Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
3105

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Беҳуда аз пайи орзуву ниятҳои худ надавед, бе кӯмаки нафарони даркорӣ бурд намекунед. Ҳамалҳое, ки қарздоранд, дар ин рӯз бояд қарзҳояшонро баргардонанд. Ба омадани меҳмонон омода бошед. Ошиқатон аз шумо ранҷида бошад, беҳуда хирагӣ накунед, беҳтараш фикри худро ба ягон кори дигар ҷалб намоед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Барои пешравии корҳоятон аз ҳамкори ботаҷрибаву кордонатон кӯмак пурсед. Бурдборӣ дар муносибатҳои ошиқона саврҳоро ҳамсафар мегардад. Рафтори арзандаи шумо боиси бештар гаштани муҳаббати ёратон мегардад. Дар боби саломатӣ ба маслиҳати касе гӯш надода, беҳтараш ба назди табиб равед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба роҳбарияти коргоҳатон нуқтаи назари худро баён намуда, аз чунин далерӣ дар ҳайрат мемонед. Муҳимаш дағалӣ накунед, вале аз ҷасорати худ пушаймон нашавед. Ҷавзоҳои муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз дар пеш аст. Ба нафаре дил мебандед, ки чанд сол қабл дар маҳфиле шинос шуда будед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Корчалониву ӯҳдабароиятонро роҳбарият қадр мекунанд, вале аз ҳад нагузаронед, то ки душманонатон зиёд нагарданд. Саратонҳое, ки бо тиҷорат машғуланд, мушкили молиявии худро рафъ месозанд. Саломатии худро танҳо ба табибони касбӣ бовар кунед. Ба нафароне, ки дар бораи ёратон овоза паҳн мекунанд, бовар накунед.

Асад (23 июл-22 август)

Агар умре дар ҷустуҷуйи шахси идеалӣ гардед, инсони беҳтаринеро аз даст доданатон имконпазир аст. Вохӯрии шумо бо чунин инсон дар ҷойи ғайриоддӣ имкон дорад, ҳушёриро пеша намоед. Мушкилии пулиятон ба хубӣ рафъ мегардад. Минбаъд боақлона рафтор кунеду пулҳоятонро беҳуда сарф накунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ҷойи кор монеаҳои ногаҳонӣ имкон доранд. Барои аз вазъияти душвор берун шудан кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Сустиродагӣ дар муносибатҳои ошиқона боиси ранҷиши ёратон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ худро беҳолу бемадор ҳис мекунед, ташвиш накашед, ин нишонаи камқувватиятон аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз нақшаҳоятон тағйир ёфта, аз пеш омадани монеаҳо дар ғазаб мегардед. Бо вуҷуди андуҳгин буданатон худро ба даст гиреду фикрҳоятонро ҷамъ кунед. Ба нафаре, ки бо ғайбату бадгӯӣ машғул аст, сирри дилатонро фош насозед. Бегоҳирӯзӣ ногаҳон хабари хуш мешунавед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Вазъи пулиятон рӯ ба беҳбудӣ оварда, дар фикри рафъ намудани мушкилиҳоятон мегардед. Пулро барои хариди беҳуда сарф накунед ва бо нафарони шубҳанок низ ҳамкорӣ накунед. Вазъият дар оилаатон хуб нест, аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед. Агар аз касе қарздор бошед, ҳамин рӯз пулро баргардонед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Бояд аз пайи пайдо кардани манбаи нави даромад шавед, вагарна рӯзҳои наздик тамоман бе пул мемонед. Нисбати дӯстдоштаатон хирагӣ накунед, ташаббусу исроркориятон ба ёратон хуш меояд, вале аз ҳад нагузаронед. То нисфирӯзӣ ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад, аз ҷароҳат бардоштан ҳушёр шавед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи мусоидест барои нафароне, ки корҳояшонро ба нақша мегиранд. Имкони ба даст овардани маблағи хуб ё барор гирифтани корҳоятон вуҷуд дорад. Худро хеле хуб ҳис мекунед. Муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта хуб аст, вале дахолати нафаре, ки ба бахти шумо ҳасад мебарад, боиси низоъ карданатон мегардад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз танбалӣ кардану дар тақдири бади худ касеро гунаҳкор карданатон нодуруст аст. Барои муваффақ гаштану пули зиёд ба даст овардан бояд роҳҳои нави пулкоркуниро пайдо намоед. Сафару сайругашт ва машқҳои ҷисмонӣ ба фоидаи шумост. Беэътиноии шахси дӯстдоштаатон боиси хафагиву дилозорӣ мегардад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Аз ташаббусҳои шумо дар ин рӯз ба касе манфиат намерасад. Сафари хидматӣ ва ба даст овардани маблағ имкон дорад. Агар аз фарбеҳӣ азият мекашида бошед, ба парҳез ва варзиш машғул шуданатон ҳатмист. Барои вохӯрии ошиқона рӯзи мусоид нест. Бардоштани чизҳои вазнин ба саломатиятон беасар намемонад.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД