Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 23-уми апрел
23.04.2022
Оила
3152

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз қобилиятҳои корӣ, пешгӯӣ намудани ҳодисаҳо ва майлатон ба ишқварзӣ зиёд мегардад. Дӯстони пешинаву нафароне, ки бо ҳам қаҳрӣ будед, роҳҳои оштишавиро бо шумо ҷӯё мешаванд. Саховатмандиро пеша намуда, зиддият нишон надиҳед ва гузашт кунед. Нафароне, ки дилашон ишқу муҳаббат мехоҳад, аз ҳузури дӯстдоштаашон меёбанд.

Савр (21 апрел-22 май)

Нафаре аз атрофиён раҳми шуморо оварданӣ шуда, бо ҳамин роҳ ба нафъи худ истифода бурдан мехоҳад. Дар мавқеи худ устувор истода, ба доми макру фиреб наафтед. Аз нӯшокиҳои газнок худдорӣ намуда, ба хастагӣ роҳ надиҳед, вагарна ба саломатиятон зарар мерасад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рӯзи хеле бобарор аст, имкони бароҳат сохтани хонаву дари худро пайдо мекунед. Дар ин ҷода ҳам пул ба даст меореду ҳам хоҳиши кор кардан зиёд мегардад. Барои қабули меҳмон ва беҳтар сохтани муносибат бо наздикон рӯзи хеле бобарор аст. Қобилиятҳои пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Вохӯрӣ бо шахси дӯстдошта ва оғози муносибатҳои нави ошиқона бобарор анҷом меёбанд. Рӯзи хубест барои харид кардан ва анҷом додани масъалаҳои хариду фурӯши хона. Тағйиротҳои азиму гуворое рух медиҳанд, ки бо фарзандон ва муваффақияти шахсӣ вобастагӣ дорад.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз беадолатӣ нисбати шумо ё ба нафаре аз атрофиёнатон боиси ба ғазаб омаданатон мегардад. Одати рӯирост гап задан вазъиятро тағйир медиҳад, вале асабоният ва бетоқатӣ боиси душвор гаштани мушкилӣ мегардад. Масъалаҳои пулие, ки хатарноканд, ҳисорот меоранд.

 

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Табъи хуш ва нияти неки шуморо баъзеҳо ҳамчун худхоҳӣ қабул мекунанд. Вазъият ба шарте рӯ ба беҳбудӣ меорад, ки нисбати наздикони худ меҳрубону ғамхор бошед. Барои ҳали масъалаҳои ҷиддӣ рӯзи созгор нест. Бо корҳое, ки диққати зиёди шуморо талаб мекунанд, машғул шуда наметавонед.

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ ва нобарориҳо дар ҳаёти шахсиятон зиёд аст. Сабаб дар бахилии нафароне аст, ки нисбати шумо бадхоҳ ҳастанд. Баъзе рафтори нодурусти шумо низ вазъиятро душвортар месозад. Ба камбудиҳои худ диққат дода, ба роҳи хато қадам нагузоред.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ҳодисае рух медиҳад, ки дергоҳ аз хотиратон нақш мебандад. Пешниҳоди ҳамкорон ё шахси дӯстдоштаи худро дарҳол қабул кунед. Тамоми корҳои дар ин рӯз оғознамудаатон бобарор анҷом меёбанд. Аз ҳад зиёд сергапӣ карда, дар назди касе дарди дил ва ҳавобаландӣ накунед, вагарна дӯстони навро аз даст медиҳед.

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи хубест барои оғози корҳои нав ва ҷалби ҳамфикрон ба касбу кори худ. Нерӯи худро ба суҳбатҳои хушку холӣ сарф накунед. Яку якбора аз пайи чанд кор шуданро маслиҳат намедиҳем. Барои он ки рӯзро беҳуда нагузаронед, тартибу интизомро риоя намоед.

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба бахиливу ҳасудхӯрии атрофиён гирифтор мешавед. Беҳтарин коре, ки дар ин рӯз ба фоидаи худ карда метавонед, ҳамин аст, ки бурдбориҳои худро ба касе нишон надиҳед. Нафаре аз атрофиён меҳрубонии шуморо ҳамчун шармгинӣ қабул намуда, уҳдадориҳои вазнинро ба дӯшатон бор мекунад.

 

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз хабарҳои ногаҳонии хушу нохушро мешунавед. Муҳити оилавиятон чандон ором нест. Ба нафароне, ки ба сафар мебароянд, бо нафарони ношинос робита карданро маслиҳат намедиҳем. Ба гапу ниятҳои шахсоне, ки хуб намешиносед, аҳамият надиҳед.

 

Ҳут (21 феврал-20 март)

Нисбати нафароне, ки беҳбудиятон аз онҳо вобастагӣ дорад, боэҳтиёт ва бодиққат бошед. Барои расидан ба мақсадҳои дар пеш гузоштаи худ тамоми кӯшишу маҳорати худро ба харҷ диҳед. Эҳтимоли пайдо шудани беморие вуҷуд дорад, ки бо устухонҳо вобастагӣ дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД