Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз нақшаву ниятҳоятон табъи дил амалӣ намешаванд. Барои сафару саёҳат низ рӯзи муосид нест. Ташвишу изтироб ва саргардониятон зиёд мегардад. Ба мушкилии наздикон диққат доданатон лозим меояд. Ҳамалҳои муҷаррад ба ишқбозиҳои бемаънӣ роҳ дода метавонанд.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи бобарорест барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ. Сафарҳои тиҷоратӣ ба шарте бобарор мешаванд, ки қоидаҳои бехатариро риоя намуда, ба гигиенаи шахсӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намоед. Корчаллонӣ ва мардонагӣ сифатҳое ҳастанд, ки дар касбу кор ба шумо кӯмак мерасонанд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Бо ҳамкорон эҳтимоли муноқиша карданатон вуҷуд дорад, ки боиси сард гаштани муносибатҳо мегардад, вале ба рафти корҳоятон таъсир расонида наметавонад. Ба кӯмаки аъзоёни оила ва дӯстони содиқе, ки аз мушкилиатон бохабаранд, умед баста метавонед. Қарздорон қарзҳояшонро бармегардонанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи бахшиши гуноҳҳо ва накӯкорист. Аз ҳамкорӣ бо шарикони нави корӣ наҳаросед, вале аз ҷойҳои серодам ва нафароне, ки нишонаҳои бемории зуком доранд, дурӣ ҷӯстанатон лозим аст. Саратонҳои муҷаррад агар фориғболӣ накунанд, бахти худро пайдо карда, хушбахт мешаванд.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи хубест барои харид кардану ба анҷом расонидани масъалаҳои хариду фурӯш. Ӯҳдадориҳои навро ба дӯш нагиред. Корҳои муҳими худро ба анҷом расонида, ба баҳсҳоятон бо наздикон нуқта гузоред. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, корашон барор мегираду даромади хуб ба даст меоранд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ҳама коратон бобарор анҷом меёбад. Бо кори табъи дил машғул шудан хастагиятонро мебарорад. Рӯзи хубест барои нафарони калонсол, метавонед вақти худро бо наздикон гузаронед. Танҳо зудбовар нашаведу ба касе ваъда надиҳед. Саломатиатон дар ин рӯз мӯътадил аст, беташвиш бошед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Тамоми кӯшишу таҷрибаи худро барои нишон додани қобилиятҳоятон сарф мекунед. Баъди нисфирӯзӣ ҳамагуна имкониятро барои беҳтар сохтани ҳаёти шахсӣ истифода баред. Нисбати дӯстдоштаатон дурандеш бошеду гузашт кунед, зеро ин роҳи ягонаест барои раҳоӣ ёфтан аз рафтори беандеша.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз на танҳо харидани ҷавоҳироти пурарзиш, балки харидани чизҳои дигар низ имкон дорад. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна бо наздиконатон нофаҳмиву муноқиша рух медиҳад. Кӯшиши яку якбора рафъ намудани тамоми мушкилиҳоро накунед. Бонувонро вохӯрии тақдирсоз интизор аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз ҳодисаҳои ногаҳонии манфиву мусбӣ зиёд мешаванд. Беҳтараш қаблан ба ҳамагуна навигарӣ омода бошед. Агар хаста шуда бошед, фавран ба рухсатӣ бароед ва имкон надиҳед, ки корҳои иловагиро ба саратон бор кунанд. Қабл аз он ки изҳори муҳаббат мекунед, хислати дӯстдоштаатонро нағзакак омӯзед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи бахшидани гуноҳҳост. Табъи хушу корчаллониятон доираи дӯстонатонро васеъ мегардонад. Аз мушкилиҳо наҳаросед. Фаромӯш насозед, ки то меҳнат накунед, роҳат намебинед. Саломатии худро эҳтиёт кунед, аз нӯшидани шарбатҳои сард худдорӣ намоед. Дӯстдоштаатонро бо рашки зиёд ҷонбезор накунед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз ҳодисаи тақдирсозе рух дода метавонад, омода бошед. Суҳбат бо дӯстон табъатонро болида месозад. Аз ҳузури нафарони бадкирдор дурӣ ҷӯста, аз ҳавобаландӣ худдорӣ намоед. Манбаи нави даромад пайдо карда, барои хариди чизҳои даркорӣ пул ҷамъ карда метавонед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз бонувони муҷаррадро шиносоӣ ё мулоқоти кутоҳмуддати ошиқона интизор аст. Мардҳо бояд тамоми имкониятҳоро истифода бурда, ҳаёти шахсии худро беҳтар созанд. Хоби дар ин рӯз дидаатон рӯзи дигар амалӣ мешавад. Дар хоб дидани сабзавот аз амалӣ шудани орзуҳоятон дарак медиҳад.