Ҳамал(21 апрел-22 май)
Нимаи аввали рӯз зимни робита бо атрофиён фаъолнокӣ нишон дода, бурд мекунед. Метавонед аз пайи баргузор намудани маъракаҳои арӯсӣ ва фотиҳатӯй гардед. Ба хотири мулоқоти ошиқона аз нақшаҳои корӣ рӯ нагардонед. Агар ба нафаре писанд омадан хоҳед, ба соддалавҳӣ роҳ надиҳед. Ҳамзамон аз иғвогарии зане эҳтиёт шавед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Барои оғоз намудани зиндагии мустақилона, кӯчидан ба манзили нав, харидани хона ва сар кардани таъмир рӯзи бобарор аст. Вохӯрии банақшагирифтаатон бо сабабе баргузор намегардад. Ба хонаатон омадани меҳмон эҳтимол дорад. Барои дидорбинии бобову бибӣ ва волидони пир рафтанро фаромӯш насозед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар атрофатон ҳодисаи ногаҳоние рух медиҳад, шиноси нав пайдо мекунед ё тасодуфан ба ҷое сафар мекунед. Шуморо истироҳат ва дилхушӣ интизор аст, вале дар масъалаҳои молиявӣ чандон рӯзи бобарор нест, аз ин рӯ, пулро зиёд харҷ накунед. Ба нафароне, ки ба хонаатон меоянд, диққат диҳед. Эҳтимол бо нафаре муносибатҳоятонро қатъ кардан лозим меояд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ба навигариҳои молиявӣ омода бошед. Бо нафаре вомехӯред, ки кайҳо боз якдигарро надида будед, вале вохӯриҳои банақшагирифтаатон баргузор намешаванд. Баногаҳ табъатон тағйир ёфта, бо нафаре, ки қаблан табъи дилатон набуд, ишқварзӣ кардан мехоҳед. Ин ҳолататон зудгузар асту аз кори карда сахт пушаймон мегардед, аз ин рӯ ба коре, ки ислоҳнопазир аст, даст назанед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Нимаи аввали рӯз корҳоятон бобарор ва фаъолтар мегардед. Даст рӯи даст гузошта нишастанатон беҳуда аст, ҳатман аз вазъияти мусоид истифода бурда, муваффақ шуда метавонед. Хеле серташвиш мегардед, сафару вохӯриҳо зиёд мегарданд. Ба саломатӣ диққат дода, дар атрофатон нафарони дилкашро гирд оваред. Саломатиятон бо сабаби пурхӯрӣ нохуб мегардад, хусусан ширинихӯрӣ ё хастагии бардавом зарар мерасонад. Эҳтимоли бемор шудани гурдаву миён зиёд аст.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Тамоми фикру зикри худро ба корҳое равона месозед, ки аз он даромади пулӣ ба даст оварда тавонед. Одати пайваста фикри дигарон карданро партоеду аз пайи саломатӣ ва мушкили худ шавед. Нисбати дӯстдоштаи худ ҳукмфармоӣ накунед, вагарна муносибатҳоятон вайрон мегардад. Қувваи худро ба коре равона созед, ки аз уҳдааш баромада тавонед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар корҳоятон пешравӣ дида мешавад. Обрӯятон афзуда, ба бисёр бурдбориҳо ноил мегардед. Бояд ба сару либоси худ диққат диҳед. Дар ҷойи кор вазъият ба таври ногаҳонӣ тағйир меёбад. Дар ин рӯз метавонед аз пайи ислоҳ намудани ғалату камбудиҳои худ шавед. Дар вақтҳои холигӣ аз назди телевизор ва компютер худро дур гирифта, чашмонатонро истироҳат диҳед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Барои нафароне, ки касбу кори худро иваз кардан ё худро дар соҳаи тиҷорат санҷидан мехоҳанд, рӯзи мусоид аст. Корҳое пеш меоянд, ки барои иҷро намуданашон танҳо будану тамоми фикру андешаҳои худро ҷамъ карданатон лозим меояд. Бо нафароне риштаи дӯстиятонро тақвият бахшед, ки дар амалӣ сохтану орзуву ниятҳоятон дар паҳлӯятон бошанд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Рӯзи хубест барои нишон додани ташаббус ва пухтакорӣ. Агар танбалиро рафъ карда тавонед, нақшаҳои ҷасуртаринатонро амалӣ сохта метавонед ва кӯшиши зиёд низ ба харҷ доданатон лозим намеояд. Танҳо бо табъи болида комёбӣ ба даст оварда метавонед. Дар ин рӯз бо атрофиён забон ёфтанатон осон мегардад, аз имкони мусоид ҳам дар касбу кор ва ҳам дар ҳаёти шахсӣ истифода баред.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Бо сабаби ба асабоният дода шуданатон ба ғалату камбудиҳо роҳ медиҳед. Барои он ки шумову наздиконатон ранҷ накашед, худро ба даст гиред. Навигариҳое, ки имрӯз рух медиҳанд, зиндагии шуморо куллан тағйир медиҳанд. Баъзеҳоро зиёдшавии маош ва мукофотпулӣ интизор аст. Аз асабхаробӣ эҳтиёт шавед, бештар дар муҳити орому осуда вақт гузаронида, кӯшиш кунед вақтатон хуш бошад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Бо вуҷуди зиёд будани кору ташвишҳо, ҳатман барои истироҳати кутоҳмуддат вақт пайдо кунед. Бадшавии вазъи саломатиятон бо сабаби камқувватӣ ва хастагии зиёд аст. Аввали рӯз дар муносибатҳои заношавҳарӣ нофаҳмӣ рух медиҳад. Барои аз муноқиша эмин мондан аз нобоварӣ ва рашк худдорӣ намоед. Нимаи дуюми рӯз барои нафароне, ки муносибатҳои пинҳонии ошиқона доранд, бобарор меояд, аз мулоқотҳои ошиқона ҳаловат мебардоред.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Нисбати нафароне, ки дӯсташон медоред, ғамхориву меҳрубонӣ зоҳир намоед. Миёни шумову шахси дӯстдоштаатон дилхунукӣ меафтад. Агар шумо соҳиби оилаву фарзанд бошед, рафтори кӯдакон боиси ташвишатон мегардад. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед. Дорувориҳоро зиёд истеъмол накарда, аз машрубот худдорӣ намоед. Нимаи дуюми рӯз ба маърака ё тӯйи арӯсӣ даъватӣ мешавед.