Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз бо масъалаҳои молиявӣ машғул шуданашон лозим аст. Рӯйхати хароҷоти худро тартиб диҳед, имкони сарфа намудани пулро ёфтанатон лозим аст. Нафарони калонсол набояд бо рӯҳафтодагӣ ва андешаҳои мағшуш табъи худро хира созанд. Ин ба саломатии онҳо бетаъсир нахоҳад буд.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз ба ҳеҷ ваҷҳ такаббури худро нишон надиҳед. Ин амали шумо ба робитаву нафароне, ки пешравии касбу коратон аз онҳо вобастагӣ дорад, халал мерасонад. Аз нафарони фиребгару худоҳ дурӣ ҷуста, ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Одати бадеро, ки партофа будед, боз такрор сохтанатон имкон дорад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз баъзеҳо дар чорроҳаи қисмат зору ҳайрон мемонанд. Барои он ки дар масъалаҳои муҳим посухи дуруст дода тавонед, ақли солимро ба кор бареду ба маслиҳати нафароне, ки тасаввурот надоранд, гӯш надиҳед. Дар ин рӯз чизҳои куҳнаву нодаркорро партофтанатон лозим аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз табъатон аз субҳи содиқ болида мегардад. Дар натиҷаи хушҳолии пайдошуда, эҳтиёткории зотиро аз даст медиҳед. Ба саломатӣ бештар диққат диҳед. Баробари худро бад ҳис кардан, аз пайи пешгирӣ намудани зуком шавед. Ба хасташавии зиёд роҳ надода, аз хоб сер кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур намоед. Равшанфикриву табъи хуш корҳоятонро равшанӣ мебахшаду фикрҳои манфӣ пеши роҳатонро мебанданд. Эҳтимоли маблағи хуб ба даст оварданатон вуҷуд дорад. Нафарони муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро ба даст меоранд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз танқиду эроди худро нисбати нафари манфуре баён менамоед. Барои он ки дар назари атрофиён дағалу густох нанамоед, дарҳол вазъиятро ислоҳ кунед. Аз худ қаҳрамон насозеду касеро низ ҷонибдорӣ накунед. Дар давоми рӯз нафаре пайдо мешавад, ки аз мушкилоти ҷиддие раҳоятон мекунад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ба касбу кори худ тағйирот ворид сохтан мехоҳед. Ҳодисаҳои рухдода сабабгори фишори сабуки руҳӣ мегарданд. Сабабҳои дигаре, ки боиси ташвишу изтироби шумо мегарданд, фарбеҳӣ, рафтори шахси дӯстдошта ва норасоии пул аст. Вазъи саломатии худро зери назорат гиред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед. Хатари дигаре шуморо таҳдид намекунад. Нерӯи худро дар корҳои нав истифода баред. Нафарони оиладорро лозим меояд, ки ба муносибатҳои оилавӣ навгонӣ ворид намоянд. Молу ашёи даркориро бо нархи арзон дастрас менамоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз бемасъулиятӣ ва фориғболӣ накунед, вагарна сабабгори ба таъхир афтидани корҳоятон мегардед. Ҳар суханеро, ки ба забон меоред, сад бор андеша намоед. Эҳтимол, шумо сирру асрори нафареро фош месозед. Нафароне, ки хароб шудан мехоҳанд, ба мақсад расиданашон осон аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз одати чизеро тағйир надодани шумо сабаби муноқиша бо яке аз наздиконатон мегардад. Яке аз аъзоёни оила бо рафтори ғайриодияш шуморо ба ҳайрат меорад. Дар масъалаҳои молиявӣ аз амалҳои қатъӣ даст кашед. Қабл аз он ки барои коре розигии худро медиҳед, оқибаташро андеша намоед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз бо варзиши хастакунанда ва коре, ки қувваву мадорро мегирад, машғул шуданро тавсия намедиҳем. Агар ба маслиҳати дӯстон гӯш андозед, дар муносибатҳои шахсӣ ба ғалат роҳ намедиҳед. Нафароне, ки ба тағйиротҳои азим даст задан мехоҳанд, бори дигар бехатарии ин иқдоми худро диданашон лозим аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз бояд аз пайи рафъ намудани мушкилиҳои шахсии худ шавед. Агар аз таҳти дил кор кунед, мукофотпулӣ мегиред. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, бояд аз таҷрибаи нафарони кордон истифода баранд. Нафарони калонсолро лозим аст, ки фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур намоянд.