Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2023
2744

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз боэҳтиёт буданатон лозим аст, ҳангоми кор бо ашёҳои нӯгтезу буранда боэҳтиёт бошеду бо маҳлулҳои кимиёвӣ кор накунед. Дар акси ҳол ҷароҳат бардоштанатон эҳтимол дорад. Ҳангоми робита бо дӯстон аз иғвоангезию ғайбат худдорӣ намуда, сиру асрори наздиконатонро ба касе фош накунед.

 

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз ба ақидаҳои бемулоҳиза, нофаҳмӣ, фиребу хиёнат рӯ ба рӯ мегардед. Барои он ки аз нохушиҳо эмин монед, беҳтараш аз одамон дурӣ ҷӯед. Чизи дигаре, ки боиси руҳафтодагиятон мегардад, бад шудани муносибат бо ҳамсафари ҳаётиятон аст. Эҳсос мекунед, ки аз шумо чизи муҳимеро пинҳон мекунанд, вале ҳақиқатро фаҳмидан муяссаратон намегардад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз хеле заиф мегардеду зуком ё шамол кашиданатон осон аст. Бисёр хастагӣ эҳсос мекунед, барои ҳамин барои истироҳату хоб вақти бештар ҷудо кунед. Қобилияти кориятон паст мешавад. Агар шумо муҷаррад бошед, дар ҷашн ё маъракае бо нафари хеле аҷиб шинос мешавед. Дар тамоми масъалаҳо сарфакориро риоя намоед. 

Саратон (22 июн- 22 июл)

Нимаи аввали рӯз саратонҳо бо шахси дӯстдоштаашон забон ёфта наметавонанд. Ба назаратон чунин мерасад, ки гапу кореро аз шумо пинҳон мекунанд, дар рафтори ҷуфтатон самимиятро намебинед. Рашки шумо боиси ҷангу моҷарои нодаркор мешавад. Беҳтараш рашкро аз дил дур созед, зеро тахминҳои шумо  асос надоранд. Нимаи дуюми рӯз каме нотоб гаштанатон имкон дорад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст мезанед, қаблан бо волидон ё аъзоёни оила маслиҳат кунед, вагарна рафтори шумо боиси норизогии нафарони наздикатон мегардад. Чанд ҳодисаи дигари дар ин рӯз ба вуқуъомада боиси нофаҳмиҳои оилавӣ мегардад. Агар шумо оиладор бошед, ба садоқат доштани шахси дӯстдоштаатон шубҳа пайдо мекунед. Нимаи дуюми рӯз барои шиносоиҳо ва беҳбудии муносибатҳои ошиқона бобарор меояд.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Хабару маълумоти зиёдеро, ки дар ин рӯз мешунавед, қисмати зиёдаш бардурӯғ аст. Аз ҳамин лиҳоз саросема шуда, аз рӯйи далелҳои носанҷида сари қароре наоед. Хусусан ҳангоми робита бо ҳамсояву ҳамкорон боэҳтиёт бошед. Чизи дигаре, ки дар ин рӯз шумо бояд аз он эҳтиёт шавед, сафару нақлиёт аст. Агар нақлиёти шахсӣ дошта бошед, барои таъмир карданаш вақти зиёд сарф мекунед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Нафароне, ки ба қиморбозиву қартабозӣ майл доранд, беҳтараш имрӯз худро аз ин шуғлҳо дур бигиранд. Дар ин рӯз дар масъалаи маблағ бо шахси дӯстдоштаатон ва харидкунӣ суҳбат накунед, чунки ба як хулоса омаданатон душвор мегардад. Нимаи дуюми рӯз барои илмомӯзӣ ва сафарҳо бобарор меояд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Бояд хоҳишу мақсадҳоятонро бо андешаи наздикону волидон ё ҳамсафари ҳаётӣ муқоиса намоед, то ки дар хонадонатон нофаҳмӣ сар назанад. Ин маънои онро надорад, ки шумо бояд дар ҳама кор аз наздиконатон маслиҳату иҷозат пурсед, вале ба инобат нагирифтани андешаи онҳо низ нодуруст аст. Нимаи дуюми рӯз диққати худро барои рафъи мушкилиҳои пулӣ равона созед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ҳангоми амалӣ сохтани орзуву ниятҳоятон андаке нороҳатӣ эҳсос мекунед. Азбаски ба озодона амал кардан одат кардаед, маҳдудиятҳо метавонанд табъатонро нохуш гардонанд. Канораҷӯӣ ва мардумгурезӣ накунед, гӯшаи танҳоӣ нишастан ба ҳолати руҳиятон таъсири бад расонида, муҷиби бемор гаштанатон мегардад. Нофаҳмии дар ин давра байни атрофиёнатон пайдошуда боиси ҷанҷолу низоъ мегардад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Нимаи аввали рӯз муносибататон бо яке аз дӯстон бад мешавад. Агар дӯстиятонро аз даст додан нахоҳед, аз онҳо қарз нагиреду худатон низ қарз надиҳед. Маҳз мушкилоти молиявӣ боиси рахна пайдо кардани девори мустаҳками дӯстии шумо мегардад. Нимаи дуюми рӯз аз пайи рафъи мушкилоти равонӣ гардед. Агар дар дил аз чизе ҳаросу дигар намуди халалёбии асаб дошта бошед, мутолиаи китоб боиси беҳтар гаштани ҳолати руҳиятон мегардад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аз ҳодисаҳои пуризтиробе, ки аввали рӯз рух медиҳанд, руҳафтодаву зиқ нашавед. Нимаи дуюми рӯз вазъият ба куллӣ тағйир ёфта, дӯстону ҳамфикроне пайдо мешаванд, ки бо маслиҳатҳои судмандашон мушкилатонро осон мекунанд. Илова бар ин, қобилияти пешгӯӣ кардани воқеаҳоро пайдо карда, сари вақт аз нохушиҳо гурехта метавонед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Нафароне, ки бо илмомӯзӣ машғуланд, нимаи аввали рӯз дар супоридани имтиҳону санҷишҳо душворӣ мекашанд. Инчунин нафароне, ки корашон ба дари суду кормандони ҳифзи ҳуқуқ меафтад, дучори душвориҳо мегарданд. Нимаи дуюми рӯз барои нафароне, ки ҷойи корашонро иваз кардан мехоҳанд, мусоид меояд. Агар фарзанд дошта бошед, ба тарбияашон ҷиддӣ машғул шавед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД