Ҳамал (21 март-20 апрел)
Аз ташаббусҳои шумо дар ин рӯз ба касе манфиат намерасад. Сафари хидматӣ ва ба даст овардани маблағи имкон дорад. Агар аз фарбеҳӣ азият мекашида бошед, бо парҳез ва варзиш машғул шуданатон ҳатмист. Барои вохӯрии ошиқона рӯзи мусоид нест. Кори вазнини ҷисмонӣ ва бардоштани чизҳои вазнин ба саломатиятон беасар намемонад.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз танбалӣ кардану дар тақдири бади худ касеро гунаҳкор карданатон нодуруст аст. Барои муваффақ гаштану пули зиёд ба даст овардан бояд роҳҳои нави пулкоркунӣ ва шарикони боэътимодро пайдо намоед. Сафару сайругашт ва машқҳои ҷисмонӣ ба фоидаи шумост. Беэътиноии шахси дӯстдоштаатон боиси хафагиву дилозорӣ мегардад.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Рӯзи мусоидест барои нафароне, ки корҳояшонро ба нақша мегиранд. Имкони ба даст овардани маблағи хуб ё барор гирифтани корҳоятон вуҷуд дорад. Худро хеле хуб ҳис мекунед. Муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта хуб аст, вале дахолати нафаре, ки ба бахти шумо ҳасад мебарад, боиси низоъ карданатон мегардад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Бояд аз пайи пайдо кардани манбаи нави даромад шавед, вагарна рӯзҳои наздик тамоман бе пул мемонед. Дар ин кор аз дӯстону шиносон кӯмак пурсед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон хирагӣ накунед, ташаббусу исроркориятон ба ёратон хуш меояд, вале аз ҳад нагузаронед. То нисфирӯзӣ ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад, аз ҷароҳат бардоштан ҳушёр шавед.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Вазъи пулиятон рӯ ба беҳбудӣ оварда, дар фикри рафъ намудани мушкилиҳоятон мегардед. Пулро барои хариди беҳуда сарф накунед ва бо нафарони шубҳанок низ ҳамкорӣ накунед. Вазъият дар оилаатон чандон хуб нест, аз ин лиҳоз аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед. Агар аз касе қарздор бошед, ҳамин рӯз пулро баргардонед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз нақшаҳоятон тағйир ёфта, аз пеш омадани монеаҳо дар ғазаб мегардед. Бо вуҷуди андуҳгин буданатон худро ба даст гиреду фикрҳоятонро ҷамъ кунед. Ба нафаре, ки бо ғайбату бадгӯӣ машғул аст, сири дилатонро фош насозед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Дар ҷойи кор монеаҳои ногаҳонӣ имкон доранд. Барои аз вазъияти душвор берун шудан кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Сустиродагӣ дар муносибатҳои ошиқона боиси ранҷиши ёратон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ худро беҳолу бемадор ҳис мекунед, ташвиш нашавед, ин нишонаи камқувватиятон аст
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Агар умре дар ҷустуҷуйи шахси идеалӣ гардед, инсони беҳтаринеро аз даст доданатон имконпазир аст. Вохӯрии шумо бо чунин инсон дар ҷойи ғайриоддӣ имкон дорад, ҳушёриро пеша намоед. Мушкили пулиятон ба хубӣ рафъ мегардад. Минбаъд боақлона рафтор кунеду пулҳоятонро беҳуда сарф накунед.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Корчалониву уҳдабароиятонро роҳбарият қадр мекунад, вале аз ҳад нагузаронед, то ки душманонатон зиёд нагарданд. Қавсҳое, ки бо тиҷорат машғуланд, мушкили молиявии худро ба хубӣ рафъ месозанд. Саломатии худро танҳо ба табибони касбӣ бовар кунед. Ба нафароне, ки дар бораи ёратон овоза паҳн мекунанд, бовар накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз ба роҳбарияти коргоҳатон нуқтаи назари худро баён намуда, аз чунин далерӣ дар ҳайрат мемонед. Муҳимаш дағалӣ накунед, вале аз ҷасорати худ пушаймон нашавед. Ҷаддиҳои муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз дар пеш аст. Ба нафаре дил мебандед, ки чанд сол қабл дар маҳфиле шинос шуда будед.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Барои пешравии корҳоятон аз ҳамкори ботаҷрибаву кордонатон кӯмак пурсед. Бурдборӣ дар муносибатҳои ошиқона далвҳоро ҳамсафар мегардад. Рафтори арзандаи шумо боиси бештар гаштани муҳаббати ёратон мегардад. Дар боби саломатӣ ба маслиҳати касе гӯш надода, беҳтараш ба назди табиб равед.
Ҳут (21 феврал- 20 март)
Беҳуда аз пайи орзуву ниятҳои худ надавед, бе кӯмаки нафарони даркорӣ бурд намекунед. Ҳутҳое, ки қарздоранд, дар ин рӯз бояд қарзҳояшонро баргардонанд. Ба омадани меҳмонон омода бошед. Ошиқатон аз шумо ранҷида бошад, беҳуда хирагӣ накунед, беҳтараш фикри худро ба ягон кори дигар ҷалб намоед.