Ҳамал (21 март-20 апрел)
Эҳтимоли пайдо намудани бахти худро доред. Шуморо вохӯрӣ бо нафаре интизор аст, ки пешравии касбу коратон аз эшон вобастагӣ дорад. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ боэҳтиёт бошед. Агар соҳиби нақлиёти шахсӣ бошед, суръати ҳаракатро дар роҳҳои дохили шаҳр баланд накунед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз аз амалҳои хатарнок худдорӣ намоед. Сафари кутоҳмуддат боиси болидарӯҳии шумо мегардад. Дар ҷои кор нофаҳмиҳо имконпазир аст, ғалату иштибоҳи худро ба гардан гиред. Бо коре, ки боиси фишор дидани дилатон мегардад, машғул нашавед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Агар дар масъалаҳои молиявӣ бурд накунед, дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед. Тамоми корҳои имрӯзаатон бо пул алоқамандӣ доранд. Қарзҳои худро баргардонида, боз пул мекобед. Сарчашмаи нави даромади пулӣ меҷӯед, ба наздикони худ кӯмак мерасонед. Саломатӣ дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ба нафарони муҷарраде, ки нияти оиладор шуданро доранд, саросема шуданро маслиҳат намедиҳем. Дӯстатон дар кори нозуке шуморо масъул намудан мехоҳад. Агар то ҳанӯз рухсатӣ нагирифта бошед, дар ин рӯзҳо ҳатман аризаи худро нависед. Хастагии аз ҳад зиёд ба саломатиятон бе таъсир намемонад.
Асад (23 июл-22 август)
Саргузаштҳои ошиқона мехоста бошед, сару либоси худро нав кунед. Дар ин рӯз меҳмон қабул кардан тавсия дода намешавад, эҳтимол, аз ҳузури эшон табъатон хира мегардад. Дар пеш хароҷоти калон доред. Пулро барои саломатӣ ва ҳаёти шахсӣ сарф карданатон лозим меояд. Аз худтабобаткунӣ худдорӣ намоед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Агар шумо муҳаббати худро меҷӯста бошед, бодиққат бошед. Бахти шумо дар таги биниятон аст. Наздикон аз шумо ғамхориву меҳрубониро интизоранд. Баъзе нафароне, ки бо шумо ҳамкорӣ мекунанд, аз дилсӯзиятон истифода бурдан мехоҳанд. Агар нияти қарз гирифтанро дошта бошед, бурд мекунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Хурдагирии аз ҳад зиёд дар ин рӯз сабабгори он мегардад, ки бахтатон аз таги биниятон гузашта меравад. Муносибатҳои хешу табориро мустаҳкам созед, вале онҳоро ба зиндагии худ ворид насозед. Эҳтимоли сар задани нофаҳмӣ бо ҳамкорон вуҷуд дорад. Дар ин рӯз натиҷаи заҳмати дарозмуддати худро мебинед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Нафарони муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро доранд. Аз баррасӣ намудани мушкилиҳое, ки ба шумо рабт доранд, худро канор нагиред. Мушкилиҳои оилавиро маҳз дар ҳамин рӯз рафъ карданатон лозим аст. Айни замон аз касе қарз нагиред. Бо наздикони худ муноқиша накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Нерӯятон дар ин рӯз зиёд мегардад. Нафаре пайдо мешавад, ки зиндагии шуморо беҳтар сохтан мехоҳад. Барои он ки фазои оилаатон тинҷу осуда бошад, то кадом андоза бароятон азиз будани наздиконро собит карданатон лозим аст. Дӯстону шиносони нав дар пайдо кардани ҷои нави корӣ кумак мерасонанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар оиладор набошед, аз муҳаббати ногаҳоние, ки дар қалбатон ҷӯш мезанад, ҳаловат баред. Нафарони оиладор ба ишқбозиҳои бемаънӣ машғул шуда, пушаймон мешаванд. Дар ин рӯз сарфакор бошед, пули зиёд сарф накунед. Нисбати саломатӣ ботаваҷҷуҳ бошед, бештар витамин истеъмол намуда, истироҳат намоед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз аз он ки касе аз ҳолатон намепурсад, рӯҳафтодаву дилмонда мегардед. Вақтҳои охир бо табъи гирифтаву одамгурезӣ атрофиёнро аз худ гурезон карда будед. Эҳтимол, аз ҳамин сабаб касе кӯшиши ба шумо наздик шуданро намекунад. Ин давраи душвори умрро шумо бо қувваи худ рафъ сохта метавонед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ягона чизе, ки дар ин рӯз фикр кардан мехоҳед, ин муҳаббат аст. Диққати худро ба нафаре, ки дӯсташ медоред, равона созед ва ҳама гуна фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур созед. Аз ҳар кори ночиз асабонӣ шуда, табъи худу наздиконро вайрон насозед. Дар ин рӯз аз таҳти дил дилхушӣ намоед.