Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ ИЮЛИ СОЛИ 2020
3147

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои таҳсил кардану дониш омӯхтан ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Ба ҳамин хотир, барои идомаи таҳсилатон монеа эҷод накунед. Барои таъмири кадом як асбоб пешпардохт накунед, аввал сифати корро санҷида бинед. Вохӯрӣ бо нафароне, ки дер боз якдигарро надида будед, табъатонро болида мегардонад.

Савр (21 апрел-20 май)

Бе нақша кор карданро ба шумо тавсия намедиҳем. Кори шумо бояд реҷаи муайян дошта бошад. Кӯшиш кунед, ки вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон гузаронед. Зеро чунин ба назар мерасад, ки муносибатҳоятон сард шудааст. Дар ҷодаи муҳаббат шуморо лаҳзаҳои гуворо интизор аст.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз ҳама кори шумо баръакс, бар зидди худатон мешавад. Ҷавзоҳои муҷаррад дар ин рӯз бо нафаре вохӯрда, ҷуфти муносиби худро пайдо мекунанд. Аз ҳимоя кардани ҳуқуқҳои худ дар назди дигарон наҳаросед. Қадру қимати худро паст назанед ва ба ҳар кас сар нафароред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз бо вазъияти ногувор рӯ ба рӯ шуданатон эҳтимол дорад. Кӯшиш кунед, ки дар ҷангу ҷанҷоли одамони ношинос ҳамроҳ нашавед. Боварӣ ба шарики худ ба ҳардуятон имкон медиҳад, ки мушкилиҳоро паси сар карда, аз бӯҳрони иқтисодӣ ба зудӣ бароед.

Асад (23 июл-22 август)

Агар то ҳол танҳо зиндагӣ мекунед, пас имрӯз ба ҷустуҷӯи ҷуфти ба худ муносиб бароед ё бо нафаре вохӯрда, изҳори муҳаббат кунед, ки дар оянда хушбахтиро эҳсос карда тавонед. Нисбат ба саломатии худ бепарво набошед, зеро муҳимтар ва қиматтар аз он чизе нест.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз як қисми корҳои шумо чунон тез ҷараён мегиранд, ки худатон дар ҳайрат мемонед. Аммо баъзе аз мушкилиҳо дар ҷои кор ба таври номатлуб ҳалли худро меёбанд. Барои барқарор кардани қувваи аз даст рафта, ба худ танаффус эълон кунед ва истироҳат намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Шуморо рӯйдодҳои пешгӯинашаванда ва ҷолиби тақдир интизор аст. Истеъдоди волои шумо ба дигарон сахт таъсир мерасонад, ба шарте ки онро дуруст ва бамаврид истифода баред. Ба саломатиатон таваҷҷуҳи бештарро равона созед ва агар вақт ёфтед, ҳатман ба қабули табибон равед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз шумо бояд нисбат ба корҳои худ бодиққат бошед. Аз кор худро канор нагиред, вагарна чизеро ба даст намеореду аз ҳар чизе ҳаст, маҳрум мешавед. Барои истироҳат айёми мусоид аст. Дар баробари ин, ба тиҷорат низ машғул шуда метавонед, аммо корҳоятонро омехта накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Тавре рафтор мекунед, ки гӯё душманони худро намебинед, аммо набояд ин тавр рафтор кард. Ҳеҷ душворие садди роҳи шумову корҳоятон намешавад. Таваккал карда, худро дар маркази диққати дигарон қарор диҳед ва ташаббус карда, баъзе корҳоро шурӯъ кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои муносибат бо хонавода ҳамарӯза вақт ҷудо карданатон лозим аст, вагарна меҳру муҳаббат аз байн рафта метавонад. Ба дӯстони пешинаи худ боварӣ карда метавонед, ин роҳи навро ба шумо боз хоҳад кард. Барои сарф кардани маблағ шитоб накунед. Ба наздики кори дигар меёбед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз ягон кори ҷиддиро ба нақша нагиред. Дар муносибатҳои шахсӣ бинобар гуногун будани нуқтаи назари шумову ҳамсар (дӯстдошта)-атон чанд мушкилӣ пеш меояд. Дар пайи ҷустуҷӯи айбҳои худ бошед, на аз дигарон. Одати худбинӣ доред, инро ҳама медонад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз хушбахтиро интизор нашавед, зеро ҳоло ба шумо навбат нарасидааст. Кӯшиш кунед, ки бо шахси дӯстдоштаатон бештар вақт гузаронед ва иҷоза надиҳед, ки ҳар кас ба корҳои шумо дахолат кунад. Аз вохӯрӣ бо нафарони ношинос ё шубҳанок худдорӣ намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД