new banner new years
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
2931

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Даромади молиявӣ табъатонро болида месозад. Аксарият имрӯз бо осонӣ пул ба даст меоранд. Дар ҳаёти шахсиятон ягон тағйироти ҷиддӣ рух намедиҳад. Нафароне, ки аз дӯстдоштаи худ сирри пинҳонӣ доранд, имрӯз дарди дил мекунанд. Барои оромии асабҳо дар соҳили дарё нишастанро тавсия медиҳем.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз аз пештара бештар ба дастгирӣ ниёз пайдо мекунед ва онро аз ҷониби нафароне мегиред, ки қаблан бо шумо муносибати нек надоштанд. Эҳтимол, нафаре туҳфа тақдим мекунад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Каме бад шудани вазъи саломатӣ табъатонро хира мегардонад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар масъалаҳои корӣ душманони обрӯманд пайдо мекунед. Баъзеҳо дучори мушкилоти ҳуқуқӣ гашта, корашон бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ алоқаманд мегардад. Наздикон ба нуқтаи назари шумо сар мефароранд. Ба ширинӣ ва хӯрокҳои равғанин дил бастанатон боиси бад гаштани саломатиятон мегардад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба ғалату камбудиҳои зиёде роҳ дода, на танҳо барои худ, балки барои ҳамкорон мушкилӣ эҷод мекунед. Баъзан ба ақиб нигариста, камбудиҳои сарзадаро рафъ кунед. Ба дастгириву танқиди атрофиён омода бошед, зеро онҳоро сахт ба ҳаяҷон меоред. Агар оромиро нигоҳ дошта тавонед, вазъият мӯътадил мегардад.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи вазнину серташвиш аст, ҳар лаҳза бояд барои сари қароре омадан омода бошед. Хусусан, мушкилоти оилавӣ боиси саргардониҳои зиёде мегардад. Эҳтимоли сахт ошиқ шуданатон дар назар аст. Дар ин рӯз шумо аз нигоҳи аввал ва девонавор ошиқ мешавед. Саломатӣ ташвиш намедиҳад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Шумо имкони пайдо намудани сарпарастони бонуфӯзро пайдо мекунед. Ҳар қадаре ҷидду ҷаҳд намоед, ҳамон андоза натиҷаи беҳтар ба даст меоред. Бо ками худ қаноат накунед, кӯшиши зиндагии беҳтарро намоед. Хабару ҳодисаҳои вобаста бо наздиконатон шуморо ба ташвиш меоранд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи мусоидест барои робита бо нафароне, ки соҳибэҳтиром ва вазифадор ҳастанд. Дар баробари дилёбӣ, шумо метавонед мавқеи худро мустаҳкам гардонед. Тамоми имкониятҳоро истифода бурда, наздикони худро бо ғамхорӣ фаро мегиред, вале худатон нафаҳмида, озодии нафареро маҳдуд месозед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Шумо ба хотири ҷорӣ намудани тағйирот дар зиндагиятон ба бисёр корҳо омода ҳастед. Дар ин рӯз муноқишаҳои шадид имкон доранд. Барои расидан ба мақсад азоби бисёр мекашед. Нафаре аз наздикон барои паст кардани оташи қаҳру ғазаби шумо саҳми худро гузошта метавонад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз хеле бодиққат буданатон лозим аст, бо сабаби фориғболӣ бисёр чизҳоро аз мадди назар дур месозед. Дар ҳар соҳае, ки фаъолият менамоед, хоҳ техникӣ бошаду хоҳ нақлиётӣ, шумо бояд эҳтиёткор бошед. Хушбахтона, наздикон бароятон мушкилоти иловагӣ пеш намеоранд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нисбати худ ва дастовардҳоятон сахтгир бошед, дар сурати ҳавобаландиву мағрурӣ нафароне пайдо мешаванд, ки шуморо аз осмон ба замин мефароранд ва ин ҳолат боиси шикасти рӯҳиятон мегардад. Дар ҳаёти шахсӣ аз қароре, ки шумо пеш мегиред, ояндаатон вобастагӣ дорад. Аз гармохунукшавӣ эҳтиёт шавед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи хубест барои рафъ сохтани мушкилоти касбӣ ва иқтисодӣ. Корҳоятон барор гирифта, ҳатто бо ҳамкорони пешина робитаҳои кориро барқарор карда метавонед. Шиносоии нав ба ҳаётатон дигаргуниҳои зиёдеро ворид месозад. Мутаассифона, муносибатҳои ошиқона табъи дили шумо сурат намегирад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ дода метавонед, ки рафъ карданашон душвору оқибаташон ногувор мегардад. Аз ин рӯ, дар ҳар коре, ки оғоз мекунед, ҷиддӣ, бодиққат ва зирак бошед. Табъатон гоҳе хушу гоҳи дигар нохуш мегардад. Якравӣ боиси ҷангу муноқиша ва ранҷиши шахси дӯстдоштаатон мегардад.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД