arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2689

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз мушкилиҳои ночиз ба амал омада метавонанд, аммо ҳодисаҳои нимаи дувуми рӯз ҳама чизро ба самти беҳтар тағйир хоҳад дод. Орзуҳои худро фаромӯш накунед, зеро вақти он фаро расидааст, ки ай пайи амалӣ кардани орзуи деринаи худ шавед. Бо нафарони ҷолиб вомехӯред. Барои харид низ рӯзи хуб аст.

Савр (21 апрел-20 май)

Ин давра барои истироҳат ва васеъ кардани доираи ҷаҳонбинӣ хеле хуб аст. Агар дӯстдоштаатон ҳамроҳатон бошад, истироҳат тамоман ранги дигар мегирад. Аз муошират бо нафароне сабаби асабонияти шумо мешаванд, даст кашед. Ҳатман истироҳат карда, асабонияти худро рафъ созед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз то ҷои кор пойи пиёда биравед, ба саломатӣ фоида хоҳад дошт. Агар табъатон болида бошад, ба дӯстдоштаатон лаҳзаҳои нотакрору ҷолибро ҳадя созед. Яку якбора кӯшиши иҷро кардани чанд корро накунед, вагарна корҳоятон бебарор анҷомида, ноумед мешавед ва вақтро беҳуда талаф медиҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯз барои вохӯриҳои корӣ, муҳокимаи нақшаҳои дарозмуддат ва гуфтушунидҳо мувофиқ аст. Ҳатто дар ин рӯз коре, ки бароятон ғайриимкон буд, ба осонӣ иҷро хоҳад шуд. Ба кӯмаку дастгирии наздикон умед баста метавонед. Асаратонҳои фарзанддор хотири кӯдакони худро бо туҳфае шод намоянд.

Асад (23 июл-22 август)

Агар дар сар идеяҳои амалинашуда дошта бошед, имрӯз аз пайи дар амал татбиқ кардани онҳо шавед. Дар ҷойи кор бо сардоратон гапҳоятон мегурезад, аммо шумо аз ин кор ҷилавгирӣ карда метавонед. Барои масрафи маблағи калон саросема нашавед. Чизи даркориатонро бо наздикӣ бо нархи арзонтар мехаред.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои мулоқот, сафар ва суҳбат бо дӯстон рӯзи хуб аст. Агар ҳис мекунед, ки нафаре ба шумо гапи дурӯғ гуфта истодааст, фавран чора андешед. Ба корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед, зеро эҳтимоли захмӣ шуданатон вуҷуд дорад. Аз иштирок дар эътирозҳои гурӯҳӣ даст кашед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки ба корҳои шахсии худ диққати махсус диҳед. Корҳои анҷомдодаатонро дубора санҷида бароед, зарар нахоҳад дошт. Наздиконатон хотири шуморо шод карда, дар ҳама кор дастгирӣ мекунанд. Шумо бошед, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо хотири онҳоро бо туҳфае шод кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Корҳои худро ба ҳеҷ ваҷҳ ба рзи дигар ба таъхир нагузоред, вагарна дигар фурсати мувофиқ пайдо карда наметавонед. Рӯйдодҳои имрӯз аз он вобастаанд, ки шумо ба кадом самт равона ҳастед. Танқидро ба дурустӣ қабул намуда, аз пайи ислоҳи камбудиҳои худ шавед. Вазъи саломатиатон хуб аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз кӯшиш кунед, ки фармондиҳӣ накунед. Ҳарчанд инро мехоҳед, аммо тавре вонамуд кунед, ки гӯиё фикрҳои худро ба сари касе бор карданӣ нестед. Бисёре аз қавсҳо дар роҳи ишқу муҳаббат ноумед мешаванд. Ба бадиҳо бо хубӣ ҷавоб доданро омӯзед, ҳарчанд кори осон нест.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Вақти он расидааст, ки ба дӯстдоштаатон на аз дур, балки аз наздик изҳори муҳаббат намоед. Барои қабули қарорҳои муҳим, ки ояндаатон аз он вобастагӣ дорад, шитоб накунед. Агар шунидед, ки шуморо ғайбат мекунанд, ба дил нагиред ва тавре рафтор кунед, ки гӯиё чизеро нашунидаед. Ин беҳтарин хислат хоҳад буд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар соҳаи тиҷорат вақти худро ба корҳои майда-чуйда сарф накунед, балки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои бузургтаре камар бибандед. Бе ранҷ ба даст овардани ганҷ ғайриимкон аст. Даромади иловагӣ дар назар нест, аммо аз бепулӣ азоб нахоҳед кашид. Шом дар ҳалқаи аҳли оилаи худ бошед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз нисбати хабарҳое, ки аз нафарони дурӯғгӯй мешунавед, боэҳтиёт бошед. Ба касе қарз надиҳед, ҳатто агар ваъда диҳанд, ки онро дар кутоҳтарин фурсат бармегардонанд. Баръакс худи шумо ба кӯмаки молиявӣ ниёз пайдо мекунед. Ба саломатии худ беаҳамиятӣ накунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД