arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2023
2620

 Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Вазъият дар хонаатон тавре сурат мегирад, ки ба канори олам гурехтан мехоҳед. Беҳтараш муносибатҳоро бо пайвандон хубтар сохта, бо мушкилоти рӯзгор машғул шавед. Ба эътирозҳои нешдори як ҳамкоратон ботаҳаммул бошеду ба муноқиша роҳ надиҳед. Барои ҳамалҳои тоҷир рӯзи бобарор аст.

 

 

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ба сарфи беҳудаи пул роҳ надиҳед. Хусусан агар манбаи даромади иловагӣ надошта бошед, пулро сарфакарона истифода баред. Сафарҳои роҳи дур ва сафарҳои кориро ба рӯзи дигар гузоред. Хусусан агар дар рӯзгоратон корҳои таъхирнопазир дошта бошед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Одати рӯирост гуфтани гуноҳи одамонро партоед, бо ин амали худ нафарони зиёдеро меранҷонед. Барои хариди калон рӯзи бобарор нест, аз ин рӯ бо харидани маҳсулоти хӯрока иктифо намоед. Бегоҳирӯзӣ дар муҳити осуда истироҳат карданро тавсия медиҳем.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз нафаронеро, ки кӯшиши бо шумо наздик шуданро мекунанд, аз худ дур насозед. Бештар суҳбату дарди дил кунеду дастгирии маънавӣ намоед. Агар сари вақт ба роҳбарият ҳисоботи худро пешниҳод накунед, ба вазъияти ногувор гирифтор мешавед. Мухим он аст, ки фишори руҳиро дар вуҷуди худ ҷамъ накунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз бо нафаре, ки чанд муддат ба гарданатон нишастааст, дағалӣ карда, имкон надиҳед, ки шуморо истифода баранд. Рӯзона бо нафаре вомехӯред, ки пештар дӯсташ медоштед. Агар дӯстдошта дошта бошед, собиқ ошиқатонро фаромӯш намоед. Фарзандону хешовандон хароҷоти калонро талаб мекунанд.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дари ин рӯз даромади пулӣ ба даст оварданатон имкон дорад. Агар маблағро боақлона сарф намоед, як қисми онроро барои хариди калон мавқуф гузошта метавонед. Рафту имкони истироҳат карданро пайдо намоед, ҳатман аз паяш шавед, шумо ба хоби бароҳат ва витаминҳо ниёз доред.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз танҳо ба қувваи худ умед бастанатон лозим аст. Муваффақият на ҳамеша насиби шумо мегардад. Нафаре ба корҳоятон таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҷодаи муҳаббат сабру таҳаммулро пеша намоед, ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Ҳангоми сафар бо мошини шахсӣ боэҳтиёт бошед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз ҳангоми баҳсу мунозира бо баъзе ҳамкорон якравӣ зоҳир мекунед. Шартномаҳои молиявӣ бобарор мешаванд. Нафароне, ки тиҷорати худро доранд, бояд онро назорат намоянд. Бо сабабҳои ночиз асабонӣ нашавед. Агар аз рафтори беадолатонаву дағалии нафаре ноҳинҷор шавед, беҳтараш аз ин нафар худро дур гиред.

 

 

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз яку якбора аз пайи амалӣ сохтани чанд кор нашавед. Эҳтимол мушкиливу ғалатҳои пештара баргашта, муносибатҳоятон бо нафаре, ки дӯсташ медоред, душвор мегардад. Дар саломатии аксари қавсҳо мушкилоти ҷиддӣ сар зада, сари вақт ба табиб муроҷиат карданашон лозим аст.

 

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз аз кори душвор даст кашед, хусусан агар саломатиятон нохуб гашта бошад. Хасташавӣ боиси мушкилоти ҷиддӣ дар саломатиятон мегардад. Даромади пулиятон хуб гашта, аз норасоии маблағ азият намекашед. Мардҳо бояд фикру андешаҳои худро ҷилавгирӣ намоянд, вагарна рафти ҳодисаҳо ба фоидаи шумо анҷом намеёбанд.

 

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта вайрон мегардад. Агар шумо ба наздикӣ шинос шуда бошед, аз чунин ранг гирифтани ҳол руҳафтода нагардед, зеро ҳанӯз якдигарро хуб намешиносед. Агар наздиконатон ба нуқтаи назари шумо гӯш андозанд, мушкилоти рӯзгор зудтар ва хубтар рафъ мегардад.

 

 

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Агар имкон дошта бошед, имрӯз дар оғӯши табиат истироҳат кунед. Аз уҳдаи тамоми корҳои сарзада баромада наметавонед, вале саломатиро аз даст медиҳед. Дар ҷодаи муҳаббат дӯстдоштаатон ба тамоми ҳарфу хоҳиши шумо гӯш медиҳад. Бо сабаби мушкилиҳои оилавӣ ва тиҷорати шахсӣ хароҷот мекунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД