Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз душманон дар ҳаққатон ноадолатиҳои зиёде мекунанд. Ҳушёр бошеду бадхоҳонро бе танбеҳ намонед. Аз ҷониби нафаре, ки нисбаташ бетафовут нестед, таърифу тавсифи зиёд мешунавед. Аз бепул мондани худ рӯҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик вазъият рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард.
Савр (21 апрел-20 май)
Маслиҳати дӯсти наздикатонро бо назари танқид қабул накунед. Андешаи он ки дӯстатон ба зиндагии шумо бинӣ мехалонад, комилан ғалат аст. Дӯсти зиндагидидаатон сидқан ба шумо кӯ мак кардан мехоҳад. Агар дар масъалаи фурӯши тиҷорати шахсӣ ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунед, зудтар ба мақсад мерасед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз пешниҳоди нави корӣ имкон дорад, саросема нашавед, нағзакак фикр кунед. Дар масъалаҳои пулӣ бештар бо наздикони худ маслиҳат кунед. Нафароне, ки аз дарди меъда азият мекашанд, ба худтабобаткунӣ машғул нашаванд. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи созгор аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аз субҳи содиқ бояд нақшаи кор ва истироҳатро тартиб диҳед, то ки ниятҳояшро амалӣ карда тавонед. Табъи нохуши худро пинҳон доред, вагарна ба гирдоби яъсу ноумедӣ гирифтор мегардед. Вохӯрии аҷиб фикру ақидаҳоятонро ба бисёр чизҳо тағйир медиҳад. Дӯстдоштаатон аз меҳрубонии шумо миннатдор аст.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз дар бораи худ ва дӯстдоштаатон овозаҳои зиёдеро мешунавед. Агар оқилу дурандеш бошед, ба ғайбатҳо бовар накунед. Асадҳои коргар бо супориши роҳбарият ба сафари хидматӣ мебароянд. Вазъи молиявиатон хуб аст, вале агар пулро сарфа накунед, ба зудӣ кисаҳоятон холӣ мегардад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Ҳодисаҳое, ки дар ҳаётатон рух медиҳанд, ба дил наздик қабул накунед. Корҳоятон хуб мешаванд, ба шарте ки рӯҳафтода нашуда, ба умеди кӯмаки бегонаҳо нашавед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ манбаи нави даромад ҷӯстанатон лозим меояд. Аз маслиҳатҳои шахсе, ки дӯсташ медоред, рӯ нагардонед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз дар гуфтору рафтор андозаро нигоҳ доред. Ба хабаргирии хеши беморатон меравед. Ба бемориҳои музмине, ки ҳар сол дар ҳамин вақт хурӯҷ мекунанд, бодиққат бошед. Агар маблағеро барои рӯзи мабодо захира карда бошед, ба касе нагӯед. Дӯстдоштаатон аз шумо меҳрубонӣ мехоҳад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз аввал мушкилиҳои худро ҳал кунеду баъд аз пайи анҷом додани корҳои дигарон шавед. Вагарна бо рақибони худ як ба як монда, вақти пурқиммати худро бо баҳсҳои бемаънӣ мегузаронед. Беҳтараш аз пайи ба даст овардани манбаи нави пулкоркунӣ шавед. Вохӯрии хотирмон ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз ба вазъи саломатии худ диққат диҳед. Агар дарде нороҳататон месохта бошад, ба табиб муроҷиат кунед. Тарки одатҳои бад намуда, аз хӯрдани ғизоҳои равғанин, хамирӣ ва шӯр худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ лаҳзаҳои хуши ошиқонаро интизор бошед. Даромади пулӣ табъатонро болида месозад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ба вазъияти ногувор гирифтор мешавед. Атрофиён шуморо дар бепарвоиву бемасъулиятӣ гунаҳкор месозанд, ба танқид омода бошед. Ҳангоми робита бо дӯстдоштаатон кибру ғурурро ба кор набаред. Агар дӯсти ҷониятонро ба душман мубаддал кардан нахоҳед, ба ӯ қарз надиҳеду қарз ҳам нагиред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз ба нафаре душманӣ накунед, вагарна худатон ба нохушиҳо гирифтор мегардед. Нисбати ҳамкороне, ки баробари шумо таҷрибаву собиқаи корӣ надоранд, хурдагирӣ накунед. Пулҳои худро дар ҷойи бехатар нигоҳ доред ё ҳамёнатонро аз дуздон эҳтиёт кунед. Каме нотоб мегардед, вале ин нишонаи камхобӣ аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз ба сафари роҳи дур рафтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна дар роҳ ба ҳодисаи нохуш гирифтор шуданатон имкон дорад. Дар масъалаҳои пулӣ бо нафароне, ки нисбаташон боварӣ надоред, ҳамкорӣ накунед. Ба садои қалб гӯш андохта, дӯстро аз душман фарқ карда метавонед.