Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2653

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба маълумоте, ки мунтазираш набудед, диққати бештар диҳед. Барои истироҳат бо дӯстон ва мулоқот бо наздикон рӯзи хуб аст. Вақтатонро ба корҳои беҳуда сарф накунед. Шом дар хона барои қабули дӯстон базми хурде биороед ва меҳмоннавозиро фаромӯш накунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз баъзеҳо мехоҳанд, ки шуморо аз ҳадди эътидол берун оранд. Дигарон шуморо таҳқир мекунанд, ки инро то дер аз хотир намебароред. Оромона дар хона истироҳат кунед. Ба модаратон бигӯед, ки ӯро чӣ қадар дӯст медоред. Даромади пулии ногаҳонӣ дар назар аст.

Ҷавзо (21 ма21 июн)

Дар ин рӯз нисбат ба рӯзҳои дигар ҳушёртар бошед, зеро бо одамони зиёд сару кор мегиред. Аз нафаре чизеро хоҳиш мекунед, ки рад карда наметавонад ва хоҳиши шуморо иҷро мекунад. Мешнати вазнинро ба дӯш нагиред, зеро шумо қувваи кофӣ надоред ва аз ӯҳдаи кори вазнин намебароед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз бе маслиҳати дигарон барои қабули қароре саросема нашавед, вагарна пушаймон хоҳед шуд. Эҳсоси худро идора карда, корҳоятонро тибқи нақша пеш баред. Барои дар маркази таваҷҷуҳ будан омода шавед. Дар лаҳзаҳои ғамгинӣ мусиқӣ гӯш накунед, балки дар ҳавои тоза сайр намоед.

Асад (23 июл-22 август)

Субҳ агар бо рӯҳи болида ба кор раведу бо ҳамкорон муомилаи хубро ба роҳ монед, рӯзатон ҳамон гуна хуб сипарӣ мешавад. Дар масъалаҳои хариду фурӯши манзил нагузоред, ки касе шуморо фиреб кунад. Хатоҳои кӯчаки наздиконатонро нодида гиред, зеро ҳатто худи шумо низ баъзан хато мекунед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯз барои сунбулаҳо он қадар рӯзи бобарор нест, бинобар ин, худро зиёд хаста накунед. Қабули қарорҳои муҳимро ба вақти дигар ба таъхир гузоред, беҳтар аст. Дар масъалаҳои шахсӣ шубҳа карданро бас кунед. Бо дӯстдоштаатон ба ягон тарабхона рафта, якҷоя хӯроки шом тановул кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз шуморо лозим аст, ки аз оғози рӯз дар пайи ҷустуҷӯи ҳалли мушкилиҳоятон бошед. Дар ҳаёти шахсӣ рӯй додани чанд навигарии хурсандиовар дар назар аст. Нисбати саломатии худ бепарво набошед ва пӯшидани ниқоби тиббии муҳофизатиро фаромӯш насозед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз барои ақрабҳо рӯзи номусоид буда, мушкилиҳои ғайричашмдошт асабатонро харобу табъатонро хира месозанд. Барои иҷрои вазифаҳои асосӣ шуморо лозим аст, ки ба касе такя накунед ва ба умеди касе ҳам набошед. Ҳангоми пайдо шудани дилхоҳ мушкилӣ, дарҳол қошу қавоқи худро овезон накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз худро як шахси барҷаста вонамуд карда, ба дигарон нишон диҳед, ки шумо метавонед. Дар муносибатҳои ошиқона бо дӯстдоштаатон муноқиша накунед ва шубҳа карданро низ бас кунед. Баръакс, ба дарди дили ӯ гӯш диҳед ва аз мушкилиҳояш пурсон шавед. Ба бегонагон эътимод накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз мустақилона ҳаллу фасл кардани баъзе мушкилиҳо ба шумо душворӣ пеш меоранд. Агар шарики боэътимод дошта бошед, ҳатман ба ӯ муроҷиат намоед. Бо баъзе нафарон бояд дигаргуна рафтор кунед, зеро онҳо тағйир ёфтаанду усулҳои куҳна дигар ба кор намераванд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз кӯшиш накунед, ки нафареро ғайбат кунед, вагарна он шахсро хафа карда, дар посух суханҳои дағал мешунавед. Бо нафаре дар иҷрои ягон кор маслиҳат накунед, зеро худатон чӣ кор карданатонро медонед. Дар охири рӯз аз дастовардҳои худ қаноатманд мешавед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи босамар аст, ҳарчанд аз субҳ норозӣ бошед ҳам. Баъзе ҳутҳо мехоҳанд, ки ҳаёти худро ба куллӣ тағйир диҳанд. Агар дар ҳақиқат хоҳиш дошта бошанд, ба ин кор шурӯъ кунанд. Дар муносибат бо дӯстдоштаи худ ҷиддӣ бошед ва ба як қарори қатъӣ оед, ки бо ӯ оиладор мешавед ё на.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД