед. Барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ рӯзи бобарор нест. Аммо барои амалӣ кардани нақшаҳои эҷодӣ рӯзи хуб аст. Корҳои ақлонӣ ҳалли худро ёфта, натиҷаи хуб медиҳанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз тамоми нақшаҳоятонро амалӣ месозед. Хотири ҳар нафареро, ки бароятон азиз аст, шод намоед. Дар оилаатон нофаҳмӣ рух медиҳад ва дӯсти наздикатон вазъиятро ором мекунад. Меҳрубон бошед, он гоҳ атрофиён низ бо шумо меҳрубон мешаванд. Ба ҳама чиз бо шубҳа нанигаред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Далерона аз пайи амалӣ кардани мушкилиҳои касбӣ шавед. Дар ҷойи кор нафаре иштибоҳан аз рӯйи шумо шикоят мекунад, ки боиси тафтишоти ногаҳонӣ мешавад. Давоми рӯз аз рафтан ба ҷойҳои серодам ва ҷашну маросимҳо худдорӣ намоед. Беҳтараш, рӯзро бо пайвандон сипарӣ кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ба маслиҳати дӯстонатон гӯш диҳед. Хусусан, агар мушкилиҳои молии худро мустақилона ҳал карда натавонистед. Даромади иловагии пулӣ дар назар аст, вале нисбатан кам. Дар ҳаёт қарори қатъие қабул мекунед, ки чӣ гуна сурат гирифтани ояндаатон аз он вобастагӣ дорад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз аз вохӯрӣ бо нафарони ношиносу тасодуфӣ худдорӣ намоед. Аз нафаре, ки қаблан муносибатҳои наздик доштед, ҷудо шуда наметавонед. Худро ба даст гирифта, вазъиятҳои ногуворро сарбаландона паси сар кунед. Шомгоҳон ба шумо кори нав пешниҳод мекунанд, онро рад накунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз худро барои иҷрои коре маҷбур карда наметавонед, зеро фикру хаёлатон ба дӯстдоштаатон банд аст. Ба корҳое, ки боиси шармандагиатон мешаванд, даст назанед. Барои рафъи мушкилиҳои молиявӣ тамоми қувваи худро сарф кунед. Шом ба меҳмонӣ меравед, аммо бо мошини шахсии худ наравед.