arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2021
3408

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар ҷои коратон мушкилие сар мезанад, ки аз гирдоби он то охири моҳ раҳо шуда наметавонед. Агар корчаллонӣ ва маҳорати худро ба кор баред, бурд хоҳед кард. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат вазъият ба хости дили шумо намешавад. Кӯшиши тағйир додани чизеро накунед, вагарна вазъият душвортар мешавад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи хеле бобарор аст. Шарму ҳаёро аз худ дур созед. Дар масъалаҳои марбут ба ишқу ошиқӣ дудилагӣ накунед. Нафароне, ки ба тиҷорат ё сиёсат сару кор доранд, бояд роҳи дурустро интихоб намоянд, зеро кӯчактарин иштибоҳ бар зарари эшон хоҳад буд. Нисбати дарди миёну сутунмӯҳра бепарвоӣ накунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз бештар ғами наздикони худро хӯред. Ба муноқишаи калон роҳ надиҳед, вагарна вазъият душвортар мешавад. Дар масъалаҳои пулӣ кӯшиши яку якбора муваффақ шуданро накунед. Агар маблағи дар даст доштаатонро бамаврид харҷ кунед, аз бепулӣ азоб намекашед. Эҳтимоли зуком шуданатон зиёд аст.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар умум рӯзи хуб аст, аз фиребу найранг дур мемонед. Саратонҳои ошиқ рӯзро бо шодмонӣ паси сар мекунанд. Нафароне, ки барои худ кори иловагӣ мекофтанд, имрӯз муваффақ мешаванд. Нисбати саломатии худу наздикон бодиққат бошед ва фикрҳои гуногунро аз сар дур созед. Даромади иловагӣ дар назар аст.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз вазъият ҳамон гуна сурат мегирад, ки худатон мехостед. Пеш аз оғози ҳар кор нерӯ ва имкониятҳои худро ба назар гиред. Худхоҳиву якравӣ дар ҷодаи муҳаббат шуморо ба мақсад намерасонад. Шом ба меҳмонӣ даъват мешавед. Эҳтимоли шамол хӯрданатон вуҷуд дорад, эҳтиёт кунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз чизе садди роҳи пешравиатон шуда наметавонад. Дар ҷодаи муҳаббату дӯстдорӣ ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Нафарони воломақом дар масъалаҳои молиявӣ ба шумо кӯмак карда метавонанд. Бо нафарони калонсоли оила хуб муносибат кунед, зеро онҳо хеле ҳассосу нозуканд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар хислатҳои бади худро тағйир дода тавонед, аз баҳсу муноқиша эмин мемонед. Бо нафароне, ки ҳеҷ забон ёфта наметавонистед, имрӯз муносибататон хуб мешавад. Барои иваз намудани касбу кор ва иваз намудани ҷои зист низ рӯзи бобарор аст. Дар ҷодаи муҳаббат булҳавас нашавед ва дари дили худро ба рӯи ҳар кас боз накунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои исбот кардани бартариҳои худ ва ҳангоми робита бо наздикон ба танқиду тундгуфторӣ роҳ надиҳед. Ақрабҳои оиладор бояд бо ҳамсарашон муносибати хубро ба роҳ монанд. Маблағи иловагиеро, ки интизор будед, имрӯз ба даст оварда наметавонед. Фаромӯш насозед, ки пешгирӣ аз табобат беҳтар аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз мушкилиҳои ба саратон омадаро бо дурандешӣ рафъ карда метавонед. Дар сарф кардан маблағ аз ҳад нагузаронед, вагарна рӯзҳои дигар аз бепулӣ азоб мекашед. Сайругашти бегоҳирӯзӣ ҳамроҳи дӯстдоштаатон на танҳо табъатонро болида, балки саломатиатонро низ беҳтар мекунад. 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҷаддиҳое, ки имрӯз ба сафари роҳи дур баромадан мехоҳанд, бояд хуб тайёрӣ бинанд. Ҳангоми сафар маблағи зиёд сарф мекунед, вале онро ба зудӣ барқарор хоҳед кард. Азбаски масунияти шумо мустаҳкам аст, аз бемории зуком ба зудӣ халос мешавед. Барои вохӯрии ошиқона ва вақт гузаронидан бо нафари дӯстдошта рӯзи мусоид аст.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз хабареро мешунавед, ки то дер ба худ омада наметавонед. Фавран аз пайи рафъ сохтани мушкилиҳои молиявӣ шавед, вагарна вазъият печидатар шуда, ҳолатон бад мешавад. Аз одатҳои бад худдорӣ кунед, зеро саломатиатон аз худи шумо вобастагӣ дорад. Нисбати дӯстдоштаатон бепарво нашавед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ба шахсе, ки шуморо дӯст намедорад, дил набандед ва орзуву ҳавасҳои беҳударо аз сар дур созед. Як хеши дуратон ба шумо кӯмаки молиявӣ расонидан мехоҳад. Нисбат ба саломатии худ бепарво набошед. Дар ҳолати хуруҷ кардани ягон навъи беморӣ дарҳол ба тибиби оилавӣ занг занед ва машварат пурсед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД