arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ ИЮЛИ СОЛИ 2024
1245

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз чанд ҳодисаи ногувор рух медиҳад. Шумо аз душвориҳо наметарсед, вале табъатон хира мегардад. Бо наздикон забон ёфтанатон душвор мегардад, бадияш дар он аст, ки сабабҳои нофаҳмиро фаҳмида наметавонед. Хароҷоти ҷиддӣ ва ғайринақшавӣ дар назар аст. Эҳтимоли бемор шуданатон зиёд аст. Ба чашмони худ фишор наоред, хатари хурӯҷ намудани бемории чашм зиёд аст.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи бобарор аст. Дар ҳолатҳои душвор ба садои қалб гӯш андозед. Агар шумо муҷаррад бошед, дар хона нишастанро маслиҳат намедиҳем, имрӯз эҳтимоли бо нафаре шинос шудану ошиқ шуданатон зиёд аст. Барои табобати бемориҳо аз гиёҳҳо истифода бурда, бо тамоми роҳу восита аз одатҳои бад даст кашед. Дар масъалаҳои пулӣ ҳама чизро сад бор андеша намуда, баъдан амал намоед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Имкони ислоҳ намудани ғалатҳои пештар содиркардаатонро пайдо месозед, саломатиро эҳтиёт кунед. То даме, ки ғами саломатии худро нахӯред, аз бемориҳо амон намеёбед. Аз ташхиси пурра гузашта, бемориҳоро сари вақт табобат намоед. Агар нафаре аз наздикон ба асабатон мерасида бошанд, сустӣ накунед, нағзакак ӯро дар ҷояш шинонед. Дар ҷодаи тиҷорат бисёр чизҳо аз қарори шумо вобастагӣ дорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи душвор аст. Нимаи аввали рӯз дастгирии дӯстон айни муддао мегардад. Дар сафар эҳтиёт бошед, хатари гум кардани чизи муҳиме дар назар аст. Эҳтимоли сар задани баҳсу мунозира бо наздикон, муноқиша дар оила вуҷуд дорад. Нофаҳмиҳо рафъ мегарданд, вале кӯшиш намоед, ки дар сари қаҳр ягон сухани зиёдатиро ба забон наоред. Бемории меъда имкон дорад.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи беташвиш аст, ягон ҳодисаи бад рух намедиҳад. Воқеаҳои ногаҳонӣ нақшаҳоятонро барбод медиҳанд. Дӯстон бо хабарҳои ногаҳонӣ табъатонро хира месозанд. Асабонияти пайдошударо бо дорувориҳои таскинбахш рафъ карда метавонед. Дар масъалаҳои пулӣ танҳо аз рӯйи нақша амал намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Бисёр рӯзи бобарор аст. Бо нафароне, ки вақтҳои охир забон ёфта наметавонистед, дар ин рӯз муросо мекунед. Ташвишу изтироб аз дилатон дур мегардад. Дар масъалаи саломатӣ заифиву руҳафтодагӣ ва дарди сар имкон дорад. Дар масъалаҳои пешравии корҳоятон аз корчалониву ҳушёрии шумо вобастагӣ дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи номусоид аст. Қалбатон гирифтори руҳафтодагиву ноустуворӣ мегардад. Ба назаратон чунин мерасад, ки атрофиён барқасдона ба асаби шумо мерасанд. Аз пурхӯрӣ худдорӣ намуда, бештар меваҷот истеъмол намоед. Аз мушкилиҳое, ки ба сари наздиконатон меоянд, худро канор нагиред. Вазъи молиявӣ аз дуруст сарфа кардани пул вобастагии зиёд дорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Пешомади бадеро, ки дилатон гувоҳӣ медод, дар ин рӯз амалӣ мешавад. Вазъият тавре сурат мегирад, ки шуморо дар корҳои зиёде гунаҳкор месозанд. Ҳангоми худро муҳофизат кардан ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед, вагарна вазъиятро душвортар месозед. Дӯстдоштаатон ба меҳру муҳаббати шумо ниёз дорад.  Масъалаҳои молиявӣ ба фоидаи шумо анҷом меёбанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба вазъи саломатии худ ва робита ба ҳамкорон диққат диҳед. Муноқишае имкон дорад, ки ба фоидаи шумо ҳал намегардад.

Аз он ки дӯстдоштаатон андешаашро нисбати шумо тағйир додааст, худатон гунаҳкоред. Дӯстдорони машрубот андозаро нигоҳ дошта, субҳ бардам аз хоб бедор мешаванд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Мардҳо набояд ба эҳсосот дода шаванд. Бонувон ба саломатии худ диққат дода, аз хӯроки равғанин худдорӣ намоянд. Кореро, ки дар ин рӯз пайдо мекунед, аҷибу баобрӯ аст. Зимни сафарҳои корӣ бо шахси олиҷаноб шинос мешавед. Баъди робита бо ҳамсафари хуб руҳатон болида мегардад. Бегоҳирӯзӣ даромади пулӣ имкон дорад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи душвор аст, тамоми рафтори худро андеша намоед. Зимни робита бо наздикон мушкилиҳо сар зада, шуморо гунаҳкор месозанд. Аз имкон дур нест, ки аҳли оила аз беэътиноии шумо гила доранд, ин камбудиро рафъ намоед. Мукофотпулии калон ва хариди хуб карданатон имкон дорад. Дар ин рӯз бештар мева истеъмол кунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Аз ҳамкориҳои хатарноку шубҳаовар худдорӣ намоед. Агар бо роҳи макру ҳила равед, муфлис мегардед. Ба худ бовар кунед, на ба онҳое, ки шуморо фиреб додан мехоҳанд. Агар ба муносибатҳои ошиқонаатон меҳру муҳаббатро ворид намоед, бо ҳам наздиктар мегардед. Барои ба рухсатии меҳнатӣ баромадану истироҳат кардан рӯзи мусоид аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД