Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои харид кардан рӯзи хуб аст. Таъмири хона ё иваз намудани ҷойи зист бобарор анҷом меёбад. Ба коре, ки аз ӯҳдааш намебароед, машғул нашавед, вагарна аз натиҷаи амалатон сахт рӯҳафтода мегардед. Кӯшиши фиреб кардани ягон нафарро накунед. Ҳам асаби худ ва ҳам аз атрофиёнро хароб насозед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз маблағи зиёди худро аз даст медиҳед. Хароҷоти калоне, ки шумо мекунед, ба мушкилоти фарзандонатон алоқамандӣ дошта метавонад. Боэҳтиёт бошед, тамоми корҳое, ки дар касбу кор ва ҳаёти шахсиятон рух медиҳанд, назорат намоед. Ба зихнагӣ роҳ надиҳед, ин одати хуб нест.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯзи бобарор аст. Эҳтимол, имрӯз барои рафъ намудани мушкилиҳои гуногун машғул шуданатон лозим меояд. Дар назди худ мақсадҳои калон нагузореду бо чанд кор якбора машғул нашавед. Ҳодисаи ногаҳонӣ ба ҳаёти шахсиятон бетаъсир намемонад. Серкорӣ ва бепарвоии шумо боиси ранҷиши наздикон мегардад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Кӯшиш намоед, ки касеро ба мушкилиҳои худ ҷалб насозед. Эҳтимол, нафаре ба шумо кӯмак мерасонад, вале сахт ба умед нашавед. Дар ҷодаи муҳаббат ба шарте комёб мегардед, ки ниятҳоятон пок бошанду дар сар мақсади ғаразнок надошта бошед. Дар масъалаҳои молиявӣ бурд намекунед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз нисбати атрофиён қаҳру ғазабро раво набинед. Қабл аз он ки эҳсосоти манфиро ба дил роҳ медиҳед, оқибаташро андеша намоед. Асабу нерӯи худро барои ҷангу ҷанҷоли беҳуда сарф накунед. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмон хуб аст, зеро нофаҳмиҳои оилавӣ то андозае фаромӯш мешаванд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз бо нафароне, ки аз шумо мақоми баландтар доранд, баҳсу мунозира накунед. Бо вуҷуди ҳақ будан ҳамсуҳбататон ба нуқтаи назари шумо розӣ намешавад. Хабари ногаҳонӣ боиси он мегардад, ки муносибатҳои ошиқонаро фаромӯш намоед. Бегоҳирӯзиро дар муҳити орому танҳоӣ гузаронед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи бобарор аст. Ба осонӣ нақшаҳоятон амалӣ мегарданд. Ба кӯмаки шахси бароятон наздик умед баста метавонед. Ягона чизе, ки боиси хирагии табъатон мегардад, ин муноқиша бо яке аз наздиконатон аст. Барои он ки кор ба ҷанҷоли калон напечад, оқилу дурандеш бошед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи бебарор аст. Мушкилиҳои ҳалношуда ё батаъхиргузошта аз нав пайдо шуда, боиси сарсониҳои зиёд мегарданд. Аз имтиҳони тақдир наҳаросида, ҷасурона амал намоед, вагарна вазъият душвортар мегардад. Дар ин рӯз хатари ҷароҳат бардоштан зиёд аст, аз ин рӯ, дар ҳама кор бодиққат ва эҳтиёткор бошед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ягон масъаларо ба ӯҳдаи худ нагиред, хусусан, бо мушкилии дигарон машғул нашавед. Худатон бо мушкилиҳои хурди оилавӣ ва молиявӣ рӯ ба рӯ мегардед. Дар ин рӯз дӯстро аз душман фарқ кардан бароятон муяссар мегардад. Бештар бо кӯдакон робита намуда, шодиву нишот ба даст меоред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз андешаҳои мағшуш азиятатон дода, нотоб гаштанатон аз имкон дур нест. Мушкилоти хурди оилавӣ ё масъалаҳои молиявиро рафъ карданатон лозим меояд. Аз хариди калон ё маблағгузории калонҳаҷм худдорӣ намоед. Агар шумо мошин меронда бошед, дар роҳҳои дохили шаҳр бодиққат бошед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Сирри дили худро ҳатто ба наздикон фош насозед, вагарна тамоми гуфтаҳоятон бар зидди худи шумо мегарданд. Инчунин, бо нафаре, ки нисбаташ дар дил меҳру муҳаббат мепарваред, ҳамкорӣ накунед, вагарна қобилияти кориро аз даст дода, муваффақ намегардед. Бегоҳирӯзӣ ба меҳмонӣ даъвататон мекунанд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Бо нафароне, ки бо роҳи нопок маблағ ба даст меоранд, сару кор нагиред. Баъди нисфирӯзӣ маблағи пулии худро аз даст доданатон имкон дорад. Аз шиносшавӣ бо нафароне, ки дар бурҷи асад ва савр таваллуд шудаанд, худдорӣ намоед. Агар имкон дошта бошед, бегоҳирӯзиро дар оғӯши табиат гузаронед.