Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз дар олами орзуҳои ширин парвоз карда, тамоми рӯз ханда аз лабонатон дур намегардад. Тамоми ғалату камбудиҳои дар ҳуҷҷатҳо пайдошударо мустақилона рафъ месозед. Агар муҷарраду ҷавон бошед, барои издивоҷ кардан саросема нашавед. Аввал бахти ҳақиқии худро пайдо намоед.
Савр (21 апрел-20 май)
Агар шумо муҷаррад бошеду соҳиби дӯстдошта, вақти он расидааст, ки оила бунёд намоед. Дар бораи як хеши раҳдуратон хабари нохуш мешунавед. Мушкилиҳои зиёди вобаста ба пулро рафъ сохтанатон лозим меояд. Аз монеаҳо наҳаросида, бо дили пур ба пеш қадам гузоред.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз нерӯи ҷӯшзанандаи худро ба ҳар кори ночиз сарф накунед. Қувваи шумо барои корҳои неку тақдирсоз лозим меояд, аз ин лиҳоз, ҳушёриро аз даст надиҳед. Баъди ҳодисае, ки боиси сардшавии робита бо наздиконатон гаштааст, бояд мустақилона роҳи созишро пайдо намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ҳангоми тахт намудани ҳуҷҷатҳо хеле бодиққат бошед. Модоме имзои шумо муҳим аст, ба ғалат роҳ надиҳед. Аз даст додани маблағ ва ба доми ҳаннотону иғвогарон афтиданатон имкон дорад. Агар оқилу корчаллон бошед, нобарориҳоро паси сар мекунед Дар акси ҳол, коратон ба судбозӣ мерасад.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз ба ҷое дер накунед, вагарна нақшаву ниятҳоятон амалӣ намегарданд. Барои омӯзиш ва табобат рӯзи мусоид аст, имкониятро аз даст надиҳед. Барои изҳори муҳаббат рӯзи хуб нест. Дил додану дӯст доштанро дар ин рӯз ба шумо тавсия намедиҳем. Дар лаҳзаҳои бекорӣ китоб хонед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Муҳаббати афсонавӣ баногаҳ дар қалбатон лона мегузорад. Агар шумо муҷаррад бошед, ошиқ шуданатон хуб аст. Дар акси ҳол, боэҳтиёт бошед ва бо ҳар нафари пешомада ишқбозӣ накунед. Ҷаласаву вохӯриҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Шомро дар иҳотаи оила сипарӣ намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз хоҳиши ягонаи шумо аз одаму олам гурехтану дар ҷое истироҳат карда, ҳамаро фаромӯш сохтан аст. Бо чунин табъи гирифта босифат кор карда наметавонед. Дар ҷой кор бояд рӯҳафтодагиро аз худ дур намоед, вагарна аз мукофотпулӣ бенасиб мемонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ҳар қадаре ин субҳ барвақт аз хоб бархезед, ҳамон андоза корҳои бештарро ба сомон мерасонед. Дар ин рӯз ба ҷое кӯчидан, харид ва вохӯриҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Шахси дӯстдоштаатон пешниҳоди издивоҷ мекунад. Мушкилии молиявиатонро дӯсти наздикатон рафъ месозад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз пайваста асабонӣ шуда, оташи қаҳру ғазаби худро ба сари ҳар нафари пешомада фурӯ мерезед. Чунин амалатон боиси мушкиливу муноқишаи зиёд мегардад. Ҳалиму боилтифот бошед, он гоҳ сардор коратонро қадр мекунад. Дар акси ҳол, аз ҳама чиз маҳрум хоҳед шуд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Субҳи имрӯз нофаҳмову саргум меояд. Корҳои хонаро бо вуҷуди муҳим буданашон ба таъхир гузоштан лозим меояд. Дар ҷойи кор виҷдон ва масъулиятнокӣ имкон намедиҳад, ки ӯҳдадориҳои худро ба ҳамкорони бетаҷриба бовар кунед. Даромади иловагӣ дар назар нест, харҷро камтар кунед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз ба саломатии худ бештар диққат диҳед. Агар нишонаҳои шамолхӯриро эҳсос намоед, дарҳол чора андешед. Бо нафарони бароятон ношинос робита накарда, дар бораи ҳаёти шахсӣ ба касе чизе нақл накунед. Чанд пешниҳоди хуби корӣ мешавад. Дар мавриди қабулашон фикри солим кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Агар то ба ин рӯз пайваста аз душвориҳои ҳаёт нолида, воҳима мекардеду қалбатон пур аз нафрат буд, акнун зиндагиро дигаргуна оғоз менамоед. Рӯзатон сермаҳсул ва корҳоятон бобарор мешавад. Аз сардор таъриф мешунаведу ҳамкорон аз шумо ибрат мегиранд. Аммо дарҳол аз худ наравед.